Нашрияи Омӯзгор

Рамзи сулҳу ваҳдат

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 93        Шарҳ: 0

 

 

Истиқлолият сарвати арзишмандтарин барои кулли мардуми шарафманди кишвари азизамон маҳсуб меёбад. Дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ мардуми шарифи кишвар шоҳиди таҳаввулоти азиме гардиданд, ки дар таърихи ватандории мо, тоҷикон, беназир аст.

Истиқлолият рамзи сулҳу ваҳдат, оромию осудагии мардум буда, барои мо, миллати заҳматкашу соҳибфарҳанг, тамоми шароиту имконоти заруриро фароҳам овард, ки бе шакку шубҳа метавон гуфт, ки имрӯз кишвари азизу соҳибистиқлоли мо ба як давлати воҳиди ободу зебо ва пешрафта  мубаддал гардидааст.        

Бисту нуҳ сол муқаддам арзишмандтарин таҳаввулоти таърихии сарнавиштсози миллати тоҷик ба вуқӯъ пайваст ва дар таърихи 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изҳорот «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро эълон намуд. Дар асоси ин изҳорот Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсуси хешро «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расонид, ки кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола ин санаи муҳими таърихӣ, яъне 9 сентябр - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як фараҳмандию ободкорию созандагӣ таҷлил мегиранд.

Истиқлолият дар бунёди давлати навини тоҷикон чун рамзи асолату ҳувият, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳамчун шиносномаи воқеии Тоҷикистон барои кулли кишварҳо ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайваст намудани кишвар заминагузори асосӣ ба шумор меравад.

Дар даврони соҳибис-тиқлолии кишвари азизамон рукнҳои асосии давлатдории мустақил - Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлатии худро таҳти назорати доимӣ қарор додем. Дар ҳамин радиф, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш оид ба мафҳумҳои истиқлолияти давлатии кишвар ва дастовардҳои он ибрози андеша намуда, инчунин, таъкид менамоянд, ки: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсоӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Дар даврони Истиқлолияти давлатии кишавари маҳбубамон бунёди як қатор иншооти азим, корхонаҳою муассисаҳои таълимӣ ва роҳу нақбҳои душворгузар, аз ҷумла, неругоҳҳои обии барқӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар, имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шуда, кишвари моро ҳамчун як кишвари соҳибистиқлолу пешрафта эътироф менамоянд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони тамоми ҷаҳон гаштааст, ки албатта, боиси ифтихори ҳар яки мо, тоҷикистониён, аст.

 

Файзулло Исмонов,

директори Маркази рушди истеъдодҳои

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш