Нашрияи Омӯзгор

Биологияи кайҳонӣ

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 43        Шарҳ: 0

 

Дар байни илмҳои пешбари ҷаҳон биология мавқеи хос дошта, он ҳамчун илме, ки ҳаётро меомӯзад, маъруф аст. Ба таври маълум,  мавзӯи асосии таҳқиқи биология сохт ва фаъолияти мавҷудоти зинда, пайдоиш, паҳншавӣ, инкишоф ва алоқаи онҳо бо табиати ғайризинда  мебошад.

Чун тамоми илмҳо биология низ таърихи ташаккулу рушди худро дорад ва мунтазам такмил меёбад. Ин илм бо илмҳои дигар, ба мисли физикаю химия, риёзию ҷуғрофия, техникаю геология пайванди ҳамешагӣ дорад ва дар баробари истифода аз комёбиҳои илмҳои мазкур дар такомули онҳо нақш мегузорад. Дар байни мавзӯъҳои умдаи илми биология пайдоиши одам ва мавқеи ӯ дар табиат ҷойгоҳи махсус дорад. Умуман, илми биология ба рушди ҳаёти инсон ва фароҳамоварии зиндагии шоиста ба ӯ мусоидат  менамояд. Муҳаққиқони биология бар он назаранд, ки давраи хеле пурмаҳсули инкишофи ин илм ба нимаи дуюми асри  бист рост меояд. Дар ин давра кашфиёти зиёд дар биология ба вуқӯъ пайвастанд ва соҳаҳои тоза ба тозаи он арзи ҳастӣ карданду ривоҷ ёфтанд. Дар ин росто метавон аз соҳаҳои биокимиё, биофизика, ситология, гистология ва биологияи молекулавӣ ёдовар шуд. Яке аз соҳаҳои тозападиди илми биология, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҳар чӣ бештар ба худ ҷалб менамояд, биологияи кайҳонӣ мебошад. Ин соҳаи биология ҳаёти организмҳои заминиро дар шароити  фазои кайҳон ва ҳангоми парвоз дар киштии кайҳонӣ, ҳамчунин, системаҳои биологии таъмини ҳаётро дар киштиву пойгоҳҳои кайҳонӣ меомӯзад. Таҷрибаҳои аввалини биологӣ (генетикӣ) дар қабатҳои болоии атмосфера ва кайҳон бо истифода аз  кураҳои ҳавоӣ нимаи аввали асри бист дар собиқ ИҶШС ва дар ИМА ба вуқӯъ пайвастанд. Вазифаи асосии  биологияи  кайҳонӣ омӯзиши таъсири омилҳои парвози кайҳонӣ (маҳдудии ҳаракат, бевазнӣ, ҷудоии комил…) ва фазои кайҳонӣ (радиатсия, вакуум…) мебошад. Солҳои 1940-1950 дар ИҶШС ва ИМА аввалин парвозҳои саг, маймун, муш ва баъзе ҳайвоноти дигар тавассути ракетаҳо ба баландии то 500 км ташкил карда шуд. Ба ин васила имкони омода намудани шароити созгор барои зиндагии ҳайвонот дар ҳуҷраи ҳавогузари дастгоҳи парвозкунанда, дарёфти усулҳои беҳтарини парвоз, таъсири биологии афканишоти кайҳонӣ ва монанди инҳо омӯхта  шуданд. Парвози Лайка ном саг дар радифи маснӯи Замин ба давраи дуюми таҳқиқоти биологӣ дар парвозҳои кайҳонӣ оғоз бахшид. Ихтирои радифкиштиҳои кайҳонии ба Замин бозгашткунанда ба ибтидои даври сеюми таҳқиқоти биологӣ замина гузошт. Тавассути биологияи кайҳонӣ объект-ҳои биологии гуногун, чун микроорганизмҳо, ҳашарот, ширхӯрҳо, тухмиҳо дар шароити кайҳон омӯхта шуданд. Дар ин замина ва умуман, дар асоси таҳқиқоти биологӣ тавассути фаъолияти киштиҳои баландпарвоз, балластикӣ, радифҳои маснӯи Замин, радифкиштиҳои кайҳонӣ… муқаррар гашт, ки одам дар шароити парвози кайҳонии дурудароз кору зиндагӣ карда метавонад.  Ҳамин тавр, парвози инсон ба кайҳон шурӯъ ёфт ва кайҳоннавардони ИҶШС 56 намуди микроорганизмҳоро дар кайҳон (америкоиҳо 36 намудро) таҳқиқ намуданд. Инро ҳам таъкид бояд бикунем, ки яке аз мавзӯъҳои  асосии мавриди омӯзиши биологияи кайҳонӣ тибби кайҳонӣ мебошад. Ба ин васила олимон ҷараёни ҳаёт ва фаъолияти инсонро дар шароити кайҳон меомӯзанд.

Дар бораи биологияи  кайҳонӣ ба шогирдон маълумот додан хеле  муфид мебошад ва боиси васеъ гаштани доираи донишҳои онҳо оид ба илми биология мешавад.

Манзура Муҳаммадиева,

омӯзгори биологияи мактаби №138 ба номи Абӯрайҳон Берунӣ,

шаҳри Ваҳдат 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш