Нашрияи Омӯзгор

Нақли хаттӣ - замина барои иншонависӣ

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 63        Шарҳ: 0

 

Дар ҷараёни  таълиму тарбия дар мактабҳо ҳангоми дарсҳои забони модарӣ корҳои хаттӣ аҳамияти махсус доранд. Дар синфҳои ибтидоӣ хонандагон ба навиштани корҳои хаттӣ ҷалб карда мешаванд ва барои ин омӯзгорон аз  воситаҳои гуногун истифода менамоянд. Яке аз намудҳои маъруфи корҳои хаттӣ дар дарсҳои  забони модарӣ нақли хаттӣ мебошад.

Нақли хаттӣ аз он ҷиҳат аҳамиятнок маҳсуб меёбад, ки захираи луғавии хонандагонро такмил мебахшад, идроку диққаташонро афзун месозад, шавқи эҷодашонро бештар мекунад, таваҷҷуҳашонро ба сухан, ба ҷумлаороӣ ҷалб менамояд, ҳусни хаташонро сайқал мебахшад, хотираашонро ба таҳрик меоварад, нерумандтар мекунад. Ҳамчунин, нақли хаттӣ муҳимтарин воситаи инкишофи нутқи мураттаби  шогирдон эътироф гардидааст.

Албатта, омода намудани хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ ба навиштани нақли хаттӣ чанд марҳиларо дар бар мегирад. Нахуст онҳоро бояд бо шарту қоидаи навиштани ин намуди корҳои хаттӣ ошно бояд кард. Аз ҷумла, таъкид бояд намуд, ки ҳангоми навиштани нақли хаттӣ ба ёд гирифтани мазмуни матн, калимаҳои асосӣ ва тартиби нақл аз омилҳои муҳим мебошад. Ҳангоми нақли муаллим бояд хеле бодиққат буд. Педагогҳои варзида тавзеҳ додаанд, ки бо мақсади омодасозии шогирдон ба навиштани нақли хаттӣ нахуст матнеро хонда, мазмунашро ба онҳо нақл бояд кард. Пасон дар тахтаи синф мувофиқи муҳтавои  матни мазкур навиштани саволу ҷавоб манфиатовар хоҳад буд. Хонандагон аз  тахтаи синф ин саволу ҷавобро рӯйнавис мекунанд.

Дар мавриди дуюм омӯзгор матни муайянро мехонад, мазмунашро ба ҳамон шакли саволу ҷавоб дар тахтаи синф менависад. Хонандагон бодиққат ва дар доираи вақти муайян бо навиштаҳо дар тахтаи синф  ошно мешаванд, нуктаҳои асосияшро ба хотир мегиранд. Баъд аз ин омӯзгор навиштаҳои тахтаи синфро (ҷавобҳоро) пок мекунад. Хонандагон ба саволҳо нигариста, дар дафтарҳои фаннӣ ҷавобҳо менависанд. Ҳамин гуна,  шогирдон дар синфҳои ибтидоӣ ба навиштани кори хаттӣ тадриҷан омода мешаванд.

Чун марҳилаи омодагии шогирдон анҷом ёфт (дар синфҳои 1-2), минбаъд навиштани нақли хаттӣ шакли хосу анъанавии худро мегирад. Яъне омӯзгор матнро мехонад, нақл мекунад, баъзе нуктаҳо ва калимаҳои мураккабро шарҳ медиҳад ва хонандагонро ба навиштан ҳидоят месозад. Маъмулан, омӯзгор дар якҷоягӣ бо хонандагон нақшаи нақли хаттиро аввал дар асоси саволу ҷавоб шифоҳӣ тартиб медиҳанд ва баъдан ин нақша дар тахтаи синф навишта мешаваду раҳнамои  аҳли синф мегардад. Иҷозат дода мешавад, ки хонандагони хоҳишманд дар нақшаи нақли хаттии худ тағйирот ворид созанд ва ё комил мувофиқи хоҳишу фаҳмишашон таҳия намоянд. Омӯзгор ба ҷараёни навишти шогирдон назорат мекунад. Албатта, нақли хаттӣ дар синфҳои ибтидоӣ дар заминаи матнҳои кӯтоҳ ва дорои мазмуни саҳеҳу фаҳмо баргузор карда мешавад.

Бояд гуфт, ки навиштани нақли хаттӣ фаъолияти муҳим буда, хонандагонро барои дар оянда навиштани эссе ва иншо (аз ҷумла, иншои озод) омода менамояд.

 

Анора Раҷабова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №11-и ноҳияи

Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш