Нашрияи Омӯзгор

Шароити таҳсил муҳим аст

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 75        Шарҳ: 0

 

Омӯзгор кӯдакону наврасонро бо роҳи рост ҳидоят менамояд.

Вазифаи асосии омӯзгор тарбия намудани  наслҳои ба ҷамъият зарур, одами ҳаматарафа инкишофёфта, дорои ахлоқи ҳамида ва соҳиби маънавиёти баланду шоиста, ватандӯст, росткору ростгӯ, масъулиятшинос ва ҷисман инкишофёфтаву солим мебошад.

Тақдири ҳаёти ҷамъият, ояндаи боз ҳам дурахшонтари он ба насли наврас сахт марбут аст.

Омӯзгорон  вазифадоранд, ки шаклҳои нави таълиму тарбия, усулҳои сифатан беҳтари таъсиррасонро  ба шуури хонандагон баҳри инкишофи дуруст ва ҳаматарафаи онҳо истифода баранд.

Замоне фаро расида, ки волидон бояд бештар масъулиятшинос бошанд, бо мактабҳо ва омӯзгорон пайваста ҳамкорӣ намоянд, аз кору фаъолияти  кӯдакони хеш, аз рафтору кирдори онҳо мудом бохабар бошанд ва бо омӯзгорон якҷоя кор баранд.

Дар ин ҷода қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иқдоми муҳиму бамаврид мебошад.

Бар асари заҳматҳои омӯзгорон боғи маърифат бор оварда, ҷаҳони маънавии наврасону ҷавонон ғанӣ мегардад, ҷомеа рушду камол меёбад.

Барои инкишофи дурусту ҳаматарафаи кӯдак, аз ҷумла, шароити хуби экологӣ фароҳам овардан лозим аст.

Мутассифона,  имрӯзҳо шумораи хонандагон дар як синфхонае, ки ҳамагӣ 35 м2 дорад, то 40 нафар мерасад, ки дар ин ҳолат ба онҳо ба миқдори зарурӣ ҳаво ва гази оксиген (О2) таъмин намешавад.

Дар ин ҳолат системаи мағзи сари кӯдак фишор меёбад ва қобилияти азхудкунияш паст мешавад.

Аз меъёр зиёд будани хонандагон дар синф сифати таҳсилро коҳиш медиҳад. 35-45 дақиқа вақт барои такмил додани маҳорату малакаи теъдоди зиёди хонандагон вобаста ба мавзӯе ҳаргиз кофӣ нест.

Бовар дорем, ки ин мушкилӣ дар таълимгоҳҳои кишвар тадриҷан аз байн меравад.

Адолат  Алимова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

муассисаи №48-и

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш