Нашрияи Омӯзгор

Мактаби нав бунёд ёфт

Сана: 2020-08-26        Дида шуд: 57        Шарҳ: 0

 

Ҳеч аз ёдам намеравад, ки 15 сол пеш дар шаҳраки навбунёди Саразм барои мардуми аз офати табиӣ зарардидаи  Ҷамоати деҳоти Шинг як мактаб бо 10 синфхона ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат карда, чунин гуфта буданд: «Хонед, бунёд кунед, Ватанро обод намоед!».

Бояд зикр кунам, ки он шабу рӯз ҳамагӣ 180 хоҷагӣ дар ин мавзеъ маскун шуда буданд. Ҳоло ин теъдод беш аз 700 хоҷагиро ташкил медиҳад.

Дар ибтидои соли таҳсили 2005 ҷамъи хонандагони таълимгоҳ 320 нафарро ташкил медод. Мактаб барои 240 хонанда пешбинӣ шуда буд. Ҳоло аз синфи якум сар карда, ҳамаи синфҳо чортоӣ ва синфҳои болоӣ сетоӣ шудаанд. Илова бар ин, ба мактаби шаҳраки Саразм аз деҳаҳои гирду атроф қариб 200 хонанда меоянд. Соли гузашта шумораи хонандагони мактаб 810 нафарро ташкил медоду таҳсил дар 10 синфхона дар 3 баст ҷараён мегирифт. Зарурати сохтани мактаби нави замонавӣ ба миён омада буд.

Муддате  пеш дар доираи таҷлили  5500-солагии Саразми бостонӣ ба сохтани мактаби нав дар шаҳраки Саразм (чун як объекти ҷашнӣ) шурӯъ намуда буданд. Хушбахтона, имрӯзҳо таълимгоҳи нав омодаи қабули хонандагону омӯзгорон аст. Бинои мактаби нав сеошёна буда, дорои 24 синфхона, кабинетҳои фаннӣ, толори варзишӣ, маҷмӯаи мукаммали гармидиҳии марказӣ мебошад. Мактаб барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Дар рӯзҳои ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ бинои нави дабистон расман ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. 

Мо, сокинони шаҳраки Саразм, хонандагон, омӯзгорон ба ҳамаи касоне, ки дар кори бунёди мактаби №72 саҳм гузоштаанд, миннатдории самимӣ баён мекунем.

Эсанқул Холмуродов,

омӯзгори мактаби №72-и шаҳраки

Саразми шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш