Нашрияи Омӯзгор

Ҷӯяндаву заҳматкаш

Сана: 2020-08-27        Дида шуд: 38        Шарҳ: 0

 

Раҳим Қобилов омӯзгорест варзида ва заковатманду фозил. Кору фаъолияти устод пур аз сафҳаҳои хотирмон ва омӯзанда аст. Ҳастии хеш, умри хешро ба таълиму тарбияи фарзандони диёраш сарф намудааст.

Баъди хатми донишгоҳ ӯро ба шуъбаи фолклоршиносии Академияи фанҳои ҷумҳурӣ ва рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ба кор таклиф намуданд. Устодаш, профессор Фарҳод Зикриёев ӯро ба ҳайси омӯзгори кафедраи навташкили байнифакултавии забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ ба кор гирифт. Сабаби дастгирии устод рағбати зиёд доштани шогирд ба илм, ба омӯзиш, эҷодкорӣ ва ташкилотчигӣ гардида буд. Мутахассиси ҷавон ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва такопӯ буд. Лек дар ин даргоҳи илму маърифат вай дер наистод…

Боре рӯзи истироҳат ба зодгоҳ омаду манзараи дидааш: падари пиронсол, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюби гурӯҳи дуюм ва модари мушфиқи соҳиби даҳ фарзанд ҳарду кор мекарданд. Вақте дид, ки падар аз поён дарзаҳои алафро бо панҷшоха ба болои бом мепартофту модар дар боло онро таҳ мезад, ҳаёташро ба куллӣ тағйир дод. Баъди салому алайк ва аҳволпурсӣ аввал модарро аз болои бом поён фаровард. Ба кор шурӯъ намуд. Даҳ - дувоздаҳ банд алафро бо панҷшоха ба боло ҳаво медоду сипас баромада таҳ мезад ва ҳамин тавр, ба доду войи модар гӯш накарда, корро ба анҷом расонид.

Баъди сари дастурхон нишастан изҳор кард, ки дигар шаҳр намеравад.

–Чаро?- баробар пурсиданд волидон. - Барои ман шумоён заруред! Маро барои он калон намудед, ки дар пиронсолӣ худ кор кунед. Ман бояд дастгиру мададгори шумо бошам. Бинобар ҳамин, дар деҳа мемонам ва ҳамин ҷо кор мекунам. Он вақт як бародараш баъди садамаи нақлиётӣ маъюб гашта, корношоям буду дигаре дар хизмати Ватан, додари аз ҳама хурдӣ дар синфи 3-юм мехонд. Ҳамин ҳодиса сабаб гардиду ба зодгоҳ баргашт.

   Оғози фаъолияташ дар деҳа аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 шурӯъ гашт. Нағз медонист, ки барои омӯзгори хуб шудан донишу маърифати баланд кифоя нест. Маҳорати хуби омӯзгорӣ доштану ташкилотчии хуб будан лозим аст. Бар замми ин, меҳнатдӯст, ватандӯст, худогоҳ будан ва пеш аз ҳама шогирдонро дӯст дошта, дар дилу дидаи онҳо ҷо гирифтан лозим. Аз рӯзҳои аввал бо шогирдон самимона муносибат намуда, дунёи фарохи забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷикро ба онҳо талқин кард. Дар як муддати кӯтоҳ шавқу завқи шогирдонро нисбат ба адабиёт бедор сохта, гузаронидани шабҳои саволу ҷавоб, маҳфили зарифон, ҳар гуна озмунҳоро ҷорӣ намуд. Аз ҳамон давраҳо то ба ҳол устод Р.Қобилов дар баробари амиқ ва равшан омӯзонидани мавзӯъҳо ба ҷанбаи тарбиявии дарсҳояш диққати махсус медиҳад.

Панҷ сол дар дабистони рақами 11 ва аз соли 1994 то ба ҳол дар мактаби рақами 40, ба номи Пӯлод Ниёзов фаъолияти омӯзгории худро давом дода истодааст.

Р.Қобилов яке аз ширкаткунандагони фаъоли хонишҳои педагогӣ буда, дар ноҳия ва вилоят борҳо бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво андешаронӣ намудааст. Соли 1994 дар озмуни «Муаллими сол» иштирок намуда, дар ноҳия ғолибият ба даст оварда буд. Аз сабаби душвории молиявӣ (он солҳо бе маош кор карда буд) дар озмуни вилоятӣ иштирок карда натавонист.

Аз соли аввали кор узви ҳакамони озмунҳои ноҳиявӣ ва узви  комиссияи довталабони медалҳои тилло дар ноҳия буда, борҳо таҷрибаи пешқадами ӯ дар байни омӯзгорони ноҳия тарғиб гардидааст. 22 нафар шогирдаш дабистонро бо медалҳои тиллову нуқра ба итмом расонидаанд. Онҳо ҳамеша дар озмунҳо ғолибият ба даст меоранд.

Устод Р. Қобилов чанд муддат вазифаи муовини директор оид ба синфҳои ибтидоиро низ ба дӯш дошт, яъне муаллими муаллимони зинаи аввали таълим буд.

Вай ҳамчун омӯзгор ва ҳам рӯзноманигор дар инъикоси фаъолияти омӯзгорон ҳиссагузорӣ менамояд. Навиштаҳояш пайваста дар нашрияҳо рӯи чоп меоянд.

Ҳамеша дар омӯзиш, ҳамеша дар ҷустуҷӯ, ҳамеша дар пайи эҷод аст. Се китобаш бо унвонҳои «Саду як муаммо», «Сабақмайдон» ва «Сафобахшандаи ҳаёт» дастраси хонандагон гардида, дар ғанӣ сохтани дунёи маънавии онҳо ёрӣ мерасонанд.

Хизматҳои бенуқсони омӯзгор борҳо бо ифтихорномаю мукофотҳои муассиса, ноҳия, вилоят ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд. Соли 2014 бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.

Агар дар хонавода меҳру эҳтиром набошад, зиндагӣ ҷилои тоза пайдо намекунад. Муҳаббат фазои оиларо покиза ва беғубор нигоҳ медорад. Ҳурмату эҳтиром ҳамдигарфаҳмиро ба вуҷуд меорад ва заминаи устувори хонавода гардида, ба фарзандон таъсири мусбат мерасонад. Оилаи Раҳим Қобилов яке аз беҳтаринҳо дар деҳа ва ноҳия мебошад.

Ҳамсараш Розиямо Ҷамолиддинова омӯзгори синфҳои ибтидоии гимназияи рақами 5, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зиёда аз 30 соли ҳаёташро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст.

 

Акмал Киромиддинов,   

мутахассиси шуъбаи

маорифи  ноҳияи Ашт     


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш