Нашрияи Омӯзгор

Оё медонед, ки…

Сана: 2020-08-27        Дида шуд: 47        Шарҳ: 0

 

Дар Австралия Коала ном хирс зиндагӣ мекунад, ки ҳеҷ гоҳ об  наменӯшад. Хӯроки асосии Коала барги дарахти эвкалипт аст, бинобар ин, шираи он ҷои обро мегирад.

***

Дар 1 га замин то 4,5 млн кирми лойхӯрак зиндагӣ мекунад. Онҳо дар як шабонарӯз то 250 кг хокро аз рӯдаашон мегузаронанд.

***

Як шуллуки тиббӣ дар як вақт то 50 грамм хунро мемакад, ки ин миқдор ғизо барои 0,5 сол зиндагӣ кардани вай кифоя аст.

***

Вазни харчанги баҳрӣ (омар) то 25 кг мешавад.

***

Каждумҳо асосан шабона фаъоланд.

 

Бордоршавии баъзе аз ҳайвонҳо аҷиб аст, махсусан, ғундаҳо. Ғундаи модина баъди бордор шуданаш ғундаи наринаро мехӯрад.

***

Заҳрнокии ғундаи модина нисбат ба ғундаи нарина 160  маротиба зиёдтар мебошад.

***

Канаҳо пӯсти инсон ё ҳайвонро хоида, роҳ кушода ба даруни пӯст медароянд ва дар он ҷо зиндагонӣ мекунанд.

***

Канаҳо то 6 сол бе хӯрок зиндагӣ карда метавонанд.

***

Таъсири заҳри қароқут ба организми зинда аз заҳри мор 15 маротиба зиёдтар мебошад.

Таҳияи Толиб Давлатов,

омӯзгори биологияи  мактаби

№35, шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш