Нашрияи Омӯзгор

Нури истиқлол зулматро дарад

Сана: 2020-08-27        Дида шуд: 80        Шарҳ: 0

 

«Баъзеҳо чунин мепиндоранд, ки ба мавзӯи бузург даст задан ҳамон худ низ бузург мешаванд. Вале чизи аз ҳама бузург аз ҳама одӣ мешавад. Шояд ки дар қатраи борон селе хуфтааст». Ин иқтибос аз асари машҳури  «Доғистони ман»-и Расул Ғамзатов аст ва ба нақши мавзӯъ дар эҷодиёти адиб дахл дорад. Маълум, ки барои ҳар қаламкаш интихоб ё дарёфти мавзӯъ хеле муҳим буда, то ҷое дар барору нобарориҳои ӯ нақшгузор мешавад. Боз ҳам дар асари мазкури адиби доғистонӣ омада: «Нагӯй, ки  ба ман мавзӯъ диҳед, бигӯй, ки ба ман чашм диҳед».

Дар адабиёт доираи мавзӯъҳо басо бавусъат аст ва ҳар эҷодкор метавонад ба чандин мавзӯъ даст зада, эҷодиёташро рангину муҳтавоманд бинамояд. Иддае аз адибон мавзӯи писандидаи хешро доранд ва тамоми умр ба он содиқ мемонанд. Бархе ба мавзӯъҳои мухталиф даст зананд ҳам, чеҳраи эҷодашонро маҳз ин ё он мавзӯи махсус равшангар аст.  Аз ин боб метавон аз адабиёти ғановатмандамон мисолҳои фаровоне овард.

Мавзӯъ аслан аз лиҳози моҳият наву куҳна намешавад. Адиби соҳибзавқу мушоҳидакору амиқбин метавонад дар ҳар мавзӯе сухане тозаву шуниданӣ ва дилрас бигӯяд. Ин ҳолатро  метавон дар эҷодиёти зумрае аз шоирони хушсалиқа ба мушоҳида гирифт, ки Низомиддин Давлатзода аз ҷумлаи онҳост. Ин шоири маъниҷӯ ғолибан ба мавзӯъҳое даст мезанаду шеър эҷод мекунад, ки муҳри «маъмулию умумӣ» гирифтаанд. Мавзӯъҳои зебоиситоӣ, ватанпарастӣ, тавсифи ишқу муҳаббат  ва модар дар ҳамин силк  ҷойгузинанд. Аслан ин мавзӯъҳои ҷовидонии адабиётанд, куҳнанашавандаанд. Ин чӣ гуна эҷодкоре хоҳад буд, ки дар бораи Ватан, модар, ишқу зебоӣ чизе нанависад?! Ин гуна эҷодкор монои раҳнавардест, ки кӯлбораш ҳама чиз дорад, вале нон надорад!

Дар мавзӯи анъанавӣ шеъри сара гуфтани шоир далели соҳибистеъдод будани ӯст. Китоби «Пойандози Наврӯз»-и Низомиддин Давлатзода (Душанбе, 2017, 50 саҳ.) бо шеъри маснависохти «Нури истиқлол» оғоз пазируфтааст, ки ибтикорест дилпазир. Дар мавзӯи истиқлол дар дарозои наздик ба сӣ соли соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон силсилаи бардавоми  шеърҳо гуфта шудаанду китобҳои зиёде (маҷмӯаи  ашъор) ба табъ расидаанд.  Ва минбаъд низ ин мавзӯъ аз мавзӯъҳои меҳварии  адибони  ватанпарвари мо хоҳад монд.

Низомиддин Давлатзода кӯшидааст, ки дар ин  мавзӯи густаришёфта ҳарфу каломи вежаи худро гӯяд ва  эҳсоси гарми дилашро нисбат ба истиқлоли Ватан самимона ба қалам  диҳад:

Ахтаристон аст гардуни Ватан,

Ҷӯш дорад дар бадан хуни Ватан…

Шамъи ақли мост то партавфикан,

Нур борад аз саропои Ватан…

Нури истиқлол зулматро дарад,

Нури истиқлол ваҳдат офарад.

Аз сари инсоф бояд гуфт, ки шеъри «Нури истиқлол»-и Низомиддин Давлатзодаро бо равонию  самимияту муассирию меҳрбунёдиаш метавон дар радифи ашъори хуби шоирони тоҷик дар мавзӯи истиқлол ҷой дод.

Бо ҳамин шева метавон перомуни шеъри «Қасидаи модар»-и шоир қазоватгарӣ кард. Дар ин шеър меҳру муҳаббат бо дарду ҳасрат даромехтаву сухани эҷодгарро хеле таъсирбахшу нақшгузор кардааст. Бо қироати «Қасидаи модар» пеши назари хонанда шахсе равшан падид меояд, ки аз дарди даргузашти модари ба ҷон баробар ба ғаму андуҳ печидааст ва бо ҳасрат сухан мегӯяду ёди модар мекунад, аз сифатҳои ҳамидаи ӯ зери лаб ҳарф мегӯяд.

Модар, ту бо баҳор баробар наомадӣ,

Омад баҳор бар сару дигар  наомадӣ…

Бовар ба ҷовидонагиат доштам,

дареғ,

Як раҳ барои хотири бовар наомадӣ…

Бемодарӣ ғамест, ки бар гӯр мебарам,

Мурдам дар орзуи ту, модар, наомадӣ.

Китоби «Пойандози Наврӯз»-и Низомиддин Давлатзода ҳаҷман хурд аст, валек бо муҳтавою мундариҷааш метавонад марому мақому шеваи эҷоду сабки хоси шоирро дар арсаи адабиёт ба таври шоиста инъикосгар бошад. Ин китоб далел бар он аст, ки Н.Давлатзода шоири камгӯю санҷидагӯй аст, дар назм ба самимияту равонии шеър арҷ мегузорад, мекӯшад, ки суханаш хушк набошад,  бамағз бошад, ба дили хонанда бирасад, корагар шавад. Ҳамчунин, китоби мазкур собит месозад, ки ин қаламкаши хушназар ба жанрҳои гуногуни адабиёт-маснавию ғазал,  мухаммасу рубоию дубайтӣ таваҷҷуҳманд асту дар ин жанрҳо ашъори хуб мегӯяд. Садоқат ва муҳаббат ба расму оин ва анънаҳои ниёгон, ситоиши абармардони миллат аз махсусиятҳои дигари эҷодиёти Низомиддин Давлатзода аст. Ба масал, дар ду шеър шоир аз Одамушшуаро Рӯдакӣ ёд карда, бо ифтихор ҳарф мезанад, ки миллати моро чунин тавоношоири балеғсухан насиб  гашта, ки аз зарби каломаш «гунбади чарх пурсадост».

Бубинед, ҳамин як байт аз шеъри «Мерос» то ба чӣ ҳад аз ифтихор  ва аз эътиқоду эҳтиром саршор аст:

Чун Рӯдакист зодаи ин хоки нозанин,

Бояд намонд бар сари ин хок ҷуз ҷабин.

Ин ду байти дигар, ки иқтибос аз «Шоҳи мулки сухан»-и шоир аст, боз ҳам таъкид бар он мекунад, ки Низомиддин Давлатзода мафтуну дилдодаи ниёгони вологуҳари хеш аст, ононе, ки олами суханро мусаххар сохтаанд.

Мулки сухан мусаххари устод

Рӯдакист,

Ҳастии мо зи дафтари устод

Рӯдакист…

Ҳар ҷо ки шоирест, аз ӯ вом кардааст,

Султони назм чокари устод Рӯдакист.

То куҷо дар жанрҳои дигар, аз ҷумла, дубайтӣ ба комёбӣ даст ёфтани шоирро ду дубайтии зер, ки ба ҳукми «мушт намунаи хирвор» оварда мешавад, барои хонандагон муарриф хоҳанд буд:

Касе фикри касе дорад? Надорад!

Касе қадри хасе дорад? Надорад!

Яке аз муддаиёни сухангӯ

Каломи дилрасе дорад? Надорад!

***

Ба кӣ гӯям ғаму дарду аламро?

Куҷо холӣ кунам оҳи диламро?

Худоё, мезанад дил бар танам мушт,

Хамегӯяд: «Дигар кун манзиламро!»

Низомиддин Давлатзода аз солҳои ҳаштодуми садаи гузашта ба эҷоди шеъру  ҳикоя машғул асту ифтихори муаллифии  беш аз даҳ китобро дорад. Бо драмааш «Доми  марг» дар озмуни ҷумҳуриявии драмнависон сазовори ҷои аввал гардидааст.

Ба он боварем, ки ин эҷодкори заҳматкаш минбаъд низ барои ҳаводорони каломи бадеъ ашъори диловезу маънирез пешкаш хоҳад кард.

 

Абдурауф Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш