Нашрияи Омӯзгор

Сурхрӯ дар дидаи мардум

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 92        Шарҳ: 0

 

Деҳа. Дунёи пур аз такопӯву давиданҳо. Ӯ ҳар субҳи содиқ бо дили саршор аз муҳаббат кӯчаву тангкӯчаҳои деҳаро тай намуда, ба сӯи мактаб мешитофт. Раҳораҳ аз ҳолу аҳволи пиру барнои деҳа бо ҳисси эҳтиром пурсон мешуд.

...Вақте омӯзишгоҳро хатм намуд, ӯро ба ин деҳа ҳамчун арӯс оварданд.

Ҳанифа Шарифова муаллимаи география буда, дар мактаби №56-и деҳаи Сӯфиёни шаҳри Панҷакент фаъолият дорад.  Ӯ хатмкардаи омӯзишгоҳи педагогӣ ва Донишгоҳи  омӯзгории шаҳри Панҷакент аст ва фаъолияти омӯзгориашро соли 1984  дар мактаби мазкур оғоз бахшидааст. Чун бонуи донишманду равшанзамир 38 соли  умрашро ба таълиму тарбияи насли наврас сарф намудааст.  Доимо аз пайи ҷустуҷӯйи усулҳои нави таълим буда, мекӯшад ҳар як дарсашро бо маҳорати баланди педагогӣ баргузор намояд. Хонандагони мактаб дарси георграфияро бо як дилгармӣ интизорӣ мекашиданд, зеро муаллима дарсҳояшро бо асбобу васоити аёнӣ ва ба тарзи сода мегузашт ва дар дили хонандагон меҳри ин фанро ҷой менамуд. Маҳз самараи меҳнати бардавоми омӯзгор буд, ки шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат меварзиданд ва соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегардиданд.

-Бо шарофати муаллима география бароям фанни шавқовар гардид. Дар баробари таълими омӯзиши мавзӯъҳо муаллима ба мо дарси инсонпарварӣ, худшиносӣ, меҳандӯстӣ ва поктинатиро меомӯхтанд, -иброз медорад Ҷамшед Зиёев, шогирди  муаллима.

Фаъолияти хуби муаллима Ҳанифа Шарифоваро ба назар гирифта, ӯро соли 2013  сарвари мактаби мазкур таъйин карданд.

Аз рӯзи аввал мехост барои омӯзгорону толибилмон шароити хуб муҳайё намояд. Бинои мактаби деҳа бисёр фарсуда буда, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Ӯ доимо орзу мекард, ки фарзандони аҳли деҳ бояд дар мактаби замонавӣ таълиму тарбия гиранд. Тасмим гирифт, ки аз пайи сохтани мактаби нав мешавад. Бо ин мақсад ба дари мақомоти дахлдор рафта, шахсони масъулро аз ҳолати мактаби  №56-и деҳаи Сӯфиён огоҳ намуд. Билохира, орзуи деринтизори муаллима ҷомаи амал пӯшид ва ӯ ба нияти неки хеш расид. Дар деҳаи Сӯфиён мактаби наву замонавие қомат афрохт, ки тамоми шароити таълим барои хонандагону муаллимон дар он фароҳам оварда шуда буд. Хурсандии аҳли деҳаро ҳадду канор набуд. Пирони деҳ дуои хайраш медоданду хурду калон аҳсанаш мегуфтанд, ки маҳз бо талошҳои ӯ имрӯз фарзандони деҳа дар мактаби замонавӣ сабақ мегиранд.

-Тамоми хонандагони мактаб бароям мисли шаш фарзандам азизанд. Ҳамеша мекӯшам, ки ояндаашон дурахшон бошаду баҳри миллат нафърасон гарданд, -мегӯяд Ҳанифа Шарифова.

Ҳанифа Шарифова, зани меҳрубон, кадбонуи хонадон, модари мушфиқи фарзандон аст. Зебоӣ ва зебоӣ офариданро дӯст медорад. Ҳавлии ӯ гулзореро мемонад. Худи муаллима офаридгору роздону розшунави ин зебоиҳост. Нигоҳубини гулҳо барояш хушоянд асту хастагияшро рафъ месозад.

Дар рӯзҳои истироҳат ӯ бо шавҳараш, ки ба кори деҳқонӣ шуғл дорад, кумак менамояд. Боғи мактаби деҳаро ниҳолҳо ва гулҳои парваридаи муаллима зебову таровати дигар мебахшанд.

Соли 2012 ӯро вакили мардумии Ҷамоати деҳоти Сӯҷина интихоб намуданд. Дар ин мақом низ муаллима барои беҳбудии шароити зисти мардум корҳои назаррасеро ба сомон расонид.

Санавбар НИЗОМОВА,

номзади илмҳои филологӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш