Нашрияи Омӯзгор

Сарнавишти талх

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 78        Шарҳ: 0

 

Оилаи Маҳкамовҳо дар яке аз кӯчаҳои шаҳр истиқомат мекарданд. Сардори оила Соробибӣ, писараш Акрам, келинаш Санам, набераҳояш Сабрина ва Аброрҷон буданд. Писари Соробибӣ Акрам чандин сол ронандаи автобуси шаҳрӣ буд. Ҳоло ба сабаби шароити танги рӯзгор дар яке аз шаҳрҳои Русия ронанда аст. Ҳамсараш Санамро Акрам дар як истгоҳҳои шаҳр вохӯрда, ба ӯ дил мебандад ва изҳори муҳаббат мекунад.

Баъди якчанд моҳ тӯи Санам ва Акрам баргузор гардид. Санам дар яке аз корхонаҳои дӯзандагии маҳалла дӯзанда буд. Аз байн 1 сол гузашт ва онҳо соҳиби духтарчаи зебо - Сабрина гардиданд. Арӯси ҷавон хушдоманашро ҳурмату эҳтиром мекард. Акрам ин меҳрубониҳоро дида, хеле хурсанд мешуд. Аз байн 7 сол гузашт ва онҳо боз соҳиби писараки дӯстрӯяк - Аброрҷон гаштанд. Аброрҷон бо нуқси ҷисмонӣ ба дунё омад,  пойҳояш кор намекард. Вақте ки Соробибӣ ин хабарро шунид, якуякбора фишори хунаш баланд шуда, чашмонаш оҷиз гардиданд. Аброрҷонро ҷое намонд, ки набурда бошанд.  Ҳар сол дар беморхона табобат мегирифт, аммо ҳеҷ дигаргунӣ дар ҷисми ӯ ба чашм намерасид.

Аз байн 8 сол гузашт. Тӯли чандин сол ғаму андуҳ ин оиларо ёр буд. Падару модар ва бибии нобино дар орзуи қадамгузории Аброрҷон буданд. Яке аз табибони машҳури шаҳр падару модарро умедвор кард, ки агар ҷарроҳии сутунмуҳра гузаронида шавад, умед ҳаст, ки Аброрҷон роҳ гардад. Барои ҷарроҳӣ маблағи зиёд лозим буд. Аммо Акрам ин қадар маблағ надошт. Ӯ аҳд кард, ки ба Русия рафта, баъди 2 - 3 моҳ ин маблағро мефиристад. Бо ин умеду орзуҳо ӯ бо Русия сафар кард. Аммо танҳо баъд аз 3 моҳ соҳиби кор гардид. Санам, ки баъди таваллуди Аброрҷон корро тарк карда буд, маҷбур шуд, ки боз ба ягон ҷо ба кор дарояд ва зиндагиро пеш барад. Ҳамсоязан Санамро ба яке аз ошхонаҳои пойтахт ба кор бурд. Ӯ фаррош шуда кор мекард. Санам аз пагоҳӣ то бегоҳӣ дар ошхона кор мекард ва бегоҳӣ ба ӯ хӯрокҳои аз фурӯшмондаро медоданд, то ки фарзандонаш гурусна намонанд.

Яке аз рӯзҳои тирамоҳ. Санам дар кор буд, хушдоман дар хона, дар ҷойгаҳ мехобид. Духтурон Аброрҷонро ба ҷарроҳии дуюм тайёр карда буданд, агар ин ҷарроҳӣ гузаронида нашавад, ӯро марг интизор аст. Ба наздикӣ падараш Акрамҷон 500 доллари амрикоӣ фиристода буд ва имрӯз бояд духтурон ҷарроҳиро оғоз кунанд. Ҳар гоҳе ки модар ба назди Аброрҷон мерафт, ӯ аз падар пурсон мешуд, ки кай падараш меояд ва оё баъди ҷарроҳи ӯ қадам зада метавонад ё на...

Сабрина каме дигаргун гашта буд. Ӯ бо яке аз ҳамсинфонаш, ки бисёр духтари сабукпо буд, дӯстӣ пайдо карда, гоҳо аз дарс мегурехт, бисёр дер ба хона бармегашт. Чанд маротиба, ки муаллим модари ӯро ба мактаб даъват мекард, модар рафта наметавонист, чун вақт надошт. Дар ҳақиқат, ҳоли зори Санамро фаҳмидан мумкин буд. Санам чандин бор бо Сабрина суҳбат кард ва таъкид сохт, ки агар ҷарроҳии додарат хуб гузарад, албатта, ба назди муаллимат меравам. Сабрина саросемавор ба хона даромад ва бо нӯги по то назди тахти кӯрпаҳо рафта, аз он ҷо чизеро гирифт ва ба сумкааш андохт. Соробибӣ ҳайрон шуда гуфт: 

-Сабрина, ин тӯӣ? Сабрина дар ҷояш шах шуд. Ӯ гумон мекард, ки бибиаш нобино, аммо бибӣ ҳис кард, ки касе ба хона даромадааст. Соробибӣ нобино бошад ҳам, аз шарфаи по одамро мешинохт.

Баъди пешин Санам ба беморхона даромад ва аз аҳволи Аброрҷон пурсон шуд. Духтурон гуфтанд, аҳволаш хеле бад аст ва ҳатман ҷарроҳӣ  кардан лозим. “Барои ҷарроҳӣ маблағро зудтар овардан лозим ва баъд мо  ҷарроҳиро сар мекунем”, - гуфтанд духтурон. Санам саросема ба хона омад. Хушдоманашро аҳволпурсӣ карда ба хонаи дарун даромад. Дасташро ба мағзи кӯрпаҳо андохт, аммо пул дар он ҷо набуд. Аз хушдоманаш пурсон шуд: Оё касе ба хона омада буд?

-Не, ғайр аз Сабрина касе ба хона надаромадааст.

Дар ҳамин вақт дарвоза кушода шуду Сабрина ва боз ду нафар корманди низомӣ ҳамроҳи ӯ ба ҳавлӣ ворид шуданд. Санам ҳайрон шуда ба ҳавлӣ баромад ва Сабринаро бо либосҳои ҳарир дид. Санам дарҳол аз Сабрина пурсон шуд, ки ин либосҳоро аз куҷо гирифтӣ?

-Ман инро харидам, барои худам харидам. Чӣ, ҳама чиз барои Аброр, хӯроки болаззат, либоси хуб, ҳатто меҳру муҳаббат ҳам барои Аброрҷонатон будааст?-қаҳромез гуфт ӯ.

-Пас, пули падарат фиристодаро ту гирифтӣ? Ту медонӣ, ки аҳволи додарат вазнин, ӯро ҷарроҳии навбатӣ интизор.

-Шумо метавонед маро гӯш кунед?! - хитоб кард милиса. - Ман духтари шуморо бо якчанд духтари бараҳна дар дискоклуб дастгир кардам. Онҳо гурехтанд, мо танҳо духтари шуморо дастгир карда тавонистем. Аз ҷайби духтаратон маводи мухаддир ҳам пайдо кардем.

-Ин аз они ман нест,-  гуфт Сабрина.

-Пас, аз они кист? Номи онҳоро гӯй, баъд мо муайян мекунем, ки ин чиз аз кист! - ғазаб кард корманди шуъбаи дохилӣ.

-Сабрина, ин чӣ гап, ту аҳволи маро дида, боз як мушкилии дигар ба сарамон овардӣ? Магар дилат ба ман, ба додари касалиат, ба бибии нобиноят ва ба падари мусофират намесӯзад. Ҳол он ки падарат барои як бурда нон, барои харидани ҷони додарат ба он шаҳр рафтааст. Пеш аз он ки ин корро кардӣ, як бор андеша мекардӣ, ки оқибаташ чӣ мешуда бошад. Бераҳм, дилат ба мо намесӯзад.

-Дили ман ба ягон кас намесӯзад. Дили ман танҳо ба худам месӯзад.

Дар ҳамин вақт телефон занг зад. Санам гӯшакро бардошта, гуфт:

- Ҷарроҳ, ин шумоед?

- Бале, ин манам. Дарҳол маблағро ба беморхона биёред ва мо ҷарроҳиро сар мекунем.

Санам гӯшакро гузошта, ба Сабрина гуфт:

-Сабрина, ба фикрам, ту на ҳамаи маблағро сарф кардаӣ, боқимондаашро баргардон, духтурон ҷарроҳиро сар мекунанд.

-Пул нест! Ман ҳамаро харҷ кардам.

-Хоҳар, ҳозир мо духтаратонро бурда маҳкам мекунем, то он даме ки шариконашро наёбем.

-Додарҷон, раҳм кунед ба мани модари зор, писарам дар беморхона, шавҳарам дар муҳоҷират, раҳм кунед, илтимос. Сабрина, ин чӣ кори кардагият буд?

Дар ҳамин вақт телефон занг зад, модар худро нороҳат ҳис мекард. Гӯшакро бардошта дар ҷояш шах шуд. Ҷарроҳ бо овози паст ба Санам гуфт:

- Аброрро аз даст додем.

-Чӣ? Аброрҷон, Аброрҷони ман. Не, не, шумо дурӯғ мегӯед. Охир, ман ба падараш чӣ ҷавоб медиҳам?

Санам аз ҳуш рафта, ба замин афтод. То ба ҳуш омаданаш Сабрина бо кормандон дар наздаш буданд. Баъд Сабринаро ба маҳкама бурданд. Пас аз чанд рӯз мурофиаи судии Сабрина ва дугонаҳояш баргузор гардид ва Сабринаро бо дугонаҳояш ба зиндон бурданд. Модар ин дарду ғамро таҳаммул накарда, ба бемории вазнин дучор гашт ва баъди чанде ин оламро падруд гуфт. Акрам бошад, аз ғаму дарди бисёр саргардону ҳайрон дар Русия монд. Соробибӣ яккаву танҳо аз ақл бегона шуда буд.

 

Мавҷуда Ҷабборова,

омӯзгори таърихи

мактаби рақами 10-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш