Нашрияи Омӯзгор

Вохӯрии судманд

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 84        Шарҳ: 0

 

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо Сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар баргузор шуд.

Муҳаммадюсуф Имомзода бо Муҳаммад Зоҳир Ағбар зимни вохӯрӣ вобаста ба ҳамкориҳои ҷойдоштаи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бо Вазорати маориф ва илм, аз ҷумла, густариши ҳамкориҳои илмию омӯзишӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон суҳбат намуданд.

Ҷонибҳо, ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба таҳсил ва будубоши донишҷӯёни афғон дар Тоҷикистон, дастрас ва тамдид намудани раводид барои донишҷӯён, ҳамчунин, ҷудо гардидани 50 бурсияи таҳсилӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соли таҳсили 2020-2021-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта шуд, ки то инҷониб дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи маориф ва илм миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, дар доираи нақшаи ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ байни кишварҳо, дар доираи тафоҳумнома миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар доираи тафоҳумнома миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи Бағлони Афғонистон ҳамкориҳои доимӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар охир ҷонибҳо таъкид доштанд, ки ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкориҳо тамоми чораҳо роҳандозӣ карда мешаванд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки дар доираи 50 бурсияи пешбинишуда дар соли таҳсили 2020-2021 5 бурсияро барои таҳсил дар зинаи магистратура ҷудо намояд.

Суннатуллоҳи МИРЗО


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш