Нашрияи Омӯзгор

Дарсҳои рангину омӯзанда

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 76        Шарҳ: 0

 

Бо тақозои вазифа чанд муддат бо фаъолияти омӯзгори  синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 65-и ноҳияи  Шоҳмансур Нигора Муратова аз наздик шинос шуда, воқеан ҳам, хурсанд гардидам, ки имрӯзҳо дар таълимгоҳҳо омӯзгорони заҳматкашу ҷӯянда, ки касби муаллимиро ҳамчун сарнавишт қабул кардаанд, хеле зиёданд. Нигора шавқу меҳри  бепоёне ба пешаи худ дорад. Ҳамеша бо табъу рӯҳи болида ба дарсҳо ворид мешавад. Мегӯяд, ки дар пешаи омӯзгорӣ нақши қобилияту истеъдод аз як тараф, аз ҷониби дигар, меҳру муҳаббати устод ба шогирдон хеле бузург аст. Ба ақидаи Нигора,  хонандагонро омӯзгор бояд ҳамчун фарзанди худ дӯст дорад, аз чигунагии вазъу ҳоли равонияшон пайваста огаҳӣ дошта бошад. Дарси муаллим бояд шавқовар, дар заминаи рӯҳбаландию хушҳолии бузург ва ҳусни тафоҳуми устоду шогирдон баргузор гардад. Машғулиятҳои муаллима вобаста ба талаби замони муосир дар сатҳи баланд мегузарад, зеро вай соҳибтаҷрибаву меҳнатқарин аст. Соли 2018 дар даври ноҳиявии озмуни «Омӯзгори сол» ширкат варзидааст. Аз таҷрибаи омӯзгорӣ ва сабку усулҳои дарсии худ мақолаҳо таълиф намудааст, ки дар нашрияи «Омӯзгор» чоп шудаанд. Дар дарсҳои забони модарӣ аз усули муносибати босалоҳият ба таълим ба таври судманду муассир истифода мекунад. Машғулиятҳояш бо истифодаи васоити аёнӣ, технологияи нав хел пурмуҳтаво баргузор мешаванд. Ба тасдиқи Н. Муратова, омӯзгор дар синфҳои поёнӣ бояд тамоми қобилияту заҳмати худро тавре роҳандозӣ намояд, ки хонандагони синфаш матнҳоро буррову ифоданок хонда тавонанд, луғатҳоро азбар кунанд, шеърҳои зиёдеро ҳифз созанд, аз рӯйи расм на танҳо ба таври шифоҳӣ нақл анҷом диҳанд, балки иншо ё нақли хаттӣ нависанд. Ҳамзамон, вобаста ба ин ҳама, қоидаву таърифҳои ҳиссаҳои нутқ, калимаю ибора, ҷумла, сараъзо ва аъзои ҷумла ва ғайраро донанду маънидод кунанд. Худи муаллима ба ин дастовардҳо ноил гардидааст. Вақте ба синфхонаи ҷиҳозонидашудаи Нигора ворид мешавед, баҳри дилатон кушода мешавад. Дар ин ҷо асбобу абзори дастии худсоз, навиштаҷоту овезаҳои гуногун, кисаи варақчаҳо, маводи дидактикӣ, суолҳои тестӣ аз фанҳои математика,  забони модарӣ, табиатшиносӣ ва  ғайра мавҷуд мебошад. Муаллима бо шогирдони сустхони худ машғулиятҳои иловагӣ мегузаронад. Вай таҷрибаю методи худро ба омӯзгорони ҷавон меомӯзонад. Дилсӯзу маслиҳатгари ҷавонон мебошад. Мо ба муаллима Нигора Муратова, хатмкардаи факултаи методикаи таълими синфҳои ибтидоии ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ки панҷ сол боз дар мактаби №65-и ноҳияи Шоҳмансур ба хонандагони синфҳои поёнӣ сабақ меомӯзонад, дар ҷодаи душвори таълим барору комёбиҳо таманно дорем.

 

Холмурод Мӯсоев,

корманди ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш