Нашрияи Омӯзгор

Муносибати ҷиддӣ дар таҳияи тестҳо

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 49        Шарҳ: 0

 

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ  як қатор дастовардҳои назаррас рӯи кор омаданд. Бояд иқрор шуд, ки онҳо асосан тавсифи ташкилию техникӣ ва технологӣ доранд. Вақте расидааст, ки ба  ҷиҳати асосию муҳимми таҳсилот - таъмини методию методологии раванди таълим ва такмил  додани он, ки омили ҳалкунандаи баланд бардоштани сатҳи сифати дониш мебошад, аз пештара бештар аҳамият дода шавад.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки қаблан оид ба ин масъала супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳодҳои дахлдори зертобеи он ва худи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дода шуда буд. Албатта, корҳои муайян, хусусан, оид ба ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилот ба сомон расонида шуданд. Вале  вобаста ба методикаи таълими фанҳои гуногун, хусусан, тахассусӣ, бо дарназардошти махсусияти ин зинаи таҳсилот ва назорати сатҳи дониш, муассисаҳои таҳсилотӣ интизори нишондодҳо ва дастурамалҳо буданду ҳастанд. 

Чунки аз рӯи  сатҳи дониши ба коллеҷҳо дохилшудагон, ба онҳо дар аксар ҳолатҳо дарк кардану истифода бурда тавонистани тавоноии зеҳнӣ ва рушд додани онро омӯзондан лозим аст. Вобаста ба ин, мусаллаҳ будани омӯзгорон, хусусан, ҷавонон, бо маводи методии роҳҳои амалӣ намудани ин кор, ба пешрафти суръатноки натиҷаҳои мусбии таълим бештар мусоидат хоҳад кард.  Дар ин ҷода, дар баробари дигар масоили методикаи таълим зарур аст, ки ба самтҳои зерин аҳамияти махсус дода шавад: ба ҳадди аксар самаранок истифода бурдани вақти дарсӣ, ки дар низоми кредитии таҳсилот 50 дақиқа мебошад; дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани назорати сифати иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ки аз се ду ҳиссаи ҳаҷми ҳар як кредитро (24/16) ташкил медиҳанд; баланд бардоштани нақши назорати қаблӣ ва ҷорӣ дар арзёбии дараҷаи дониш, пеш аз ҳама, бо роҳи комилан дигар кардани муносибат ба таҳия, сифат ва корбурди навъу намуди  гуногуни тестҳо.

Чунин муносибат имконият медиҳад, ки  дар баробари оғози ҷараёни омӯзиши ин ё он фан, вобаста ба  ҳар як мавзӯъ (модул) дар якҷоягӣ бо баррасии иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён ҷиддан ва асоснок амалӣ кардани шаклҳои гуногуни омӯзиш ва назорат, мо ба ҳавасманд намудани донишҷӯён оид ба мунтазам ва фаъолона машғул шудани онҳо, ҳам дар дарсҳои аудиторӣ ва ҳам берун аз он, таъсири мусбӣ расонем. Дар ҳамин раванд сатҳи донишазхудкунӣ ва ташаккулёбии худомӯзию худназоратӣ, фикрронии мантиқӣ ва эҷодӣ, ҷаҳонбинӣ ва салоҳиятҳои касбии  онҳо тадриҷан арзёбӣ мешаванд.

Аммо омӯзиши маводи хеле камчини  назарияи тесту тестронии ватанӣ  ва таҷриба нишон медиҳад, ки дар ин ҷода майдон хеле фарох буда, таҳқиқоти хеле ҷиддиро тақозо дорад. Ин, пеш аз ҳама, куллан тағйир додани муносибат ба масъалаи тестронӣ аст.

 Аз рӯи  аломати  самти  таҳқиқу  истифодаи  тестҳо  ба се гурӯҳ:

а) назариявӣ-технологӣ; б) назариявӣ-фалсафӣ ва в) амалӣ-технологӣ ҷудо мешаванд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ба гумони ғолиб дар дигар зинаҳои таҳсилот низ, маъмулан, муаррифгарони самти амалӣ-технологӣ  фаъолият карда истодаанд.

Дар натиҷа ҳар як омӯзгор вобаста ба донишу фаҳмиши худ тест тартиб медиҳад. Кор то ба дараҷае расидааст, ки содагии тартиби таҳияи тестҳо ва афзудани эҳтиёҷ ба онҳо боиси арзи вуҷуд кардани маводи зиёди пастсифат бо номи тестҳо гардид.

 Ошноӣ бо онҳо нишон медиҳад, ки талаботу тавсияҳои тестшиносӣ оид ба тартиб додани тестҳои босифат, бо дарназардошти навъу намудҳои тест, хусусияти фанҳо, синну соли донишҷӯён, соҳа ва зинаҳои таҳсилот, қоидаҳои анъанавии забон ва ғайра на ҳамеша  риоя карда мешаванд. То ҳол он қариб аз рӯи ҳамаи фанҳо дар давраи аввали ташаккулёбӣ аст.

Тестшиносӣ илми назариявӣ-амалӣ буда, мазмун, методологияи таҳия, низоми навъу намуд, таъйиноти функсионалӣ, нишодиҳандаҳои сифати тестҳо, таснифи супоришҳои тестӣ, имконияти бо онҳо муайян кардани хусусиятҳои ташаккулёбии фаъолияти шахсият (дониш, малака, салоҳият) ва усулҳои дар амал татбиқ намудани тест ва тестрониро бо дарназардошти хусусиятҳои забонӣ ва шароити мушаххаси таърихию миллӣ  меомӯзад. Оид ба масъалаҳои мубрами он таҳқиқотҳои ҷиддии на назариявӣ ва на амалӣ  ба назар намерасанд. То ҳоло оид ба мафҳумҳои тест, супоришҳои тестӣ ва тестронӣ, таснифи тестҳо, функсияҳо ва нишондиҳандаҳои сифати онҳо ва дигар истилоҳоти ин ҷанбаи муҳими омӯзишу санҷиш ақидаи нисбатан эътирофшудаи олимон, қариб, ки нест.

Вақте ки сухан дар бораи тест меравад, маъмулан, ҳама бештар дар бораи фақат санҷиш (шакл, усул, восита, абзор, намуд, технология!) сухан меронанд, ки албатта, яке аз функсияҳои асосии он аст. Вале, имконияти беҳамтои тести босифат, ҳамзамон, ҳамчун маводи омӯзишӣ-назоратии арзёбӣ беасос ба эътибор гирифта нашуда, ҳам худи омӯзгор ва ҳам таълимгирандаро аз беҳтарин воситаи омӯзиши шавқовару ҳавасмандкунанда маҳрум месозад.

Вобаста ба ин, барои пешгирию бартараф намудани баъзе ғалатҳои методӣ вобаста ба навъу намуди тестҳо (масалан, ниг. ба китоби М. Убайдов “Тестҳо ва истифодаи онҳо дар таълими  география”, ки  бо қарори Шӯрои олимони Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ аз 30. 04. соли 2017, № 4 барои чоп тавсия дода шудааст), ба мақсад мувофиқ аст.

Супоришҳои тестӣ унсури таркибии тест мебошанд. Онҳо  ҳатман бояд аз дастур, худи супориш (қисми мазмунӣ)  ва ҷавоб иборат бошанд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар тест ба таври ҳатмӣ дастури умумии хаттӣ  оварда мешавад, ки тартиб ва микдори вақт барои иҷрои тест, тарзи интихоби посухи дуруст ва шакли аломати ишора ба он, тарзи навиштани посухи дуруст ва ғайра нишон дода мешаванд. Агар тест дорои шаклҳои гуногуни супориш, ба монанди дар боло овардашуда бошад,  пеш аз ҳар яки он, яъне субтест, дастури иловагӣ дода мешавад.

Худи супориш баъди  дастур бо рақамгузории тартибӣ оварда мешавад. Дар ҳолати гуногун будани шакли супоришҳо, онҳо маҷмӯъ ба маҷмӯъ,  пайдарҳам, ҷойгир карда мешаванд.

Омехта кардани шаклҳои гуногуни супориш зери як дастур қатъиян манъ аст.

Матни супориш бояд бо риояи ҳатмии қоидаҳои забон то ҳадди имкон кӯтоҳу пурмазмун иншо карда шавад. Омӯзгорон, маъмулан, супоришҳоро дар шакли саволӣ тартиб медиҳанд. Бо дарназардошти функсияи омӯзишӣ-назоратии  тест ба мақсад мувофиқ аст, ки таносуби супоришҳои тасдиқӣ ва саволӣ тахминан баробар бошад ва бо калимаҳои чӣ, кай, дар куҷо ва ғайра оғоз нагарданд. Ҳаҷми (дарозии) супориш то 10-12, ҳадди аксар 15 калима бошад.

Посух қисми муҳим ва дақиқу нозуки тест ва ҳамзамон барои аксарияти омӯзгорон мушкилэҷод аст. Посухи дуруст бояд ба ҳадди аксар кӯтоҳу пурмаъно ва ифодагари мағзи мазмуну моҳияти супориши тестӣ бошад.

Тест бояд тамоми тавоноии ақлонию зеҳнии донишҷӯро таҳрик диҳад ва барои минбаъд амиқ ва ҳаматарафа омӯхтани фанҳо роҳнамо бошад. Ҳаҷми (дарозии) посухҳо аз 3-5 калима зиёд набошад.

 

М.Ҳомидов,

мудири кафедраи фанҳои          

гуманитарии  коллеҷи

тиббии шаҳри  Конибодом, номзади илми иқтисодӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш