Нашрияи Омӯзгор

Пешгирии ҷинояткорӣ

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 47        Шарҳ: 0

 

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 75 ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки 15 ҳолат нисбат ба соли 2019 зиёд мебошад.

Ҷиноятҳо аз тарафи 54 нафар ноболиғ ба қайд гирифта шудаанд, ки 27 нафарашонро кӯдакони мактабхон ташкил медиҳанд. 

Зиёдшавии ҷиноят байни ноболиғон дар шаҳру навоҳии Дӯстӣ 3, Ҷалолиддини Балхӣ - 3, Панҷ - 2, Абдураҳмони Ҷомӣ - 3, Кӯлоб - 1, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - 3, Муъминобод - 3, Фархор - 6 ҳолатро дар бар мегирад. Моҳи майи соли 2020 дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи маориф, бахши ҳуқуқи кӯдак ва ШВКД-и шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 2056 суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.

Баргузории чунин вохӯриҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ ва семинарҳои машваратӣ дар самти пешгирии ноболиғон аз ҷинояткорӣ то андозае мусоидат мекунад. Аммо ба роҳ мондани  корҳои фаҳмондадиҳӣ бо падару модарон ва беҳтар кардани амалишавии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ин росто таъсири баландтар хоҳад гузошт.

Дар давоми шаш моҳи соли равон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 635 амалиёт бо мақсади сар назадани ҷиноятҳо ва амалҳои ба ин монанд  дар бозорҳо ва марказҳои компютерӣ гузаронида шуд.

С.АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш