Нашрияи Омӯзгор

Коллеҷ бо соли нави хониш омода аст

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 31        Шарҳ: 0

 

Дар нимсолаи якуми соли 2020 дар коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ба маблағи 37 ҳазору 515 сомонӣ 1723 адад китоби таълимӣ ва тахассусӣ харидорӣ гардида, ба истифодаи донишҷӯён пешниҳод шудааст.

И.Мӯсоев, директори коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, изҳор дошт, ки 3 655 нафар донишҷӯ дар муассисаи мазкур ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 254 нафар омӯзгор дарс мегӯянд. 1976 нафар донишҷӯ тариқи буҷавӣ ва 1679 нафар ба тариқи шартномавӣ таҳсил доранд. Коллеҷи номбурда дорои факултаҳои кори табобатӣ, момодоягӣ, кори ҳамширагӣ, кори фармасевтӣ ва 8 кафедра мебошад.

Коллеҷ ба соли нави хониш пурра омода буда, бо синфхонаҳои тозаву барҳавои муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурии дарсӣ таъмин мебошад.

С.АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш