Нашрияи Омӯзгор

Дар шинохти адён

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 174        Шарҳ: 0

 

Имрӯз ҷомеаи башариро ду мушкил басо ба изтироб овардааст: даҳшатафканӣ (терроризм) ва ифротгароӣ (экстремизм). Воқеан, ин ду падидаи ногувор ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ (глобалӣ) сабабгори бадбахтии одамон ва ноамнию бесуботии давлатҳои дунё гашта, бо пайомадҳои даҳшатбору бераҳмона ба мушкили ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Яке аз сарчашмаҳои гаравиши зумрае аз аҳли ҷомеа, бахусус, ҷавонон, ба даҳшатафканию ифротгароӣ, тундравию ҷинояткорӣ костагии маърифати динӣ ва авҷ гирифтани таассуби динию мазҳабии онҳост, зеро ҳар қадар ки донишҳои динии шахс паст, фаҳмишу тасаввуроташ дар бораи асосҳои дин заифу донишҳои бунёдии динию мазҳабиаш маҳдуд бошад, ҳамон андоза ӯро ба худ моил ва ба ҳизбу гурӯҳу созмонҳои ифротгаро шомил  кардан осонтар хоҳад шуд. Ин аст, ки дар ҳар ҷомеаи мутамаддин ба масъалаи тақвияти маърифати динии шаҳрвандон, ҳамчун яке аз василаҳои пешгирӣ аз гаравиши аҳли он ҷамъият ба ҳар гуна ҳизбу гурӯҳу созмонҳои ифротгаро, таваҷҷуҳи вижа дода мешавад.

Таълиму тадриси диншиносӣ дар зинаҳои гуногун, бахусус, дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ, аз омилҳои мубрами пешгирӣ аз ҷараёну ҳаракатҳои номатлуб дар ҷомеа ва рушди солиму бенуқси тафаккури ҷавонон ба ҳисоб меравад. Бо дарки ин нуктаи муҳим Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барномаи таълимии макотиби олӣ фанни “Диншиносӣ” ва барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ «Таърихи дин»-ро дохил кардааст, ки заруру ҳадафманд мебошад. Дар ин самт бо тавсияи  Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардидани китоби Амирҷон Нуриён ва Гулсара Ҷӯраева “Диншиносӣ” (дастури таълимӣ), - Хуҷанд: Хуросон, 2020. -144 с. бамаврид аст.

Китоб аз муқаддима ва 24 боб саволномаи тестӣ барои донишҷӯён («Дониши худро бисанҷ!») ва посухи онҳо иборат буда, масъалаҳои барои хонандаи тоҷик муҳимтаринро дар доираи мавзӯи дин ва диншиносӣ дарбар мегирад.

Асар бо риояи талаботи илмию методӣ таълиф ёфтааст. Забони китоб ба услуби илмӣ созгор, бидуни зиёдаравӣ дар корбурди вожаву истилоҳоти ноҷо ва барои хонанда фаҳмост. Сохтор ва бандубасти дастури таълимӣ низ ба талаботу меъёрҳои таълифоти таълимӣ мувофиқ мебошад.

 Дар муқаддима роҷеъ ба вожаи “дин”, ҷузъи фарҳанги миллӣ будани дин ва амсоли ин сухан меравад. 

Мусаннифон бо дарки ин нукта, ки қариб ҳамаи халқу миллатҳои ҷумҳурӣ пайрави дини исломанд, дар китоб нисбат ба адёни дигар ба ислому мусалмонӣ маълумоти бештарро тахассус додаанд.  Аммо дар ин маврид ба ифрот роҳ надода, балки чун пажӯҳишгар бо корбурди бамавқеи далелу мадорики илмӣ изҳори ақида намудаанд.

Муаллифони китоби “Диншиносӣ” чун шахси огаҳ аз талаботи илмӣ ва бо камоли масъулият таъкид кардаанд: “Вазифаи асосии фанни диншиносӣ ба таври объективӣ, холисона баён кардан ва кушодани мазмуну моҳияти дину мазҳабҳо ва дигар намуди эътиқодоти халқи ҷаҳон мебошад. Зимни баён бо эътиқодҳо ва динҳои қадимиён, дину эътиқодоти миллӣ ва динҳои ҷаҳонӣ сарукор мегирем. Дар рафти баён эҳтиёткор будан ва масоили диниро холисона баррасӣ намудан мебояд. Муҳим аст, баробарии ҳамаи динҳо ва озодии виҷдон ҳангоми омӯзиши фанни диншиносӣ мавриди назар қарор бигирад”. Чунин усули кор, яъне айниву холисона баррасӣ кардани масъалаҳо дар асар куллан риоя гардидааст. Дар баробари ин, қайд мекунанд, ки холисонаву ҳақиқатнигорона ва орӣ аз таассуб баҳо додан ба масоили динию мазҳабӣ ба олимони зиёд, аз ҷумла, уламои форс – тоҷик хос аст. Дар ин маврид онҳо мутафаккири шаҳир Абӯрайҳони Беруниро мисол оварда, аз ҷумла, мегӯянд: “Дар таърихи диншиносии асрҳои миёна нақш ва мақоми ҳакими номӣ Абӯрайҳони Берунӣ фавқулода бузург аст. Баррасиҳои Берунӣ, ки асосан дар “Осор-ул-боқия”, дар бобати шинохти таърихи адён ва ҳам маросими идҳову динҳои гуногун оварда шудаанд, хеле ҷолибанд. Хусусияти муҳимми тадқиқоти ӯ беғаразӣ ва бидуни таассуб баён кардани матолибу ҳодисот аст”.

Чунонки дар оғоз қайд кардем, ифротгароию тундравӣ имрӯз аз хатарҳои умумиҷаҳонист. Вале дар ин байн ифротгароии динӣ боризтар ва бештар хатарзост (ифротгароӣ сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва ғайра мешавад). Заминаю омилҳои ифротгароии динӣ реша дар таассуб дорад. Тааcсуб дар тафаккур ва андеша хушунат эҷод мекунад. Ҳар киро дар пиндораш таассуб аст, дар гуфтору кирдораш ифрот ҳатман ҷой пайдо хоҳад кард. Чун иллати таассуб ҷаҳолат ва давои он маърифат аст. Воситаи умдатарини пешгирӣ аз ифротгароӣ мусаллаҳ кардани шахс бо донишҳои динист. Таълифу тадриси китобҳое чун “Диншиносӣ” дар ин росто басо судманд аст. Муаллифони китоби мазкур бо таъкиди омӯзиши диншиносӣ муҳимтарин омили ҷилавгирӣ аз ҷаҳолату ифротгароии динӣ мегӯянд: “...диншиносӣ фаннест, ки омӯхтани он шахсро аз доираи танги тасаввуроти мазҳабии ин ё он дин берун кашида, барои дохил шудан ба олами нопайдоканори маънавиёти динҳои гуногун омода месозад. Надонистани дин ва надоштани дониши динӣ сарчашмаи таассуб аст ва бештари мусибати башарият аз таассуб аст».

Аз аҳаммияти дину диншиносӣ барои инсон ҳамин нукта бас аст, ки мусаннифони дастури таълимӣ қайд кардаанд: “...агар дар мисоли ду дини ҷаҳонӣ (насронӣ ва ислом) гирем, пайдоиши онҳо таҳаввули беназире дар таърихи тамаддуни башар ва ба ҳам омехтан – синтези то ин давра мислаш диданашудаи фарҳангҳо буд. Ҳам пайдоиши тамаддуни насронӣ ва ҳам тамаддуни исломӣ дар таърихи ду ҳазорсолаи охир муҳимтарин дастоварди фарҳангу тамаддуни башарист, ки ҳеҷ як дастоварди дигари башар  ҳадди ақал аз лиҳози фарҳанги маънавӣ ба онҳо баробар шуда наметавонанд”.

Хулоса,  китоби “Диншиносӣ” ҳамчун дастури таълимӣ, зарурию саривақтӣ на танҳо барои донишҷӯён, умуман, барои аҳли ҷомеа муфид аст.

Дар баробари ин, асар аз баъзе камбуду костагиҳо орӣ нест. Дар ин таълифот ғалатҳои имлоию услубию китобатӣ ҷой доранд. Афтодани ҳарфҳо аз калимаҳо, такроран пайиҳам ва ба ҳам часпида омадани вожаҳо, нагузоштани аломатҳои китобатӣ дар ҷояшон ва ё, баръакс, барзиёду бемавқеъ омадани онҳо (бахусус, аломати вергул), ба ҷойи аломати тире (-) омадани нимтире – дефис (-), корбурди ноҷойи баъзе калимаю истилоҳот, баъзан ба ҳам мувофиқат накардани мубтадову хабар, набудани алоқаи мантиқӣ дар байни аъзои ҷумла аз ин қабиланд, ки мо барои ба дарозо накашидани сухан аз зикри онҳо даст мекашем. Табиист, баъзе аз онҳо ғалатҳои фаннӣ ки ҳангоми ҳуруфчинию рӯйнависӣ рух додаанд, ки дар нашрҳои такрорӣ таҳриру тасҳеҳу ислоҳи онҳо зарур ва ба нафъи муаллифону хонанда хоҳад буд.

Хуб мешуд, ки дар китоб тафовути фанни диншиносӣ аз донишҳои бо ном «илмҳои динӣ» қайд мегардид, зеро гурӯҳи «улуми динӣ» фарогири илмҳое аст, ки дарунмояашон куллан динист ё ба таъбири иддае аз пажӯҳишгарон, дохилидинист, аз ҷумлаи фиқҳ, таълими ақида, илоҳиётшиносӣ ва амсоли ин, ки ҳадафашон таблиғи асли эътиқодот ва ташаккули ҷаҳонбинии динист. Яъне, асли чунин донишҳо аввал бар пояи эътиқод аст, на омӯзиши илмӣ.

Аз ҳамин нуқтаи назар наметавон ба баъзе ақидаҳои муаллифон, масалан, ба ин фикри онҳо, ки мегӯянд, мувофиқ буд: “Дар доираи маорифи исломӣ як шохаи илми мустақили илме бо номи “бидъатшиносӣ” ба вуҷуд омад, ки онро метавон сароғози илми адён номид. Дар доираи ин илм омӯзиши динҳои маъруфи ҷаҳони онрӯза, таҳаввулоти дохилии онҳо, муборизаи ақидавию сиёсӣ дар байни равияҳо ва фирқаҳои динӣ – фалсафӣ омӯхта мешуданд”.

Ба андеша инҷониб, “бидъатшиносӣ” чун як шохаи илми мустақил ташаккул наёфта буд, балки дар таърихи илму фарҳанги тоҷик диншиносии мазҳабӣ (минҳайси ҷузъе аз «илмҳои динӣ») чун яке аз бахшҳои илми диншиносӣ дар шакли бидъатшиносӣ буд.

Баъзе мавзӯъҳо, аз қабили “Равия ва мазҳабҳо дар дини ислом”, тафсили бештарро тақозо доранд, яъне, он чи ки баён гардидааст, кофӣ нест. Лозим аст, ки доир ба равияву мазҳабу шохаву фирқаву мактабҳои динию мазҳабӣ, ки дар ислом хеле зиёданд, бо шарҳи моҳияти онҳо, фарқу умумиятҳояшон маълумоти фарохтар дода шавад.

Бар қимати ин нигоштаи илмӣ меафзуд, агар дар охири китоб  луғатномаи мухтасар бо шумули мафҳуму истилоҳоти динӣ ҷой дода мешуд.

Албатта, навоқиси ҷузъӣ қимати ин асари хуби таълимиро коҳиш намедиҳад. Бо вероишу таҳриру такмили асар дар вақту мавридаш ин камбуду костагиҳо рафъ хоҳанд гашт. Гарчанде китоб ҳамчун дастури таълимӣ барои донишҷӯён ба чоп тавсия гардидааст, хуб мешуд, ки он бо теъдоди зиёдтар ба табъ расад (теъдоди нашр - 2500 дона), зеро хонандаи он фаротару бештар аз он аст, ки дар назар дошта шудааст.

Абдулбосити Фазлиддин,

сармутахассиси таҳрир ва сармуҳаррири маҷаллаи «Довталаб»-и Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш