Нашрияи Омӯзгор

Муҳаққиқи муаммоҳои илми педагогика

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 104        Шарҳ: 0

 

Доктори илм, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Файзулло Шарифзода муҳаққиқи барҷастаи илми педагогика буда, бо асарҳои бешумори хеш дар соҳаи мазкур, ки бо таъбири эшон илми инсонофар мебошад, хидматҳои шоистаро ба анҷом расонидааст.

Дар воқеъ, қаҳрамони мо ба шарофати пажӯҳиш ва ҷустуҷӯҳои пурарзиши хеш саҳифаҳо ва паҳлуҳои навини соҳаи таҳсилот ва таълимро таҳқиқ ва арзёбӣ кардааст. Махсусан, пешниҳоди консепсияи таълими ҳамгиро ва роҳҳои ҳаллу  фасл ва татбиқи он дар фазои таълим ҷаҳише буд дар олами омӯзиш ва таълими фанҳо.

  Файзулло Шарифзода дар даҳсолаҳои охири асри сипаришуда ва аввали бисту як ҳамчун олими пуркор ба майдони фарохи илми педагогикаи ватанӣ бо сухан, андеша, масъалагузорӣ ва амалҳои тозаи хеш доир ба беҳшавии сифати таълим ва умуман низоми таҳсилот ворид гардид. Асарҳои илмии устод «Педагогикаи ҳамгиро» (2011), «Таълими ҳамгиро: проблема, таҳқик ва андешаҳо», қисми якум (1999), қисми дуюм (2000), «Педагогика: назарияи инсонофар ва ҷомеаи фарҳангӣ» (2010), «Педагогикаи умумӣ ва касбӣ» (2012 дар ҳаммуаллифӣ бо профессор Миралиев А.М.)  ва чандин китобхои дарсӣ, тарбиявӣ, тавсияҳои методӣ ва амсоли он дар ғановатмандии хазинаи илми педагогикаи ватанӣ ҳиссаи арзанда гузоштааст.  

Махсусан, ин матлабро аз китоби комилан ба тозагӣ нашршудаи соҳибҷашн таҳти унвони «Таҳқиқи асрори таҳсилот ва таълим» пайдо менамоем. Китоб ба муҳаққиқони илмҳои педагогӣ, омӯзгорон, донишҷӯён, масъулини соҳаи маориф ва доираи васеи хонандагон ва алоқамандони таълим ва тарбияи насли наврас пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи муаллифи пешгуфтор, академик М.Лутфуллозода, донишманд ва назарияофари педагогикаи муосир Файзулло Шарифзода чанд самти тозаро пешниҳод менамояд, ки дархӯрди ҷомеаи муосиранд. Аз гузориши ҳар як масъала бармеояд, ки азнавсозии таҳсилот дар ҷумҳурӣ ба баландшавии мақоми мактаб, ки омили муҳимтарини гуманитарикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ-иқтисодӣ ва ташаккули шахсият маҳсуб меёбад, такони муассир хоҳад гузошт.

Дар партави ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи маорифи ҷумҳурӣ зарурияти такмили пажӯҳишҳои самти иҷтимоӣ-иқтисодӣ,  методология ва стратегияи иҷтимоӣ-фарҳангии таҳсилот мақоми махсусро доро мебошад. Зарурати таҳқиқ ва коркарди ҳам методология ва ҳам стратегияи азнавсозии иҷтимоӣ-фарҳангии таҳсилотро устод Ф.Шарифзода чун татбиқи идеологияи умумимиллӣ ва сиёсати таҳсилот мешуморад, ки он ба воридшавии ҷавонон ба фазои муваффақонаи иҷтимоиёти кишвар роҳи васеъ мекушояд.

Академик Ф.Шарифзода дар асарҳои илмии хеш, аз ҷумла, дар китоби «Таҳқиқи асрори таҳсилот ва таълим» проблемаҳои муҳимми равандҳои ибтикорӣ дар таълим, масъалаҳои таҳсилоти муттасил, нақши китоб ва маводи таълимӣ дар омӯзиш, фарҳанги муоширати иҷтимоӣ дар фазои таҳсилоти муосир, фарҳанги хонавода ва омодасозии фарзандон ба зиндагии хонаводагӣ ва амсоли онро аз партави заковат ва хиради илми инсонофар ба риштаи таҳқиқ мекашад ва андешаҳои солиму ҷолиби хешро бобати таълим ва тарбияи насли наврас, ки ояндаи ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистонанд, ба маърази андеша, муҳокима ва татбиқи амал мегузорад.

Андешаҳои академик Ф.Шарифзода махсусан, дар мавриди китоб ва мақоми он дар рушди зеҳн ва тафаккури таҳлилии хонандагон ва донишҷӯён шоистаи арзёбӣ ва қабул аст. Воқеан, нақши китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ барои вусъат бахшидани майлу хоҳиши шогирдон ба омӯзиш бебаҳс аст. Ба ибораи дигар, китобҳои дарсӣ ҳамчун ҷузъи муҳим ва асосии муҳтаво ва мазмуни таҳсилоти мактабӣ мақсаду вазифаҳои нақшаю барномаҳои таълимро фаро мегиранд. Мактаб тамоми мақсаду вазифаҳои ба уҳда доштаашро маҳз ба шарофати мазмуни баланди китобҳои дарсӣ ва муҳаррики ин амал - муаллим амалӣ месозад.

Устод Ф.Шарифзода таъкид мекунад, ки муаллифони китобҳои дарсӣ ҳам тактика ва ҳам стратегияи фаъолияти талабагон, муаллимон, мактаб ва ҷомеаро вобаста ба ташаккули насли замони нав ва рушди ояндаи ҷомеа муайян созанд, ки масъулиятест басо муҳим ва боифтихор. Маҳз китобҳои дарсӣ ба шогирдон имконият фароҳам меоваранд, ки донишҳои илмӣ андӯзанд, соҳиби маҳорат ва малакаҳои дар амал татбиқ намудани донишҳои илмӣ шаванд ва чун шахсияти мустақил, фаъол, эҷодкор ва озод ба воя расанд. Тамоми сифатҳои шахсӣ ва шаҳрвандӣ дар маводи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ маҳфуз буда, бояд калиди он дар дасти муаллим бошад, ки раванди таълимро ташкил ва роҳбарӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки консепсияи таълими ҳамгиро нахуст аз доираи илми педагогикаи Тоҷикистон ба муҳокима гузошта шуд ва муаллифи он устод Ф.Шарифзода маҳсуб меёбад. Ба ақидаи устод таълими ҳамгиро дар рушди тафаккури шогирдон роҳи васеъ мекушояд, зеро робитаи заифи берабти фанҳои таълимӣ дар масъалаи ташаккули фаҳмиши яклухтии олам барои хонандагон мушкилоти ҷиддӣ ба миён меовард. «Парокандагии фаннӣ ногузир сабаби бесилсилагӣ ва бенизомии ҷаҳонбинии фориғини мактаб мешуд, ҳол он ки дар олами муосир ҳамгироии иттилоотӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ тамоюли бештар ва баръало дорад». Аз ин рӯ, ҳалли ин мушкилот муносибати навро ба таълиму тарбияи мактабӣ тақозо дорад ва он, ғолибан, дар ҳалли масъалаи таҳсилоти ҳамгиро ва таълими ҳамгиро нуҳуфта аст.

Чанд соли охир бо ташабб уси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муносибати босалоҳият дар таълим ҳамчун омили пешбурди дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар самти фаъолшавии онҳо дар раванди татбиқи амалии донишҳои азбаршуда ба миён гузошта шуд. Мо бо устод Ф.Шарифзода дар суҳбатҳову маҳфилҳои илмӣ моҳияти масъаларо на аз нигоҳи «муносибати босалоҳият ба таълим», ки тарҷумаи таҳтуллафзии «компетентностный подход в обучении» аст, балки дар партави «ташаккули салоҳиятмандӣ ва ё тавонмандӣ дар таълим» муайян карда будем, ки ба асли мақсад ва матлаб наздик аст.

Дар китоби нави устод Ф.Шарифзода дар бобати ташаккули салоҳиятмандӣ ва сифати таҳсилот дар доираи таълими ҳамгиро андешаҳои ҷолиб мавҷуданд ва онро барҳақ аз бозёфтҳои муаллиф метавон арзёбӣ кард. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки салоҳият ва салоҳиятмандӣ як навъ зуҳури нави ботинӣ, имконоти захиравӣ ва ниҳонию равонии шахсият, тасаввурот, барномаҳо, амалҳо, низоми арзишҳо ва муносибат аст ва дар тавонмандӣ ва ё салоҳиятмандии одам ҳувайдо мешавад. Яъне, салоҳиятмандӣ маънои соҳиб шудан ба сифати навро дорад, ки дар раванди таълим, тарбия ва омӯзиш ба даст меояд.

Пешниҳоди академик Ф.Шарифзода махсусан, дар мавриди зайл қобили таҳлил ва омӯзиш аст: «Ба назари камина, агар дар мазмуни таҳсилот ва таълим ҳаҷми донишҳои назариявӣ ва амалӣ мутаносибан ҳамвазн ва баробар карда шаванд, шогирдон ҳам аз арзишҳои фарҳангию таърихии миллат ва миллатҳои дигар, аз арзишҳои маънавӣ, гуманистӣ, аз қонуниятҳои тағйири ҳодисоту воқеоти табиат ва олам ва рушди онҳо ва ғайра бархӯрдор хоҳанд шуд. Ин воқифият ва бархурдорӣ ташаккули мукаммалтари шахсияти огоҳ аз гузашта ва муосирро таъмин хоҳад кард. Агар мо сифати таҳсилотро дар доираи васеътари назариявӣ ва амалӣ таъмин карда тавонем, он гоҳ воқеан салоҳиятмандии хонандагон ва минбаъд донишҷӯён дар доираи васеи ҳаётӣ таъмин хоҳад шуд».

Масъалаи дигари муҳим, ки дар китоби академик Ф.Шарифзода мавриди таҳқиқу таҳлил қарор гирифтааст, ташаккули фарҳанги зеҳнӣ ва рушди тафаккури талабагон аст. Дар мавриди таълим ва тарбияи шогирдон дар муассисаҳои таълимӣ ҳамеша ба ташаккули шахсият, ки соҳиби тафаккури таҳлилӣ - эҷодӣ, фикри солим ва андешаофар бошад, таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Қобилияти азхуд кардан дар партави мавҷудияти маҳорат ва малакаи фикр карда тавонистан, онро бурро ва озоду пурмантиқ баён кардан зуҳур мекунад. Барои соҳиб шудан ба  маданияти зеҳнӣ, ки қуллаи олии фаъолияти шахсияти мактабхон ва донишҷӯй аст, аз дастовардҳои бузурги ҳар нафари он маҳсуб меёбад.

Гузориши масъаларо дар ин хусус устод чунин ҷамъбаст менамояд: «Яке аз вазифаҳои умдаи илми педагогикаи муосир таъмини на танҳо азхудкунии дониш, маҳорат ва малакаҳо (салоҳиятмандӣ), балки ҳамчунон ташаккули тарзҳои фаъолияти маърифатӣ ҳамчун зуҳуроти маданияти зеҳнии талабагон (донишомӯзон) мебошад».

Китобро хондаву варақгардон намуда, аз мулоҳизоти академик Ф.Шарифзода дар мавриди ташаккули рағбати маърифатҷӯии талабагон дар шароити таълими ҳамгиро, таълими ҳамгиро ва тафриқа (дифферентсиатсия), самтҳои ҳамкории ин ду самти таълим, нақши бозиҳои дидактикӣ дар зуҳури рағбати маърифатҷӯии хонандагони хурдсол маводи ҷолиби диққат ва омӯзишро пайдо кардан мумкин аст.

Маслиҳат ва машваратҳои устод заминаи бузурги таҳқиқотҳои тозаи илмӣ дар самти педагогикаи ватанӣ мебошад. Барои кулли аспирантҳо, унвонҷӯйҳо, магистрҳо, докторантҳо ҳар як масъалаи аз ҷониби академик Ф.Шарифзода пешниҳодшуда мавзӯи хуби илмӣ-таҳқиқотӣ буда, дар пешрафти соҳаи педагогикаи ватанӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Ба асари нави донишманди тавоно Ф.Шарифзода академик Муҳаммад Лутфуллозода баҳои муносиб медиҳад: «Дар шароите, ки мо ба ислоҳоти ҷиддии низоми маориф даст задаем, агар онро чи дар самти назария ва чи амалия сармашқи фаъолияти худ қарор диҳем, аз як сӯ, нуран ало нур хоҳад шуд, аз сӯи дигар, бар нури илми педагогика нури маърифат зам менамоем».

 

И. Каримова,

 академик

С. Неъматов,

 профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш