Нашрияи Омӯзгор

Дастат дард набинад, Ҳабибҷон!

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 26        Шарҳ: 0

 

Ҳабиб Алиевро пиру ҷавони деҳаи Косатарош чун ҷавонмарди дасткушоду саховатманд мешиносанд. Ӯ дар оилаи омӯзгор, шодравон Аллаёр Алиев ба камол расидааст. Китобхонаи шахсии падар ба ӯ имкон додааст, ки дар хурдӣ ба мутолиаи китоб пардозад. Ҳамин китобхонӣ боис гардид, ки ӯ низ баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи Самарқанд ба пайроҳаи падар ва бародари шодравонаш Искандар Алиев қадам монад. Ҳабиб Алиев алъон корманди КМ «Зарафшон» аст, вале аз мактабу маориф дил канда наметавонад. Ӯ агарчи шеърҳояшро интишор намекунад, шоир асту шеър мегӯяд. Фарзанди ягонаи ӯ Шаҳбол Алиев аз хуштарбиятарин ва донотарин муҳассилини муассисаи таълимии рақами 25 мебошад, ки пайваста дар озмунҳо ва олимпиадаҳо ширкат меварзад ва то имрӯз устоде аз ӯ шиква накардааст.  Чун дар деҳаи Косатароши Поён мардум тасмим гирифтанд, ки шаш синфхонаи иловагӣ созанд,  Ҳабиб аз аввалинҳо шуда ба кумак шитофт. Бори охир ӯ барои бомпӯши ин даргоҳ аз ҳисоби пасандозҳояш ба муассисаи таълимоти миёнаи умумии рақами 90 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ пули нақд тақдим кард.

Саҳни мактаб ҳангоми ҳавои боронӣ хеле гилолуд буд, вале чора андешидан аз сабаби набудани маблағ душворӣ дошт. Дирӯз ба мо хушхабар расид, ки Ҳабиб Алиев бо сарфи 22000 (бисту ду ҳазор) сомонӣ саҳни мактабро мумфарш кардааст. Шодию хурсандии сарвари муассиса Абдулаҳад Наврӯзов, омӯзгорон ва муҳассилин ҳадду канор надорад. Ҳама бо як забон мегӯянд:

-Дастат дард набинад, Ҳабибҷон!

Ҷавонмарди асилу наҷиб Ҳабиб Алиев дар чароғонкунӣ ва васеъ кардани роҳҳои деҳа низ саҳми беандоза дорад ва пайваста ифтихор мекунад, ки шаҳрванди Тоҷикистон асту дар ин диёри ҳамешабаҳор умр ба сар мебарад.

Исмоил Зарифӣ, рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш