Нашрияи Омӯзгор

Бо китобҳо пурра таъминанд

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 74        Шарҳ: 0

 

Раиси ноҳияи Мурғоби ВМКБ Ҳусния Раҷабзода зимни нишасти хабарӣ  маълумот дод, ки дар ноҳия 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз онҳо 2 – тояш муассисаи ибтидоӣ, 6 боғчаи бачагона, 13 маркази инкишофи барвақтии кӯдакони назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 8 мактаб - интернатӣ назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд. Ба таълиму тарбияи хонандагон 363 омӯзгор машғул буда, аз онҳо 271 нафарашон соҳиби маълумоти олии касбианд. Хатмкунандагони мактабҳои ноҳия ҳар сол ба мактабҳои олии кишвар ва хориҷи он дохил шуда, таҳсил мекунанд.

Тибқи квотаи Президнтӣ имсол 20 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуданд.

 Масъалаи таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ пурра ҳал шуда, 7 муассисаи таълимӣ таъмирталаб буда, аксари онҳо тибқи барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд сохтаву азнавсозӣ мешаванд.

Ҷ. Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш