Нашрияи Омӯзгор

Рушди сайёҳӣ

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 37        Шарҳ: 0

 

Ҳабибулло Амирбекзода – муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди мазкур ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Вай гуфт, ки соҳаи сайёҳӣ ба мутахассисони соҳавӣ ниёз дошта, вобаста ба ин, барои омӯзондани касби мазкур аз тарафи кумита аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Айни замон дар 14 муассисаи олии касбии ҷумҳурӣ 2112 нафар ва дар литсейю коллеҷҳои касбии техникӣ 550 нафар аз рӯйи 16 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 341, 7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ташриф овардаанд, ки аз ин теъдод 306, 8 ҳазор нафар сайёҳ мебошанд. Шумораи умумии ширкатҳои сайёҳӣ дар кишварамон ба 223 адад расидааст, ки дар муаррифии кишвари азизамон ба шаҳрвандони хориҷӣ саҳм мегузоранд. 

Албатта, барои ҷалби бештари сайёҳон ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони соҳа одоби хуби муошират, донистани таърихи кишвар, мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии он, донистани ду – се забони хориҷӣ ва монанди ин басо муҳим аст.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт, омода намудани меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ барои қабули сайёҳон бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ гурӯҳҳои кории кумита дар як қатор шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Ҳотами ҲОМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш