Нашрияи Омӯзгор

Омили таҳкими худшиносии миллӣ

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 36        Шарҳ: 0

 

Бузургтарину муқаддастарин сарвату давлати ҳар як шахс Ватан аст ва маҳз бо ҳастии Ватану бо оғӯши гарми он ҳар фард дар ин дунёи пурҳаводис худро хушбахт дармеёбад. Аз ин рӯ, Ватанро самимона дӯст бояд дошт ва барои имрӯзу фардои шукуфои он аз таҳти дил кӯшишу хидмат бояд кард. Дар ин самт шиори ватандӯстон чунин бояд бошад:

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,

Ватан  ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.

Як омили муҳими ватандӯстӣ маълумоти васеъ ва дақиқ доштан дар бораи ҳар гӯшаи диёр аст. Огаҳӣ аз таърихи Ватан боиси шарафу ифтихор ва сарбаландии соҳибватанон мебошад. Бо даст ёфтан ба истиқлолияти давлатӣ барои шаҳрвандони тоҷик ҷиҳати омӯхтану арҷ гузоштани таърихи кишвар шароити созгор фароҳам омад. Омӯзиши таърихи халқи тоҷик ба таври васеъ ба роҳ монда шуд ва дар ин мавзӯъ китобу дастурҳои зиёде эҷоду таҳияву таҳрир шуданд. Дар роҳи омӯзиши таърихи миллат ҳидоятҳову дастуру ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши барҷаста доранд. Маҳз бо пешниҳоду ташаббуси Сарвари кишвар солгарди як қатор шаҳру мавзеъҳои таърихии диёр дар сатҳи баланд таҷлил гардид, ки ин,  аз ҷумла, ба болоравии ҳисси ифтихори миллӣ ва тақвияти тафаккури миллӣ мусоидат намуд. Ҳоло дар саросари Ватани азизамон омодагӣ ба таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳаматарафа идома дорад ва ин тадбир низ бо ибтикороти Пешвои миллат алоқаманд мебошад. Саразм дар ҳудуди шаҳри Панҷакент воқеъ буда, солҳои тӯлонист, ки  ин ҷо ҳафриёти бостоншиносон идома дорад. Оғози ин ҳафриёт ба солҳои 70-уми асри XX рост меояд ва бо ковишҳои бобарори нахусткошифи Саразм, таърихшиноси мумтоз Абдуллоҷон Исҳоқӣ алоқаманд мебошад. Дар оғоз байни бостоншиносон ақидае ҷой дошт, ки Саразм аслан аз маҳалла – теппачаҳои алоҳидаи аз ҳам гусаста иборат будааст. Пасонтар собит гашт, ки Саразм як шаҳри том буда, масоҳати бузургеро фаро мегирифтааст ва умуман, ин мавзеъ яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷии Осиёи Миёна мебошад. Ба ақидаи зумрае аз олимони бостоншинос, маънои вожаи суғдии саразм «сари замин» будааст (аз ҷумла, донандаи забони суғдӣ, олими маъруф В.А.Литвинский бар ин назар аст) ва худ ҳамин маънӣ низ аз бузургию шуҳратмандии Саразми бостонӣ шаҳодат медиҳад. Дар Саразм, ки яке аз қадимтарин мавзеъҳои аҳолинишини Осиёи Марказӣ эътироф шудааст, мардум асосан ба кишоварзӣ, шикор, моҳигирӣ, чорводорӣ ва косибӣ машғул будаанд. Ин ҷо ҳунари маъдангудозӣ ва сохтани олоти гуногуни ороишӣ ва маишӣ ривоҷ доштааст. Тамаддуни Саразм ба ҳадде расида, ки тоҷирони ин мавзеъ ба як қатор мамолики ҷаҳон колои гуногун бурдаву аз он мамолик таҷҳизоти зарурӣ меовардаанд. Яъне тиҷорат дар сатҳи байналмилалӣ инкишоф ёфта будааст. Бостоншиносон дар мавзеи Саразм биноҳои монументалӣ, кӯчаҳои сангфаршшуда, дуконҳои амволи гуногун, намунаҳои ҳунари волои кулолӣ, маъдангудозӣ, заргарӣ, бофандагӣ чармгарӣ, сангтарошӣ ва коркарди чӯбро кашф карданд.

Муҳаққиқони Саразм бар он ақидаанд, ки дар ибтидои ҳазораи 2-и пеш аз милод ин ҷо беш аз 10 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ доштаанд. Тасдиқ шуда, ки саразмиҳо бо сокинони қисмати ҷанубу шарқии Туркманистон, шимоли Эрон ва Балуҷистону Систон иртиботи фарҳангӣ доштаанд. Умуман, Саразми бостонӣ далели барҷаставу раднопазир ва беназири тамаддуни хеле қадимаи халқи тоҷик мебошад ва имрӯз таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст.

Хушбахтона, 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Тоҷикистон Саразм ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО дохил карда шуд. Дар ин замина аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии таҷдиди ёдгории Саразм барои солҳои 2012-2020 қабул гардид. Ҷашни  5500-солагии Саразм бо ибтикори Пешвои миллатамон дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мешавад ва ин ҷашн ба боз ҳам боло рафтани сатҳи худшиносию ватанпарастии тоҷикони шарафманд мусоидат хоҳад.

 

Абдулҳафиз Абдуқодиров,

мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва омӯзгории коллеҷи муҳандисӣ - омӯзгории

ноҳияи Ҷаббор Расулов,

номзади  илмҳои таърих


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш