Нашрияи Омӯзгор

Рӯ ба китобхона орем

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 75        Шарҳ: 0

 

Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ мебошад. Таърихи китобдорӣ ва бунёди китобхонаҳои аҷдоди халқи тоҷик ҳанӯз баробари пайдо шудани хат бо забонҳои бохтарӣ, суғдӣ, хоразмӣ, портӣ ва оромӣ  шурӯъ шуда буд. Пешаи волои китобдорӣ ва дар китобхонаҳои шахсиву дарборӣ ҷамъ овардану нигоҳ доштани китобу дастхатҳо ва катибаҳое бо хати мехӣ ҳанӯз дар асри VI пеш аз мелод, дар аҳди Ҳахоманишиҳо густариш ёфта буд.

Гувоҳи ин гуфтаҳо шукӯҳу шаҳомати китобхонаи дарбори ҳахоманишиҳо дар шаҳри Персополис  мебошад, ки дар он китобу навиштаҷоти нодир бо забонҳои ромӣ, портӣ, суғдӣ ва ғ. ҷамъоварӣ ва аз тарафи ҳаводорони илму дониш мутолиа карда мешуданд. Баъди пирӯзӣ дар қаламрави империяи худ Искандари Мақдунӣ, аз ҷумла, дар мулкҳои Бохтару Суғд ва Хоразму Порт хат ва забони юнониро ҷорӣ намуда, хату забонҳои халқҳои зердастшударо маҳдуд намуд ва минбаъд китобу навиштаҷот бо забонҳои юнониву маҳаллӣ иншо мешуданд, ки то замони Кушониён идома ёфт.

Китобдориву китоб-хонаҳо, хусусан, дар замони салтанати Сосонӣ аз нав ривоҷ ёфт. Дар дарбори  Сосониён Академияи улум, фарҳангистони бузурги «Гунди Шопур» фаъолият дошт, ки дар ҷаҳон беназир буд. Дар даромадгоҳи ин фарҳангистон навишта шуда буд: «Донишу хирад тавонотар аз шамшер аст». Ин китобхона дорои 250 ҳуҷраи пур аз китоби ба забонҳои паҳлавӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, суғдӣ, юнонӣ навишта ва тарҷима шуда буданд. Китобдорӣ ва китобхонасозӣ дар замони ба сари қудрат омадани сулолаҳои тоҷикии хонадони Бармакиён, Тоҳириён, Саффориён ва дар аҳди Сомониён эҳё шуда, ривоҷу равнақ ёфтааст.

Имрӯз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таърихиву сиёсат ва маорифу фарҳанги халқамон боз ҳам боло меравад.  Дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба китоб ва тарғибу ташвиқи он дар кишвар ба ҳар як шахс ва ҷомеаи навини Тоҷикистон табдил ёфтааст. Яке аз иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат дар кишвар эълон намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат дӯстдорони китоб зиёд шуда, ҷавонон ва наврасонро барои мутолиаи китобҳои бадеию таърихӣ ҷалб намуд.

Хулоса, халқи тамаддунпарвару тамаддунсози тоҷик китобро муқаддас медонанду онро ҳамеша бо камоли эътиқод рӯи даст мегиранд. Мардуми сарзамини моро месазад, ки аз ин боргоҳи хираду маърифат пурсамар истифода бурданро ба фарзандони хеш биомӯзанд, то  онҳо идомадиҳандагони хирадпарвари аҷдоди хеш бошанд.

Зебинисо ПӮЛОТОВА,

корманди илмии

Осорхонаи ба номи  Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ,

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш