Нашрияи Омӯзгор

Парки технологӣ - омили пешрафти истеҳсолот

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 121        Шарҳ: 0

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” 21 июли соли 2010 (№629) ба имзо расида буд ва ҳадафи он рушди имкониятҳои илмию техникӣ ва технологию инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, мусоидат ба инкишофи технологияҳои муосир, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ ва молиявии муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди илм ва технология, ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот, ҷалби донишҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқон барои ҳамгироии илм ва истеҳсолот, ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.

То ба имрӯз паркхои технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ,  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ,  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур,  Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон,  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон,  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон,  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат,  Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуданд. Дар қисмате аз муассисаҳои таълимӣ марказҳои инноватсионӣ  таъсис дода шудааст.

Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино вобаста ба самти фаъолият 7 марказу озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ, тадқиқотӣ-эксперименталӣ ва таҷрибавӣ амал менамоянд, ки дорои иҷозатнома буда, самараи хуб ба бор овардаанд. Аз ҷумла, Озмоишгоҳи кишти селуллаҳои бунёдӣ (ОКСБ) дар семоҳаи аввали соли 2020, дар бахши ҳуҷайрадармонӣ дар якҷоягӣ бо кафедраи осебшиносӣ ва ортопедӣ, Маркази ташхисию табобатӣ ва кафедраҳои клиникии донишгоҳ ба  25 нафар  бемор бо ташхиси артрози буғумҳо ҳуҷайрадармонӣ гузаронида шудааст. Маркази таълимӣ-клиникии “Стоматология” дар самти хизматрасонии тиббии стоматологӣ ва ҳамчун пойгоҳи таълимӣ барои донишҷӯёни курсҳои болоии факултаи стоматологӣ фаъолият менамояд. Дар семоҳаи аввали соли 2020  бештар аз 1248 нафар бемор аз хизматрасонии маркази мазкур баҳраманд гардиданд.

Дар асоси талаботи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” дар ҷумҳурӣ парк дар шаклҳои зерин таъсис дода мешавад: Парки инноватсионию технологӣ; Парки илмӣ (ё Парки таҳқиқотӣ); Технополис; Инкубатори технологӣ (Бизнес-инкубатор).

Паркҳои таъсисгардидаи муассисаҳои таълимӣ ба намуди Парки инноватсионию технологӣ шомил мебошанд, ки барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияи аълосифат ва рушди муассисаҳои истеҳсолии инноватсионии хурд ва миёна хидмат менамояд.

Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон худмаблағгузор буда, 8 сол боз фаъолият менамояд. Бо ҶДММ “Рухом” барои истеҳсоли лавҳачаҳо, нишонаҳо, навиштаҷот ва тасвирҳои сангӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Парки мазкур барои аз меваи хуч истеҳсол намудани доруворӣ соҳиби сертификати мутобиқат мебошад. Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти фарматсевтӣ соҳиби иҷозатнома гардидааст. 

Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ соли 2012 таъсис дода шудааст. Дар парки мазкур озмоишгоҳи “Энергияи соф” амал мекунад, ки ба таҳқиқ ва усулҳои истифодаи энергия аз манбаъҳои алтернативӣ (офтобӣ) машғул мебошад.

Дар Маркази муҳандисию техникӣ аз тарафи устодони кафедраи технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳои металбурӣ ва олотҳо якчанд дастгоҳҳои намунавӣ, ба монанди насоси гидротаран, дастгоҳи коркарди сангҳои қимматбаҳо, таҷҳизоти озмоишии таълимӣ ва ғайра сохта шудаанд. Омӯзгорони кафедраҳои тахассусии факултаи энергетикӣ низ дар таҳия ва сохтани таҷҳизоти лаборатории замонавӣ саҳми назаррас доранд.

Парки технологии Дониш-гоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур соли 2014 таъсис дода шудааст. Ба инфрасохтори Парки технологии  озмоишгоҳи «Ихтиология»  дар Корхонаи воҳиди давлатии таълимию таҷрибавии шаҳри Ҳисор бо 4 ҳавзи моҳипарварӣ, озмоишгоҳи «Лимӯпарварӣ» бо 2  гармхонаи лимӯпарварӣ, озмоишгоҳи «Гулпарварӣ»  бо 4 гармхонаи гулпарварӣ ва як майдони ниҳолпарварӣ дар масоҳати  1га дохил мешавад. Фаъолияти парки мазкур асосан ба парвариши моҳӣ, истеҳсоли лимӯ, гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола равона шудааст. Дар доираи Парки технологии Институти биотехнологияи донишгоҳ корҳои илмию тадқиқотии унвонҷӯён ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, дар доираи озмоишгоҳи гулпарварӣ ва лимӯпарварӣ ҳамасола рисолаҳои хатми бакалаврон ва магистрон  амалӣ карда мешавад

Дар ҳамаи озмоишгоҳҳо аз тарафи устодон, магистрон, докторантон ва донишҷӯён корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида мешавад. Аз тарафи Маркази миллии патенту иттилоотӣ барои ихтирои «Култиватор-нуриандози КУБ-3,5 барои зироатҳои полезӣ» ва «Тарзи коркарди хок барои пал бо ғизодиҳии зироатҳои полезӣ» сазовори патент шудаанд.

Дар назди Парки технологии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ аз соли 2015 Маркази курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ таъсис ёфтааст. Курсҳои забономӯзӣ дар ду баст фаъолият карда, машғулиятҳои дарсӣ мувофиқи ҷадвал ва барномаҳои тасдиқнамудаи раёсати таълим ба роҳ монда шудаанд. Пас аз хатми курсҳо ба шунавандагон сертификат (шаҳодатнома) супорида мешавад. Дар давраи фаъолияти маркази курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ, соли 2016 315 шунаванда, соли 2017 810 шунаванда, соли 2018 282 шунаванда, соли 2019 66 шунаванда, соли 2020 30 шунаванда соҳиби сертификат гаштанд.

Ҳамзамон, дар назди Парки технологии донишгоҳ шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ ҷиҳати ҷалби довталабон ба курсҳои тайёрӣ аз рӯи кластерҳои ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ, иқтисодӣ ва география, филология, педагогика ва санъат, ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ, тиббӣ, биологӣ ва варзиш фаъолияти пурсамар дорад. 

Аз моҳи сентябри соли 2012 дар назди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб парки инноватсиониӣ - технологӣ амал мекунад. Парк дорои  дастгоҳу таҷҳизоти пармакунӣ, сӯрохкунӣ, равғанкашӣ, қаннодӣ, деги буғӣ, хати технологии тушберабарорӣ, мошинҳои дӯзандагӣ (6 адад), асбобҳои заргарӣ, тафдонҳои барқии 380 - волта мебошад. Ҳамчунин, дар назди парк ҳавзи моҳипарварӣ, 4 гектар замини таҷрибавӣ ва матбааи чопӣ вуҷуд дорад. 

Мавриди зикр аст, ки дар баробари муваффақиятҳо мушкилоти асосии паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ин масъалаи андозсупорӣ, яъне, андоз аз фоида мебошад.Тибқи банди якуми моддаи сеюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” Парки технологӣ шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, ҳамчун муассиса дар ҳудуди махсус таъсис дода мешавад, ки бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ фаъолият менамояд. Яъне дар сурати ба даст омадани фоида, он байни кормандони парк тақсим намешавад ва танҳо ба мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва дар маҷмӯъ, рушди парки технологӣ истифода мешавад. Новобаста ба ин, аз тарафи нозироти андози шаҳру ноҳияҳо паркҳо андозбандӣ карда мешаванд. 

Масъалаи дигар, аз боҷи гумрукӣ озод намудани паркҳои технологии муассисаҳои олии кишвар ҳангоми ворид намудани маҳсулот ва қисмҳои алоҳида барои истеҳсоли маҳсулоти воридивазкунанда мебошад. Барои ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридивазкунанда пеш аз ҳама, дастгоҳ, абзор ва қисмҳои алоҳидаро дастрас намудан лозим аст.

Дар баробари ин, паркҳои технологиро зарур аст, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо ба рақобати бозорӣ ҷавобгӯ бошад, ҳамоҳангии байниҳамдигарии паркҳои технологии муассисаҳои таълимию илмӣ густариш дода шавад. Дигар вазифаи парки технологӣ, ин ташкили робита ба сохтори бахши хусусӣ дар самти пешбурди фаъолияти инноватсионӣ мебошад.

Имрӯз вақти он расидааст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани мақоми Парки технологӣ ҷиҳати аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронидани он, озмоишгоҳҳои кафедраҳои тахассусӣ, баҳри пайдо кардани ҳуқуқи санҷиши сифати молу маҳсулоти мувофиқ бо ҷалби неруи илмӣ-омӯзгории муассисаҳо кӯшиш ба харҷ дода шавад.

 

Носир Сайдализода,

сардори раёсати илм ва инноватсияи  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш