Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 71        Шарҳ: 0

 

21 июли соли 2020 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар саҳни ҳавлии маҷмаа Пешвои миллат аз рӯи лавҳаи рамзӣ парда бардошта, ба фаъолияти ин иншооти муосири варзиш оғоз бахшиданд.

Бояд гуфт, ки Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе яке аз калонтарин маҷмааҳои варзиши мамлакат мебошад.

Маҷмааи варзиш аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар  бунёд гардидааст.

Баробари ба истифода додани маҷмааи варзишӣ беш аз 200 нафар  бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам, Рустами Эмомалӣ бо шароиту имкониятҳои Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ шинос шуданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои зиёда аз 3 ҳазор ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 300 воситаи нақлиёт, қасри намудҳои варзиши обӣ барои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварии кушода бо 300 ҷойи нишаст ва 27 лифт иборат буда, ҳамчунин, дар шафати он 8 майдони тенниси кушод, ки яке аз онҳо дорои ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.

Қасри намудҳои варзиши обӣ дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст ва баландии иншоот 27 метрро ташкил медиҳад.

Қаср дорои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад. Дар таҳхона ҷойи ивази либос барои 1800 нафар тамошобин ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи якум 4 ҳавзи шиноварӣ, аз ҷумла, ҳавзҳо барои ҷаҳиш ба об, шиноварӣ, машқҳои аква - аэробика - рақси обӣ ва ватерполо ҷойгир буда, ҳамаи онҳо мувофиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот толор барои баргузории нишастҳои матбуотӣ бо 130 ҷой, 2 толори машқ, утоқҳо барои либосивазкунӣ ва истироҳати варзишгарон, утоқҳои маъмурият, 6 қаҳвахона, 9 лифт ва дигар иншооти фаръӣ ҷойгир шудааст.

Дар ин маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола сар карда, то калонсолон метавонанд бо машқу тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои чуқуриашон аз 0,7, 1,5, 3 то 6 метр мавҷуданд.

Қасрҳо ва дигар иншооти ин маҷмаа бо ранги кабуди монанд ба оби соф ороиш ёфтаанд, ки ин рамзи кишвари обҳои мусаффо ва ташаббускори ҳалли мушкилоти обии ҷаҳон будани Тоҷикистон мебошад.

Дар шафати маҷмааи  намудҳои варзиши обӣ, ҳам-чунин, ҷиҳати ба солимгардонӣ ва шиноварӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон ҳавзи шиноварии болокушода сохта шудааст, ки барои баргузории мусобиқаҳои шиноварӣ дар фасли тобистон таъин шудааст.

Ҳавзи шиноварии болокушода дар масоҳати умумии 8 ҳазор метри мураббаъ бо баландии 17 метр бунёд гардида, дорои 300 ҷойи нишаст мебошад. Иншооти мазкур барои баргузории 4 намуди варзиши обӣ, аз ҷумла, ҷаҳиш аз трамплини дорои баландиҳои 1, 3, 5, 7.5 ва 10 метр, шиноварӣ дар масофаи 25 метр ва бозии ватерполои занонаву мардона пешбинӣ гардидааст.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти ҳавзи шиноварии болокушода Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Қасри теннис, ки дар як бинои алоҳидаи зебо ҷойгир аст, дидан карданд.

Қасри теннис аз 5 ошёна иборат буда, дар майдони 40 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир шудааст ва аз 3 майдони теннис, толори гӯштингирӣ, толорҳои умумии варзиш ва машқ иборат мебошад.

Дар 3 корти теннис 12 утоқи либосивазкунӣ барои 300 нафар варзишгар, 4 толори варзиш бо тамоми таҷҳизоти муосир, толори нишастҳои матбуотӣ барои 120 нафар, қаҳвахона ва 10 лифт иборат аст.

Дар ошёнаи дуюми Қасри теннис толор барои бозиҳои футболи хурд, тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол, толори гӯштин, обутоби бадан, аэробика, гимнастика ва дигар ҷойҳои машқу тамрин мавҷуд аст.

Бунёду ба истифода додани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар ва яке аз иншооти бузурги ҷашнии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги 30 - солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.

Варзишгарон, ҷавонони саодатманду хуштолеъи кишвар ба Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми шоиста - бунёди чунин як маҷмааи бузург ва таъмини тамоми шароити зарурии машқу тамрин изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Дар як қисми маҷмааи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи гуногун ва машқу тамрини варзишгарон 8 майдони тенниси кушод бо масоҳати 5500 метри мураббаъ сохта шудааст.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншоот ва шиносоии пурра бо имкониятҳои дар он фароҳамовардашуда дар Қасри теннис дар ҳузури ҷавонону наврасон ва варзишгарони кишвар суханронӣ карданд ва ифтитоҳи иншооти бузурги варзишро ба ҷавонони кишвар ва сокинони пойтахт табрик гуфтанд.

 

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш