Нашрияи Омӯзгор

Шаҳри Ваҳдат: омодагӣ дар сатҳи баланд

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 58        Шарҳ: 0

 

Аҳли маорифи шаҳри Ваҳдат новобаста ба омилҳои маълум ба соли нави  таҳсил омодагии ҳамаҷониба дида, таъмиру тармими муассисаҳои таълимиро барвақт оғоз намуданд ва дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.

Сардори раёсати маорифи шаҳр Холмаҳмад Тӯразода иброз дошт, ки то имрӯз 98 фоизи муассисаҳои таълимии қаламрави шаҳр аз таъмир бароварда шуда, омодагӣ ба зимистони имсола низ дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Аз ҳисоби кормандони раёсати маориф гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамарӯза масъалаи таъмири ҷории мактабҳо ва омодагии муассисаҳои таълимиро ба соли таҳсили нав мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Ба иттилои Х.Тӯразода, соли таҳсили 2018-2019 аз 70 нафар мутахассис, ки тибқи роҳхат бояд ба муассисаҳои таълимӣ ба кор фаро гирифта мешуданд, 64 нафар ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтанд. Иқдоми хуби дигаре, ки раёсати маориф пеш гирифтааст, ба таҳсилоти олӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо ҷалб намудани омӯзгороне мебошад, ки бо маълумоти миёнаи махсус дар таълимгоҳҳо фаъолият мекунанд.

-Масъалаи бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намудани хонандагонро дар робитаи зич бо падару модарон мавриди пайгирӣ қарор додаем, -мегӯяд сардори раёсати маориф ва меафзояд, ки соли равон  корхонаи дӯзандагии «Ёқут» барои хонандагони тамоми зинаҳои таҳсили мактабӣ либосҳои шинаму хушдӯхт омода намудааст. Чанде  пеш дар маркази шаҳр намоиши либосҳои мактабии дӯхтаи чор корхонаи дӯзандагии шаҳр баргузор гардид. Соли гузашта 81 фоизи хатмкунандагони синфи 11-и таълимгоҳҳои шаҳр тибқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ донишҷӯи донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он  гардиданд.

Имсол бошад, 23 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимӣ дар асоси квотаи Президентӣ имтиҳонҳоро бомуваффақият супурда, сазовори номи донишҷӯ гардиданд. Ба тасдиқи Х.Тӯразода, хонандаи синфи 11-и гимназияи  Абулфазли Балъамӣ Фарзона Ҳалимова дар озмуни ҷумҳуриявии гирандагони аттестати хатм бо медали тилло дониши баланд нишон дода, соҳиби медали тилло гардид. Соли ҷорӣ омӯзгори таърих ва ҳуқуқи гимназияи ба номи Темур Собиров Ҳабиба Соҳибова дар озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори  сол» ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф гардид. Чанд сол қабл омӯзгори мактаби рақами 10-и шаҳр Идибек Мирзораҳимовро ҳамин пирӯзӣ насиб гардида буд. Бояд зикр намуд, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир карда шуда, таълимгоҳҳо бо мутахассисони пуртаҷрибаю варзида таъмин мебошанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки соли равон омӯзгори мактаби №20 Фаридун Каримов дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ» маҳорату малакаи баланд нишон дода, пирӯзӣ ба даст овард. Имсол дар доираи иҷрои Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ 50 адад компютер харидорӣ ва ба мактабҳо интиқол дода мешавад. Дар умум, барои харидории мизу курсии мактабӣ ва васоити техникии нав аз ҷониби ҳукумати шаҳр 500 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Соли равон дар озмуни шаҳрии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 3800 нафар хонанда иштирок намуда, 265 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз 48 нафар омӯзгоре, ки дар ин озмун ширкат доштанд, 8 нафар ғолиб дониста шуданд. Тайи солҳои охир дар ҳудуди шаҳр бунёду азнавсозии биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ вусъати тоза гирифт. Соли гузашта бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30, воқеъ дар деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Б.Бурунов барои  640 ҷойи нишаст бо иқдоми соҳибкори ҳимматбаланд Саъдулло Шамсуллоев сохта ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар мактаби №17 бинои иловагии дуошёна иборат аз 14 синфхона барои 350 ҷойи нишаст бо маблағгузории  Фонди Саудии Рушд, 8 синфхонаи иловагӣ дар мактаби №54,  4 синфхона дар назди мактаби №55, 10 синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58, 4 синфхона дар назди мактаби №85, бинои иловагии дуошёна иборат аз 16 синфхона дар назди мактаби №133 аз ҳисоби буҷети маҳал ва кумаки АВО сохта шудааст, ки дар арафаи соли нави таҳсил мавриди баҳрабардорӣ қарор  дода мешавад. Сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №66 иборат аз 8 синфхона идома дорад. Дар мактаби №101, воқеъ дар деҳаи Суғдиёни Ҷамоати деҳони  Карим Исмоилов 4 синфхонаи иловагӣ сохта шудааст, ки имсол ба истифода дода хоҳад шуд. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди бинои нави муассисаҳои таълимии №95, воқеъ дар деҳаи Меҳргони Ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев барои 1200 ҷойи нишаст аз ҷониби соҳибкори саховатпеша Рустам Ҳикматуллоев, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, воқеъ дар деҳаи Амоншайхии Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон барои 900 нафар хонанда аз ҳисоби буҷети ҳукумати шаҳр, мактаби маҳаллаи 14 дар маркази шаҳр бо фарогирии 1200 ҷойи нишаст аз ҷониби ширкати TWEA –и Чин, бинои мактаби №15, воқеъ дар деҳаи Ромити Ҷамоати деҳоти Ромит барои 320 ҷойи нишаст аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд, сохтмони мактаби №140 барои 144 нафар хонанда дар ду баст бо мадади ташкилоти  ҷамъиятии «Деҳи нав», дар маҷмӯъ, бинои 8 мактаби нав дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ромит ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, бо ибтикори ҷавонмарди соҳибдил Саъдулло Шамсуллоев сохтмони муассисаи томактабӣ дар маркази шаҳр оғоз хоҳад гардид…

Чунонки зикр шуд, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр хуб ба роҳ монда шудааст. Дар асоси нақшаи имсола бояд муассисаҳои таълимӣ бо 1039 тонна ангишт, 724 куб ҳезум ва 1250 литр сӯзишвории дизелӣ таъмин карда шаванд. Маблағ барои хариди ангишт аз тарафи ҳукумати шаҳр ба кони «Сайёд» гузаронида шудаву аллакай ба муассисаҳои таълимӣ кашондани ангишт шурӯъ гардидааст.

-Чанд сол қабл дар масъалаи сари вақт  пардохт намудани музди меҳнати омӯзгорони мактабҳо мушкилӣ доштем,- изҳор медорад сардори раёсати маориф Х.Тӯразода. - Ин масъала тайи ду соли охир ба пуррагӣ роҳи ҳалли худро ёфта, новобаста аз паҳн гардидани  бемории сироятии Совид-19 ва омилҳои маълум, маоши моҳи майӣ ва рухсатпулиҳои омӯзгорон пардохт гардидааст.

Метавон гуфт, ки муассисаҳои таълимии шаҳр ба соли нави хониш, ки имсол 17-уми август оғоз меёбад, омода мебошанд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш