Нашрияи Омӯзгор

Тақвиятбахшу саҳеҳсози сухан

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 49        Шарҳ: 0

 

Солҳои зиёдест, ки миёни олимони соҳаи педагогика, мураттибони китобҳои дарсии адабиёт, аҳли маориф дар бораи сатҳ, дараҷа ва зарурати омӯзиши вазни шеър ва санъатҳои шеърӣ баҳси пурихтилоф идома дорад.

Ин баҳс ҳанӯз хулосаи қатъии худро наёфтааст ва зоҳиран қазовати ниҳоии масъулинро интизор аст. Аз назари мо, амиқу бавусъат омӯхтани қоидаҳои вазни шеър ва донистани кулли санъатҳои шеърӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зарурат надорад ва танҳо муҳимтарин, паҳншудатарин ва маъмултарин санъатҳои шеъриро донистану омӯхтани шогирдон кифоят аст. Оид ба вазни шеър низ ҳамин нуқтаи назарро мо ҷонибдорӣ менамоем. Чунончи, доштани маълумот оид ба ташбеҳ, муболиға, тавсиф барин санъатҳои шеърӣ барои хонандагон зарур аст, зеро онҳо бо ин гуна санъатҳо дар ашъори китобҳои дарсии забону адабиёт зуд-зуд дучор меоянд. Яке аз ин гуна санъатҳои шеърии «фаъол» талмеҳ мебошад. Ҳанӯз дар соли аввали зинаи дуюми таҳсилот хонандагон бо ҳаёт ва эҷодиёти устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи соатҳои алоҳида ошноӣ пайдо мекунанд. Дар ашъори Одамушшуаро санъатҳои шеърӣ ба таври фаровон ва хеле муассиру бамаврид истифода шуда, ҳусну мазмуни назми ӯро боз ҳам афзудаанд. Санъати талмеҳ низ дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ мавқеи барҷаста дорад ва умуман, қофиласолори адабиёти тоҷикро метавон ҳамчун яке аз суханварони мумтоз дар бахши истифодаи ин санъати воло эътироф кард. Байти зерини устод Рӯдакӣ хеле машҳур асту дар сатҳи баланд гуфта шуда:

Бихандад лола дар саҳро ба сони чеҳраи

Лайло,

Бигиряд абр дар гардун ба сони дидаи

Маҷнун.

Ин ҷо санъати талмеҳ хеле баҷову бамаврид истифода шудаасту байтро баландмазмуну таъсирбахшу зебою хотирмон кардааст. Қабл аз тавзеҳи ин байт омӯзгорро лозим аст, ки дар бораи санъати талмеҳ ба хонандагон маълумоти мухтасару саҳеҳ ироа намояд. (Дар дарсҳои минбаъда аз ин лиҳоз онҳо маълумоти амиқтар пайдо мекунанд). Бояд таъкид кард, ки талмеҳ калимаи арабӣ буда, маънои ишора намудан ба чизеро дорад.

Он як навъ санъати бадеист ва дар адабиёти бадеӣ ҳамчун воситаи ишорат ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ, ишора ба шахсиятҳои маъруф ва ба қаҳрамонони ҳикояву афсонаҳо ва амсоли инҳо кор фармуда мешавад. Бо истифода аз санъати талмеҳ шоирон суханро кӯтоҳ мекунанд ва дар лафзи андак  маънии бисёрро ҷой медиҳанд. Дар байти зикршудаи устод Рӯдакӣ ишора ба Лайло ва Маҷнун мансуб ба санъати талмеҳ аст ва ин ҷо мо яке аз барҷастатарину мувофиқтарин ҳолати истифодаи талмеҳ дар шеърро ба мушоҳида мегирем. Вобаста ба байти мазкур омӯзгор бояд ба шогирдон дар бораи шахсият ва образи Лайло (Лайлӣ) ва Маҷнун маълумот диҳад. Қиссаи Лайлию Маҷнун машҳур аст ва мухтасари  онро хонандагон аз омӯзгор шунида, маънии байти устод Рӯдакиро саҳеҳтар дарк мекунанд ва фаҳм менамоянд, ки ӯ аз талмеҳ то ба кадом дараҷа тавонмандонаву бамаврид истифода кардааст. Барои тақвияти сухан ва фаҳмотар гаштани мавзӯъ омӯзгор метавонад оид ба санъати талмеҳ дар истифодаи шоирони дигар чанд далел биоварад. Чунончи:

Зи ҳасрати лаби Ширин ҳанӯз

мебинам,

Ки лола медамад аз хуни дидаи Фарҳод.

***

Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф

дошт, донистам,

Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад

Зулайхоро.

(Ҳофизи Шерозӣ)

Ин замин кардаст аз даври куҳан

Фикри оламро асири хештан.

Дар фироқи он Сикандар шуд кабоб,

Бобуру темурҳо хоку туроб.

(Мирзо Турсунзода)

 

Шаҳло Умарова,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №18-и шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш