Нашрияи Омӯзгор

Шӯриши Усмон ва моҳияти таърихии он

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 61        Шарҳ: 0

Таърихи халқи тоҷик ҳарчанд тайи солҳои охир бо саъю кӯшишҳои бештаре омӯхтаву тадқиқ мешавад, ҳанӯз саҳифаҳои норӯшану тадқиқнашудаи зиёде дорад. Яке аз он шӯриши заҳматкашони водии Қаротегин бо сарварии Усмон мебошад.

Ин шӯриш дар силсилаи баромаду ошӯбҳои охири садаи 19 ва аввали садаи 20 ба муқобили сохти истибдоди манғитӣ мавқеи басо хосаеро дорост. Соли ҷорӣ аз оғози он 100 сол пур мешавад ва меарзад, ки дар омӯзиши мавқеи таърихии ин шӯриш дар бедориву худшиносии халқи тоҷик, бахусус мардуми заҳматкаши кӯҳистон ковишу тадқиқотҳо анҷом дода шавад. 

Амир Олимхон пас аз фирор аз Бухорои Марказӣ дар Бухорои Шарқӣ сукунат менамояд ва аз пайи наҷоти аморати пӯсидааш мешавад. Бинобар гуреза шудан ва аз қисми асосии боигариҳояш маҳрум гаштан, ба амалдоронаш мефармояд, сафи лашкарро барои мубориза бо болшевикон пурра намоянд. Бори вазнини андозҳои нав ба дӯши мардум меафтад. Амалдорон барои пур намудани хазинаи тиҳишудаи амир хироҷҳои нав ба навро ҷорӣ намуда, кисаи худро ҳам фаромӯш намекарданд.

Ба замми ин, барои ташкил намудани лашкар амир дар бораи сафарбар намудани мардуми кӯҳистони тоҷик ба бекҳои хеш супориш медиҳад. Бори вазнини сафарбаркунӣ ҳам ба дӯши мардуми камбағал меафтад. Истибдоди рӯзафзуни амалдорони маҳаллӣ, ки барои хуш омадан ба амир аз ягон роҳ намегаштанд, косаи сабри мардумро наметавонист лабрез нанамояд. Норозигии мардум бо роҳу усулҳои гуногун -  лату кӯб кардани амалдорон, қиёмҳои стихиявӣ, саркашӣ аз пардохти хироҷ ва амсоли инҳо ифодаи худро меёфтанд. Шӯриши Усмон намунаи барҷастаи қиёми мардум ба муқобили ҳамин истибдод  ба шумор меравад.

Сарвар ва ташкилотчии ин шӯриш, деҳқони камбағал ва мардикори мавсимӣ Усмон Муҳаммадамин – сокини деҳаи Янғолиқи бекигарии Қаротегин мебошад, ки дар айни шӯриш тақрибан 35 - сола будааст. Бори гарони андозу хироҷҳо ӯро ба чоҳи қарзи гарон меандозад. Бо мадади ақрабо аз қарзҳо халос гашта, рӯ ба муҳоҷират меорад. Дар давоми солҳои 1916-1918 дар заводҳои пахта ва дигар корхонаҳои водии Фарғона, ки қаламрави империяи Россия маҳсуб меёфт, ба муздуриву корҳои мавсимӣ машғул гашта, аз воқеоти пурошӯби ин солҳо, аз қабили Ҷанги ҷаҳонӣ ва инқилобҳои меҳнаткашон хабардор мегардад.

Аввалҳои соли 1918, аснои ба диёри хеш баргаштан ба ғорати амалдорони бек дучор меояд, ки бо баҳонаи “ҳаққи ҳоким” қисми пулу моли мардикоронро кашида мегиранд. Вай аз ин бедодӣ ба ғазаб омада, яке аз амалдоронро ба зери лату кӯб мегирад ва гурехта, чандин муддат дар кӯҳҳо пинҳон мешавад. Табиист, ки амалдорони бек нисбат ба ӯ хусумат дар дил мепарваранд.

Ҳамроҳи Усмон ҳамдиёронаш низ дар водии Фарғона ба мардикорӣ машғул буданд ва минбаъд дар раванди шӯриш дар бари ӯ истоданд. Одинаи ҳойитӣ, Мулло Тоши қалъаилабиобӣ ва дигарон аз ин зумраанд.

Беки Қаротегин Мир Абдулҳафиз барои амири гуреза аскар ва боигарӣ ҷамъ меоварад. Миқдори хироҷҳо барои солҳои минбаъда чандин дараҷа меафзоянд. Ба сафарбаркунӣ бештар деҳқонони “саркашу ёғӣ” номнавис мешуданд, ки Усмон аз ҳамин қабил буд.  Усмон ва Мулло Тош то ба Душанбе, ки таваққуфгоҳи амир буд, нарасида, аз Файзобод ба қафо мегарданд. Бек аз кирдори онҳо ба ғазаб омада, ба гардани гурезаҳо пардохти пешакии андози 7-соларо бор менамояд. Худи гурезаҳо ҳам дарк мекарданд, ки амалашон бе подош нахоҳанд монд ва хироҷи 7-сола ҳанӯз “фатир аз нӯги хамир” маҳсуб мешавад. Бинобар ин, тадбирро дар қиём  намудан ба муқобили ҳоким мебинанд. Мувофиқи маълумоти мадракҳо низ маҳз ҳамин хироҷи ҳафтсола сабаби асосии шӯриш мебошад. Шӯриш аз рӯйи нақшаи пешакӣ сар зада, Усмон ҳаммаслаконаш Одина ва Мулло Тошро низ ба шӯриш ҷалб менамояд. Дар навбати худ онҳо аз Ҳойит ва Қалъаи лаби Об бо қувваи назаррас ба кумаки Усмон ба деҳаи Янғолиқ меоянд. Қисми назарраси пешвоёни шӯришро собиқ мардикорони мавсимӣ, ки дар корхонаҳои саноатии водии Фарғона заҳмат кашида, дар зери таъсири рӯйдодҳои сиёсии он солҳо рӯҳияашон дигаргун гашта, тамоюли озодипарастӣ доштанд, ташкил менамуданд.

Усмон ва ҳаммаслаконаш бо маслиҳати пешакӣ ба деҳаи Қурғон, ки дар он ҷо корвони молу ашё ва галаи аспон барои ба Амир Олимхон фиристодан ғун оварда шуда буданд, ҳуҷум намуда, ҳамаи онҳоро аз навкарон кашида мегиранд. Мувофиқи хабари маъхазҳо, дастаи Усмон, ки беш аз 2 ҳазор нафар савораву пиёдаро фаро мегирифт, аввал дар Янғолиқ ва сипас дар Навда ғун шуда, ба сӯи Ғарм, ки ҳокимнишин ва маркази маъмурии бекигарии Қаротегин ба шумор мерафт, ҳаракат мекунанд. Беки Қаротегин Абдулҳафиз дар ихтиёри хеш дастаи начандон калони навкарони мусаллаҳро дошт ва табиист, ки бефоида будани муқовиматро дарк менамуд. Бинобар ҳамин, роҳи сулҳро пеш гирифта, ба назди Усмон гурӯҳеро, аз қабили амалдорон барои музокира мефиристад ва ҳатто ба Усмон унвони бий ва мансаб ваъда медиҳад. Аммо Усмон ба ваъдаҳои ӯ фирефта нашуда, ба сӯи Ғарм ҳаракат менамояд. Абдулҳафиз муқобилатро бефоида дида, аз пайи гурехтан мешавад, вале дастгир ва ба ҳабс андохта мешавад.  Ошӯбгарон дар Ғарм ба муносибати ғалаба ҳафт рӯз шодиву хурсандӣ эълон менамоянд, ки ин хатои аввалини онҳо буд. Онҳо мебоист раванди минбаъдаи шӯришро ба нақша гирифта, аз рӯҳияву норозигии мардум истифода мекарданд ва сокинони музофоти атрофро низ ба шӯриш ҷалб менамуданд.

Ҳамин тавр, дар Ғарм бо ном “Ҳокимияти халқии Усмон” ташкил карда мешавад. Усмон раиси ҳукумат, Одина ва Мулло Тош муовинони вай интихоб мешаванд. Сарварони шӯриш камтаҷрибагии худро дар кори ҳокимиятдорӣ тан гирифта, як қисми амалдорони собиқро, аз қабили Давлатбекбий, Мулло Абдураҳими Судур, Мулло Мирзо Умед аз ҳабс озод ва соҳиби маснад менамоянд, ки хатои дувуми онҳо буд. Маҳз ҳамин хатоии сарварони шӯриш сабаби асосии шикасти онҳо гардид. Зеро амалдорони бек ба шӯриш ва шӯришгарон на фақат содиқ набуданд, балки нафрату адоват ҳам доштанд. Инчунин, онҳо дар корҳои сарварӣ низ таҷриба доштанд  ва маҳз ҳамин таҷрибаашон кор дод, ки бо роҳи найранг Усмонро бо баҳонаи “пешвоз гирифтани ихтиёриён ва хайрхоҳони шӯриш” аз Ғарм берун фиристода, бек ва дигар ҳаммаслаконашонро аз ҳабс озод намуданд. Одинаро бо баҳонаи маслиҳат ва зиёфат ба хона даъват намуда куштанд ва шӯришро бе сарвар мононданд. Усмон пас аз ду рӯз аз аҳволи Ғарм хабардор шуда, ба он ҷо мешитобад. Вале дар ихтиёраш дастаи хурде буд, ки наметавонист бо бек ва навкарони азнавғункардааш мубориза барад. Вай ба деҳаҳои атроф рафта қувва ғун менамояд, вале вақт аз даст рафта, бек ва тарафдоронаш қувваи лозимаро барои худ ғун карда буданд. Аксари шӯришгарони бесардормонда ба деҳаҳои худ гурехтанд. Кӯшишҳои Усмон барои ишғоли Ғарм бенатиҷа монда, худаш асир шуд. Бо фармони бек Абдулҳафиз, Усмон ва Мулло Тош қатл мешаванд ва ҷасади онҳо ба дарёи Сурхоб афканда мешавад. Хешовандон шабона ҷасадҳоро аз дарё бароварда дафн менамоянд. Аз воқеа яке аз амалдорони маҳаллӣ бо номи Муҳаммад Саид хабардор шуда, ба гардани онҳо ба миқдори 1500 тангагӣ товон бор мекунад ва молу мулки онҳоро тарака эълон менамояд.

“Ҳокимияти халқии Усмон” дар Ғарм ҳамагӣ 15 рӯз пойдор буд. Чуноне қайд намудем, сабаби асосии шикасти ин ҳокимияти халқӣ  камтаҷрибагӣ, содагии омиёна, надоштани нақшаи амал ва аз қабили инҳо буд. Вале худи раванди қиём ва ташкил шудани ҳокимияти халқӣ дар дурдасттарин гӯшаи аморати тираи Бухоро нишони он буд, ки мардум батадриҷ бедор мешуд. Рӯҳи озодипарастии мардуми кӯҳистони тоҷик эҳё мегашт. Муҳимаш мардуми кӯҳистон алайҳи истибдод ба тавру усули фаъол, яроқ ба даст ба мубориза бархост. Муборизааш натиҷа дод ва таъсири амиқе дар худшиносиву озодихоҳии мардум гузошт. Агар шӯришгарон ва сарварони онҳо бетаҷрибагиву содагӣ намекарданд, алангаи оташ минтақаҳои ҳамсояро низ фаро мегирифт ва натиҷаи амиқе ба бор оварда, заминасози ҳаёти нав дар минтақа мегардид. Аз умри ҳокимияти амирӣ дар Бухорои Шарқӣ рӯзҳои башумор боқӣ монда буд.  Усмон метавонист бо Ҳокимияти Шӯравӣ алоқа барпо намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шавад ва шояд дар сохти давлатдории тоҷикон тағйироте ба амал меомад.

 

Муртазоалӣ Муродов,

омӯзгори мактаби № 57,

 шаҳри  Истаравшан   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш