Нашрияи Омӯзгор

Пайрави модар ҳастам

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 51        Шарҳ: 0

 

Модарам Ҳалима Оқилова зодаи шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфара буда, соли 1972 Институти педагогии ба номи Киров (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров)- ро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти рус хатм карда,  тибқи роҳхат ба ноҳияи Айнӣ ба кор  фиристонида мешавад.

Он солҳо дар мактабҳои ноҳияи мазкур омӯз-горони забони русӣ намерасиданд.  Ҳалимаи ҷавон корро дар мактаби асосии №32-и деҳаи Курӯд оғоз намуд ва инак, 48 сол боз дар мактаби мазкур фаъолият дорад.  Бори аввал вақте ба таълимгоҳ ворид мешавад, ба худ мегӯяд, ки наход, ин бинои мактаб бошад? Замоне ин мактабро бо усули ҳашар сохта будаанд. Фарзандони сокинони деҳа баъди хатми  синфи 8-ум 6 км роҳро тай карда, дар мактабҳои маркази ноҳия  таҳсилро дар синфи 9 ва 10 идома медоданд. Вақте муаллима Ҳалима Оқилова сарвари муассиса таъйин мешавад, як фикр ӯро ором намегузорад: чӣ бояд кард, ки хонандагони синфҳои болоӣ аз ин ранҷу азоб раҳо ёбанд? Бонуи дилсӯзу ғамхор чандин маротиба ба идораҳои дахлдор муроҷиат кард, аммо бефоида. Бинобар ин, тасмим гирифтанд, ки бо ёрии омӯзгорони мактаб ва дастгирии сокинони деҳа тавассути ҳашар 4 синфхонаи иловагӣ, 1 китобхона ва 1 устохона дар назди мактаб бунёд кунанд. Ҳамин тавр, андозае шароит муҳайё гардиду муассисаро ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил доданд. Хурсандии мардуми деҳаро ҳадду канор набуд, зеро акнун фарзандони онҳо аз азоби тай кардани роҳи дурудароз озод гардида, дар мактаби деҳаи худашон таҳсилро хатм мекарданд. Новобаста аз ин, бинои мактаби куҳна ба таъмир ниёз дошт. Мутаассифона, идораҳои дахлдор ба ин масъала бетаваҷҷуҳ буданд. Пирони деҳа маслиҳат доданд, ки сангҳои сафеди деҳа гаҷ асту аз онҳо оҳак тайёр кардан мумкин. Ба кордонию меҳнатдӯстии муаллима ҳамагон қоил шуданд.

Ҳалима Оқилова ҳамчун педагог корҳои назорати дохилимактабиро низ хуб роҳандозӣ мекунад. Омӯзгорони мактаб ӯро ҳамчун омӯзгори навовар, эҷодкор, роҳбари кордон, пурмасъул ва сахтгир эътироф мекунанд. Ба ҳар як машғулияти таълимӣ ҳаматарафа тайёрӣ дида, бо истифода аз асбобҳои аёнӣ ва воситаҳои техникӣ дарсҳояшро самаранок мегузаронад ва чунин тартибро ба омӯзгорони ҷавон низ тавсия медиҳад. Маҳорати баланди касбию истеъдоди нотакрор, ки дорад, дар таълими забон ва адабиёти рус як қатор дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд овард. Дар озмуни вилоятии «Муаллими сол» соҳиби ҷойи сазовор гардида, бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз  гардид.

Мақолаҳои илмӣ-методии Ҳалима Оқилова дар маҷаллаҳои соҳавӣ, аз ҷумла, «Русский язык в школах Таджикистана», «Масъалаҳои маориф», инчунин, дар нашрияҳои даврӣ чоп мегарданд. Тавсияҳои методияш дастраси омӯзгорони ноҳия гардидаанд. Имсол дастури таълимии ӯ бо номи «Если любишь труд», ки нақлу бардоштҳояш аз таҷрибаи кориаш мебошад, аз чоп баромад ва дастраси омӯзгорон гардид. Роҳбари иттиҳодияи методии муассиса буда, ба омӯзгорони ҷавон маслиҳати методӣ медиҳад. Ҳамчун мушовири ғайриштатӣ раҳбари курсҳои бозомӯзии омӯзгорони забони русӣ мебошад. Ду маротиба директори мактаб буд. Бо тавсияҳои ӯ ҳамасола духтарони зиёде аз (10 - нафарӣ) деҳа таҳсили худро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии  ҷумҳурӣ давом медиҳанд.

Муаллима аз маблағи худ як қатор корҳои ҷамъиятиро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, роҳи байни деҳа ва маркази ноҳия таъмир карда шуд ва дар деҳа  бинои нави «Кошонаи ҳусн» ва «Сехи дӯзандагӣ» қомат афрохт.

Ман омӯзгори таърих ва ҳуқуқ мебошам ва бо модари худ Ҳалима Оқилова  ифтихор дорам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки дар зиндагию кор пайрави ӯ бошам.

Заррина Оқилова,

омӯзгори мактаби №32, ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш