Нашрияи Омӯзгор

Номи нек аз кори неку ёфтӣ

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 64        Шарҳ: 0

 

Ман Ҳамид Маҷидовро нисбат ба ҳама хубтару беҳтар мешиносам, зеро он кас барои ман ҳам ҳамсинф, ҳам рафиқи бачагӣ, ҳам ҳамсабақ, ҳам ҳамкор, ҳам маслиҳатгару дӯсти наздик ва ҳам устод мебошанд.

Синну соли мо аз ҳамдигар ҳамагӣ якуним сол фарқ мекунаду то синфи чаҳорум дар синфе мехондем, ки дар он талабагони синфҳои якум, дуюм ва сеюм дар як вақт дарс мешуниданд. Ин гуна мактабҳоро бисёркомплекта меномиданд. Муаллимамон қиблагоҳамон Маҷид Раҳимов буданд. Дарс ба таври зайл сурат мегирифт: 15 дақиқа барои синфи якум (масалан, дарси хониш), 15 дақиқа барои синфи дуюм (масалан, дарси забони модарӣ), 15 дақиқа барои синфи сеюм (масалан, дарси математика). Вақте ки падарамон дар синфи сеюм аз математика дарс мегуфтанд, синфҳои якум ва дуюм хоҳ-нохоҳ ба гуфтаҳои муаллим гӯш мекарданд. Аз ин рӯ, бачаҳои қобилиятнок мавзӯъҳои синфи сеюмро низ дарк менамуданд. Дар ин замина бо бародарам Абдуҳамид, махсусан, дар вақти дарстайёркунӣ баҳс мекардем. Ба ин баҳс ҳатман қиблагоҳамон шабона ҳамчун падар ва рӯзона ҳамчун устоди мушфиқу меҳрубон ҳамроҳ мешуданду ба он хотима медоданд. Ин ҳол ба таври мунтазам қариб ҳар рӯз такрор меёфт.

Устод аз он ҷиҳат рафиқи бачагиам буданд ва табиист, ки мо дар як ҳавлӣ зиндагӣ ба сар мебурдем. Лаҳзаҳои ширини бачагиро бо ҳам медидем. Ҳамроҳ дар корҳои хона ёрӣ мерасонидем, ҳамроҳ ба корҳои саҳроӣ мерафтем.

Аз он ҷиҳат бо ҳам ҳамсабақи донишҷӯӣ будем, ки ман дар курси якум он кас дар курси сеюми факултаи физикаю математика, ман дар шуъбаи математика Абдуҳамид дар шуъбаи физика ва асосҳои истеҳсолот таҳсил менамуданд. Ман дар хобгоҳи донишкада, он кас дар иҷора менишастанд. Мо аз ҳоли якдигар доимо бохабар будем. Якдигарро назорат карда меистодем. Аз ҳамин ҷиҳат бошад, ки ҳар ду ҳам донишҷӯёни фаъоли факулта ба ҳисоб мерафтем. Бо маслиҳати якдигар кор мекардем. Аз он ҷиҳат мо ҳамкор мебошем, ки он касро соли 1966 ҳамчун донишҷӯи таҷрибаомӯз (дигарҳоро аз сабаби дар мактабҳои ҷумҳурӣ нарасидани муаллимҳои физикаю математика ба муддати як сол ба ҷои таҷрибаи омӯзгорӣ ба сифати муаллими мактаб фиристонида буданд) дар кафедраи физикаи умумӣ ба ҳайси лаборант нигоҳ дошта буданд. Эшон баъди аспирантура соли 1970 ба ҳайси омӯзгор ба ҳамон кафедра баргаштанд. Ман бошам, баъди хатми донишкада ва як соли армия соли 1969 ба ҳайси омӯзгори кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо даъват шудаму мо боз ҳарду якҷоя кор мекардем. Баъдтар Ҳамид Маҷидов мудирии кафедраи физикаи умумиро, ман бошам мудирии кафедраи таҳлили риёзиро ба уҳда доштам. Илова бар ин, дар лабораторияҳои илмию тадқиқотие, ки бо ташаббуси устод кушода шуда буду дар он ҷо корҳои шартномавиро иҷро мекарданд, баъди дарсҳо ҳамкорӣ мекардем.

Муҳити зиндагии мо бо китобу қалам алоқаманд буд. Дар хонаи мо доимо фазои шеъру шоирӣ ва баҳси илмӣ ҳукмфармо  буд, ҳатто меҳмонҳоямон ҳам бо байтбараку чистонгӯиву аскияву қофиягӯӣ ва ҳофизӣ табъи худашон ва атрофиёнро хуш мекарданд. Ин шояд аз он ҷиҳат бошад, ки ҳам авлоди падарии падарам, ҳам авлоди модариашон аз аҳли илму маърифат буданд. Онҳо соҳибмаълумот (хатмкардагони мадрасаҳо) буда, ба сафари ҳаҷ (бобои модарии падарам - Ҳоҷӣ Мулло Бобо ду маротиба зиёрати ҳаҷ карда будаанд) рафта буданд. Аз тарафи дигар, падарам шеърдӯст, эҷодкор ва аскияу қофиягӯ буданд. Бо ширингӯиҳояшон шуҳрат доштанд.

Ману бародарам Ҳамид Маҷидов дар ҳамин гуна муҳит ба воя расидем. Ман бисёртар ба корҳои хона ёрӣ мерасонидаму акоям бо пазироии меҳмонҳо машғул буданд, чунки дар хона дастёри калони дигар набуд.

Аз синфи 4-ум то синфи 7-ум Ҳ. Маҷидов дар мактаби ҳаштсолаи деҳаи ҳамсоя - Искич хонда, баъд дар мактаби миёнаи деҳаи Хонақоҳи Кӯҳӣ таҳсилро давом доданд. Дар мактаби Искич бисёр талабаи фаъол буданд. Бар замми аъло хонданашон дар маҳфили бадеӣ иштирок менамуданд. Нағз дар хотир дорам, ки он кас бо хоҳиши устоди бузургамон, Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нависанда Лутфӣ Саид суруди Абдулазизи Хонақоҳӣ «Гули садбарги сурхеро харидам»-ро дар ҳар ҷамъомад мехонданду сазовори таҳсин мешуданд.

Соли 1962 ҳамид Маҷидов мактаби миёнаро хатм намуда, ба факултаи физикаю математика, шуъбаи физика ва асосҳои истеҳсолоти Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) дохил шуданд. Хурсандии қиблагоҳ ҳадду канор надошт, гумон мекардам, ки чандин сол ҷавон гашта буданд. Таҳсили солҳои якуму дуюми донишҷӯӣ бо баҳои аъло мегузашт. Ҳар вақте ки ҳамид ба қишлоқ меомаданд, тамоми аҳли қишлоқ, махсусан, мӯйсафедон мувофиқи анъанаҳои мардуми кӯҳистон гӯё меҳмони олиқадр аз пойтахт омада бошад, яке қаймоқ, дигаре ангур, сеюмӣ чормағз, чорумӣ ягон хел меваи дигар оварда, то нимаи шаб суҳбат ороста, бо меҳру муҳаббат ба ҳамид нигариста, аз ҳар хусус пурсон мешуданд. Хондан дар донишгоҳ чӣ тавр аст? Профессорон чӣ гуна одаманд?..

ҳамид ба ҳар кас дар доираи фаҳмишашон ҷавоб мегардониданд.

Бо қарори шӯрои илмии факулта Ҳамид Маҷидовро барои дохил шудан ба аспирантура роҳхат доданд. Соли 1967 устод дар назди кафедраи физикаи умумии ДДОТ ба номи С. Айнӣ аз рӯи ихтисоси «Физикаи гармо ва физикаи молекулавӣ» ба аспирантура дохил шуданд.

Бародарам дар муҳлати муқарраршуда тадқиқоти худро ҷамъбаст намуда, моҳи декабри соли 1972 (дар 26-солагӣ) дар шӯрои диссертатсионии ДДМТ дар мавзӯи «Гармигузаронии эфирҳои мураккаби кислотаи сирко дар фишор ва ҳарорати баланд» рисолаи номзадии худро дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика гардиданд.

Ҳамид Маҷидов барои давом додани тадқиқоти худ дар назди факултаи физикаи  ДДОТ ба номи С. Айнӣ лабораторияи илмӣ-тадқиқотӣ таъсис доданд. Дар ин лаборатория ҳамроҳи аспирантон ва унвонҷӯён ба таҳқиқи хосиятҳои гармофизикии як қатор ҷисмҳои сахт, моеъҳо ва газҳо машғул гардида, натиҷаи тадқиқоти худро ба шакли мақолаву маърӯзаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои гуногун чоп намуданд.

Дар давоми солҳои 1978-1980 дар лабораторияи илмӣ – тадқиқотии «Физикаи гармо ва физикаи молекулавӣ»-и кафедраи физикаи умумии ДДОТ ба номи С. Айнӣ таҳти роҳбарии дотсент Ҳамид Маҷидов хосиятҳои гармофизикии катализаторҳои донагии истеҳсолкардаи Пажӯҳишгоҳи кимиёи амалии шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург) вобаста ба ҳарорату фишор дар муҳитҳои газии гуногун ва дар шароити вакуум тадқиқ карда шуд.

Ҳамид Маҷидов соли 1990 дар мавзӯи «Хосиятҳои гармофизикии системаҳои донагӣ барои тақсим намудани сӯзишвориҳои моеъи яктаркиба истифодашаванда» дар Пажӯҳишгоҳи энергетикаи ядрои АУ Белоруссия рисолаи докторӣ дифоъ намуда, ба гирифтани дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ сазовор гардиданд.

Соли 1991 ба устод унвони илмии профессори кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев дода шуд.

Зери роҳбарии эшон як нафар рисолаи докторӣ ва сездаҳ нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд ва гурӯҳи дигари пажӯҳишгарон дар арафаи ҳимояи рисолаҳои худ қарор доранд.

Профессор Ҳамид Маҷидов дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ аз соли 1987 то 1994 дар вазифаи сарвари кафедраи физикаи умумӣ кор карданд. Аз соли 1994 ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо даъвати раёсати он ба кор гузаштанд. Дар ин ҷо устод ҳамчун донишманди асил, ташаббускор ва роҳбари эҷодкор дар вазифаҳои мудири кафедраи «Асосҳои назариявии технологияи пешқадам», ноиби ректори донишгоҳ доир ба таълиму тарбия, ноиби ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, декани факултаи тиҷорат ва гумрук хеле пурсамар кор карданд.

Профессор Ҳамид Маҷидов барномаи комплексиро оид ба тарбияи донишҷӯён таҳия карданд, ки дар он системаи мантиқии кори қисми таълим, деканат, сарпараст ва ташкилотҳои ҷамъиятии донишҷӯён ба эътибор гирифта шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани вазъи таълим барои ихтисосҳои 2712 таҳти роҳбарии професор Ҳамид Маҷидов дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон лабораторияи илмӣ-тадқиқотии «Технологияи тайёркунии хӯроки омма ва нӯшокиҳо» таъсис дода шуд ва дар ин лаборатория устодони донишгоҳ, аспирантон ва донишҷӯён ба иҷрои рисолаҳои номзадӣ ва дипломӣ машғул шуданд. Дар лабораторияи мазкур аз гиёҳҳои Тоҷикистон 31 номгӯй чой ва иловахӯришҳои табобатӣ тайёр карда шуданд ва барои онҳо соли 2000 идораи давлатии патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ «Шаҳодатнома ба нишони молӣ» дод. Бо кӯшишҳои бобарори профессор Ҳ. Маҷидов ҷараёни таълиму тарбия дар факултаи тиҷорат ва гумрук ба сатҳи баланд бардошта шуд. Ҳар сол донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар конференсияи донишҷӯён маърӯза мехонданд, дар озмунҳо ғолиб мегардиданд.

Дар баробари фаъолияти омӯзгориашон профессор Ҳ. Маҷидов ба корҳои илмию методӣ ҳам машғул мешаванд ва то имрӯз, зиёда аз 400 мақолаи илмӣ, воситаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ чоп намудаанду муаллифи якчанд ихтирои илмӣ мебошанд. Аз васоити таълимӣ ва дастурҳои методии устод донишҷӯён, аспирантон, муаллимони мактабҳои миёнаю олӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Ҳамид Маҷидов муаллифи китоби дарсии физика барои синфҳои 7, 8, 9, 10 ва нуҷум барои синфи 11-и мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мебошанд.

Мақолаҳои илмии профессор Ҳамид Маҷидов дар нашрияҳои бонуфузи ИДМ, ИМА, Испания, Олмон, Чехословакия, Австрия… чоп гардидаанд.

Устод дар як қатор конференсияҳои бонуфузи байналхалқӣ, умумииттифоқӣ, ҷумҳуриявӣ маърӯза хондаву сазовори баҳои баланди аҳли илм гардидаанд.

Корҳои илмии профессор Ҳамид Маҷидов аҳамияти стратегӣ дошта, дар системаҳои кайҳонӣ низ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Дастгоҳҳои таҷрибавие, ки барои ченкунии хосиятҳои гармофизикии моддаҳо сохтанд, дар бисёр лабораторияҳои ИДМ истифода мешаванд.

Ҳоло устод иҷрои вазифаи профессори кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба уҳда доранд.

Устод чандин сол раиси «Гурӯҳи коршиносони фанни физика» ва узви «Шӯрои миллии таҳсилот»-и Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд ва дар беҳтар гардидани сифати китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатӣ доир ба физика саҳми арзанда гузоштанд.

Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, профессор Ҳамид Маҷидов академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Россия, шуъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ, Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи байналхалқии муҳандисӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии «Тоҷикматлубот» мебошанд. Хизматҳои ин олиму устоди варзида, инчунин, бо туҳфаи хотиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба муносибати Рӯзи омӯзгор, соли 2006) ва бо унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» қадр карда шудаанд.

Рашид РАҲИМОВ,

профессори кафедраи математикаи олии  Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш