Нашрияи Омӯзгор

Хӯшаҳои шеър ва ҳаловати сояи арча

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 68        Шарҳ: 0

 

Нахустин хабару мақолаҳои мо ва шеъргунаҳоямон бо таҳриру иловаю аз байн бурдани сактаҳо аз тарафи устод Субҳон Туйғун дар саҳифаҳои рӯзномаи ноҳиявии «Меҳнат» (ҳоло «Файзи Зарафшон») чоп мешуданд. Баъдтар бо тавсияи устод он навиштаҳоеро, ки моҳияти вилоятию ҷумҳуриявӣ доштанд, ба нашрияҳои «болоӣ» мефиристодем. Ва нашри онҳо боиси хурсандиамон мегардиду миннатдор аз устод мешудем. Саҳни мактаби деҳаамон чанд бех дарахти арча дошт ва онҳо сояафкан шуда буданд. Баъди хатми мактаби олӣ ҷойи шеърхонии мо, муаллимону шогирдони шеърдӯст, ҳамин макон буд. Устод С.Туйғун ҳанӯз шеърҳои худро ба шакли китоби алоҳида сарҷамъ накарда буданд. Мо тавассути рӯзномаи «Меҳнат» шеърҳои худи устод ва навқаламонеро мутолиа мекардем, ки устод роҳнамо буданд. Ҳамин ки Соли нави милодӣ наздик мешуд, дар ҳавои сурудаҳои халқии «Соли нав мӯрак бошаде» ҳазлҳои намакини он кас ба роҳбарону дигар кормандони соҳаҳо ба табъ мерасид ва мехондему механдидем. Оид ба дигар мавзӯъҳои рӯз низ аз шеърҳои устод мехондему ғизои маънавӣ мегирифтем. Мефаҳмидем, ки устодро аз шеър то шеър тору пуди сухан қавитару латофати сухан шевотар, балоғати калом пухтатар мешавад. Ҳанӯз ҳам аз пайи чопи китоби мустақил набуданд, хоксорӣ мекарданд ва эҳтироми шеърро медоштанд. Оқибат бо  тавсияи  дӯстон ва хоса, устод Қутбӣ Киром нияти нашри китобро карданд…

Дар шаҳри Самарқанди  бостонӣ курси муаллимиро ба итмом расонданд. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. ғафуровро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм карда, пешаи омӯзгорӣ намуданд ва сарвари дабистони зодгоҳ шуданд ва пасон ба корҳои давлатӣ пардохтанд. Пас аз хатми мактаби олии ҳизбии шаҳри Маскав то охири ҳаёт муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ буданд. Ба шогирдони зиёди эҷодкорашон фотиҳаи нек додаанд. Айёме фаро расид, ки  бо амри дил шеърҳояшонро ба китобҳо тақсим карданд. Китобҳои «Варзи Манор», «Гардун» «Суруди Урметан», «Мурғи саро», «Манзари баланд», «Оҳи дил» солҳои мухталиф чоп шуданд. Ба ин китобҳо шоирони сухансанҷу сухандони мо  Одина Мирак, Гурез Сафар, Сайидалӣ Маъмур муҳаррирӣ кардаву пешсухан ҳам навиштаанд. Домани мавзӯъҳои устод васеъ мебошад. Мавзӯъҳои Ватан, ваҳдату сулҳу дӯстӣ, меҳри модар, васфи коргару деҳқон, танаффур ба хиёнатҳои душманони миллат, танқиди рафтору кирдори фардҳои пастҳиммату иғвоангезу хабаркашу дурӯғгӯ асоси эҷодиёти устодро фарогиранд. Устод ифтихор аз тоҷику Тоҷикистон доштанд:

Номи тоҷик дар забону дар дилу

дар пайкарам,

Ишқи тоҷик пок дорам мисли

шири модарам.

Дар шеъри «Устоди нотакрор» образи устод Садриддин Айнӣ хеле равшан ба тасвир омада. Абадзинда будани Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айниро чунин таъкид мекунанд:

Дар иқлими маониҳо ту қасреро

бино кардӣ,

Аё устоди нотакрор, мондӣ дар

ҷаҳон подор.

Ҷанги шаҳрвандӣ дарди дили устод шуд:

Буд агарчи дар либоси мо басе

зангори ғам,

Ғунча бишкуфт аз тараб, ҳоло

гули хандон шавад.

Дар лаҳзаҳои нозуки тақдирсоз устод мардумро тавассути сухан ба дӯстию ваҳдат даъват анмуда, дар ситоиши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки сабабгори пояндагии кишвар шуданд, гуфтаанд:

Эмомалӣ шуд сарварат, як зина

боло манзарат,

Андар самои тоҷикон шамсу

қамар, хуш омадӣ!

Ҷузъи ҷудонашавандаи Ватан зодгоҳ аст. Деҳаи Урметан бо шахсиятҳои фарҳангию илмиаш вирди забонҳост ва устод муҳаббати  хешро ба  ин деҳаи маъруф дар суруди «Ушшоқи Урметан» ифода кардаанд:

Агар хоҳӣ тамошо кун, биё,

гулзори Урметан,

Бубинӣ меҳри тобонро ту дар

рухсори Урметан.

Орзую омол, мақсаду мароми устод дар шеърҳои «Муноҷоти Урметан», «Суруди Урметан», «Духтари Фалғар», «Варзи Манор» «Деҳаи ман», «Деҳаи Рарз», «Фондарё», «Деҳаи Похут» ва амсоли инҳо баён ёфтаанд.

Адабиётшиноси варзида Юсуф Акбарзода қайд карда буданд: «Қутбӣ Киром яке аз нахустин касон буд, ки мавзӯи зодгоҳро ба шеъри тоҷикӣ дохил намудаанд». Устод Субҳон Туйғун, ки аз ин ва  дигар паҳлуҳои эҷодиёти Қутбӣ Киром бархӯрдор буданд, дар ситоиши зодгоҳ анъанаи он касро давом доданд.

Устод донандаи хуби  адабиёти классикӣ ва забони тоҷикӣ буданд. Дар шеърҳо ба талаботи каломи фасеҳ эътибор медоданд ва дар мавриди муносиб аз вожаҳои адабию гуфтугӯии шинам истифода менамуданд, ки ин малоҳати шеърашонро ҷаззобтар менамуд.

Калимаҳои мураккаби нимашаб, якҷиҳат, дунфитрат, каҷрафтор, балогардон, сайдафкан, нимшуста, паррехта, мушкилсалосил, шарафгумкарда, сияҳкор, фалаксол, сабзазамин, адосанҷ,.. калимаҳои хоси лаҳҷаю шево, мисли ёна, обилда, ҳузарб, арасот, ғанав, қуллоб… дар шеъри устод бамавриду ҳадафмандона истифода шудаанд.

Мегӯянд, ки каломи зебо сайқали дилҳост ва ҳар адиб тавассути  санъатҳои сухану воситаҳои тасвир суханро бозӣ медораду ба матлаб мерасад.

Ҷаҳонро медиҳад оро фақат зан,

Биҳишти рӯи ин дунё фақат зан.

Маҳу хуршеду кулли ахтаронро

Ба гардун мекунад зебо фақат зан.

Ин ҷо радиф бо таъкиди «фақат зан» шеърро ба дил наздик намуда, ташбеҳҳо муносиб омада, образи лирикиро пурраю комил кардаанд. Дар ашъори устод чунин радифҳои тозаву тар зиёд ба мушоҳида мерасанд.

Дар осори устод ҳаҷву танз, шиорҳои кинояомез, луқмапартоӣ, тамасхур низ ба чашм мерасанд, ки ниқоб аз рӯи қаҳрамони манфӣ мебардоранд. Дар «Расво мешавӣ», «Маҷлисбозӣ», «Раис», «Шумқадам», «То тоза гардад», «Вой бар ҳоли ману…», «Хушомадгӯй», «Ранги парида», «Аё ҳанноту мултонӣ», «Гурбаи хаппак» барин шеърҳое, ки бо қалами ҳаҷв иншо шудаанд, хислату рафтори номақбули ҳамзамонони мо ҳаҷву масхара ва саркӯб шудаанд.

Устод хамеша миёни мардум буданд ва аз ин рӯ, дар шеърҳояшон тасвири сунъиро намебинем. «Тасвири бофта ё аз ҳақиқати воқеӣ дур завқи солимро хароб мекунад», - таъкид мекарданд ҳамеша. Санъати талмеҳ дар ихтиёри устод амсоли кабки ромшуда буд. Соатҳо дар атрофи шеъри классикӣ гуфтугӯ мекарданд ва оид ба ҳамаи талмеҳҳо маълумоти пурраи таърихию асотирӣ доштанд.

Талмеҳҳои Исмоил, Доро, Ҷам, Хизр, Қорун, Лайлӣ, Маҷнун, Рустам, Замзам, Ҳотам ва чандин дигар далели ин ишораҳоянд:

Хок шуд Маҷнун ба роҳаш бӯи

роҳат ёбад ӯ,

Бар сари лавҳи мазораш сурати

Лайло занад.

Устод дар гуфтани рубоӣ, дубайтӣ, мухаммас низ қувва озмуда, мавзӯъҳои дархӯри замонро аз рӯи нигоҳи хоси худ ба риштаи тасвир кашидаанд. Оҳанги рубоиҳои халқӣ ё таъсири онҳо дар эҷодиёташон назаррас аст:

Ҷононаи ман, майли дарав мекардӣ,

Ту орзуи гандуму ҷав мекардӣ.

Хаста шудаю агар ки як дам гирӣ,

Дар зонуи ман кош ғанав мекардӣ.

***

Зи қаъри ин замин то авҷи гардун,

Мисоли Ибни Сино донӣ мазмун.

Ҳамеша ҳал кунӣ ҳар

мушкилеро,

Намедонӣ, ки асрори худат чун.

Устод то нафаси охирин шеър гуфтанд. Хубу сараю дилкашу ҷаззоб гуфтанд, вале таҳқиқгарон фурсат наёфтанд, то дар атрофи чакидаҳояшон чизе бигӯянд, ки комашон ширин аз он гардад. Ҳамоно бо шеваи хоксоронаи хеш садо доданд:

Наҷми рахшони само дар хирмани 

аҳли адаб,

Шеъри ман чун хӯшачини

думравони ахтар аст.

Хӯшаҳои шеъри устод пурдон буданд. Агар устод зинда мебуданд, имсол навадсола мешуданд. Равонашон шод бод.

Набошад зери по, Субҳон,

суханвар,

Сухан бошад чу тоҷи сар,

намирад.

Маъруфи Ҳисом,

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш