Нашрияи Омӯзгор

Иртиботи тамаддунҳо: Саразм, Моҳенҷодаро, Ҳараппа…

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 88        Шарҳ: 0

 

(Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта)

Теъдоди зиёди дастпонаҳо аз ҷилди нимкураи гӯшмоҳиҳо сохта шудаанд. Ба ақидаи Ҷ.М. Кенойер, “дар бозёфтҳои бостоншиносон пас аз санг ва терракота ҷилди гӯшмоҳиҳо яке аз маводи асосӣ ба ҳисоб меравад. Ва дар аксар мавзеъҳои таърихии Ҳинд артефактҳои аз ҷилди гӯшмоҳӣ истеҳсолшуда ба теъдоди зиёд мавҷуданд. Технологияи истеҳсоли он дар Ҳинд ҳанӯз аз ибтидои давраи неолит (асрҳои VII-III)  васеъ ба роҳ монда шуда буд”.

Махсусан, дар замони инкишофи тамаддуни Моҳенҷодаро истеҳсоли ин намуди маҳсулоти бозоргир хеле афзуд. Ҷ.М.Кенойер муайян намудааст, ки дар Моҳенҷодаро аслан аз ҷилди гӯшмоҳиҳои Турбинела пирам, ки дар байни баҳри Араб ва халиҷи Бенгал умр ба сар мебаранд, истифода мебурданд.

Дастпонаҳои Маликаи Саразм аз ҳамин намуд ҷилди гӯшмоҳӣ тарроҳӣ карда шудаанд. Бархе аз муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки дастпонаҳои Маликаи Саразм шояд аз Гуҷарат ва ё Кутчи Ҳиндустон ворид карда шуда бошад. Вале дар ҳар сурат, ин дастпонаҳо дар шакли маҳсулоти тайёр ба Саразм ворид карда шудаанд. Маълум аст, ки бостоншиносон дар қабри Маликаи Саразм инчунин шабаҳои гуногун, аз ҷумла, 49 адад тиллоӣ, 166 адад лоҷувардӣ, 48 адад фирӯзагӣ ва 1159 адад ақиқиро дарёфт намудаанд.

Бамаврид аст, ироа намоем, ки ҷуфти дастпонаи дар Саразм ёфтшуда ба нисбати ҳамаи дастпонаҳое, ки дар Ҳиндустон дарёфт шудаанд, ҳатто ба замони пештар мансубият дорад. 

Ҳангоми яке аз сафарҳоям ба Ҳиндустон озими Ракҳигарҳӣ гаштам. Ракҳигарҳӣ як деҳаи калонҳаҷмест ва гирду атрофашро майдонҳои сабзу хуррами найшакар фаро гирифтаанд. Гумон мекардам, ки майдони ҳафриёти ин ҳамворазамини сарсабз фароху доманадор ва ғайримаъмулист. Аммо хилофи назари ман байни киштзорҳои кишоварзон пора-пора заминҳои ҳафриётшудаеро дарёфтам, ки  бостоншиносон ин ҷо далели тамаддуни қадимаи Ракҳигарҳиро дар заминаи фарҳанги Ҳараппа ҷустуҷӯ намудаанд.

Масалан, чунин яке аз бозёфтҳои ҳаммонанд боқимондаҳои занест, ки дар Ракҳигарҳии Ҳинд - ҳудуди имрӯзаи раёсати Ҳарияна ҳангоми ҳафриёт ба мисли Маликаи Саразм пайдо намуданд, ки бо дастпонаву зару зевар ба хок супорида шудааст ва чунин бозёфтҳо дар ҳафриёти тамадуни Ҳараппа ягона нестанд. Танҳо дар ҳудуди Ракҳигарҳӣ  ёздаҳ адад чунин қабрҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Вале чи хеле ки Н.Иботсон қайд намудааст, ин гуна бозёфтҳо аз лиҳози замонӣ баъд аз Маликаи Саразм рӯнамоӣ шудаанд.

Нуқтаи ҳайратовар он аст, ки дар Мессопотамия низ чунин анъана дар ҳамин давра ҷой доштааст. Масалан, дар Мессопотамия ҳангоми дарёфти қабри шоҳ рӯшан гашт, ки ӯро бо ҳама артефактҳои шоҳӣ, зару зеварот аз ақиқ, лоҷувард ва фирӯза - маҳсули тамаддуни Ҳараппа ба хок супоридаанд.            

Бозёфтҳои зиёди бадастомада аз он шаҳодат медиҳанд, ки санъати ҳунармандӣ ва махсусан, ҳунарҳои мардумӣ дар Саразми бостон ба авҷи аълояш расида буд ва гумон меравад, ки қисмате аз ҷилди гӯшмоҳиҳо, фирӯза ва ақиқ ҳамчун ашёи хом аз Ҳинд ба Саразм ворид карда мешуд.

Инкишофи ҳунармандӣ ва хосатан, истеҳсоли маводи ороишӣ дар Ҳиндустон равнақ дошт. Метавон ин ҷо назаре ба омӯзиши муаррихи номвари ин кишвар Упендир Сингҳ овард: “Шабаҳо, дастпонаҳо ва маводи ороишиву мозаикӣ аз гӯшмоҳиҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳунармандони касбии ин соҳа хеле зиёд будаанд. Чанҳударо ва Балакот аз марказҳои муҳими коркарди ҷилди гӯшмоҳиҳо маҳсуб мешуданд... Чунин ҳунармандӣ дар минтақаи Гуҷарати замони фарҳанги Ҳараппа  аҳамияти муҳим дошт”. 

Аз мақом ва макони ҷойгиршавии Саразм маълум аст, ки дар ин мавзеъ муддатҳо пеш мардуми таҳҷоӣ зиндагӣ мекарданд ва барои густариши рӯзгори хеш дар ҳаракат будаанд. Аммо муаррихоне ҳастанд, ки дар таҳлили фарҳанги густурдаи Саразм саҳми муҳоҷирони дигар минтақаро афзал мешуморанд. Аз ҷумла, В.М.Массон дар ҳамин ақида аст. Ӯ ишора ба он мекунад, ки муҳоҷирони геоксурӣ аз ҷануби Туркманистон сабабгори тараққиёти тамаддун дар Саразм гаштаанд. Барои тасдиқи ақидаи худ сафолҳои бо усули геоксурӣ нақшбандишударо мисол меоварад. Ҳол он ки чи хеле ки дар боло зикр намудем, дар нақшу нигори сафолҳои Саразм таъсири бевоситаи тамаддуни Ҳараппа баръало аён аст. Вале баъдан муҳаққиқ ин фикри худро инкор менамояд. В.М.Массон мегӯяд, ки “ҳайратангез аст, ки (дар Саразм-Ҷ.Х.) боқимондаҳои терракоти геоксурӣ дида намешавад”. Дар идомаи таҳлили мероси саразмиён муаллиф менависад, ки “Аммо маҷмаи Саразм бо як унсури геоксурӣ ба итмом намерасад. Дар ин ҷо, ҳамчунин, миқдори хеле зиёди намуди сафоли гулкоришудаи Балуҷистони шимолӣ мавҷуд аст, ки аз сафолҳои геоксурӣ на танҳо бо нақшҳояш, балки бо технологияи тайёр карданаш низ фарқ мекунад...” Ва дар ҷои дигар ба сурати зайл хулосабарорӣ мекунад: “дар назди мо як намуд баҳамомезиши анъанаҳо, маркази муҳим ва гузаргоҳи алоқаҳои давраи оғози заминдорӣ намудор мегардад”.

Пас, муҳоҷирони геоксурӣ мисли дигар муҳоҷирони бурунмарзӣ метавонистанд ба хотири тиҷорат вориди Саразм гарданд. Чун саразмиён, чи хеле ки дар боло ироа намудем, бо тамоми тамаддунҳои дастраси замони худ иртиботи фарҳангиву тиҷоратӣ барқарор намуда буданд ва дар густариши шаҳрдорӣ ва созмони силсилашабакаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ низ хеле пеш рафта буданд. Нуқтаи муҳиме, ки назарияи В.М.Массонро куллан инкор мекунад, идомаи ташаккул ва инкишофи тамаддуни хоса ва оламфузуни зарафшониён дар мисоли шаҳрдории бемисли Панҷакенти суғдӣ мебошад. Водии Зарафшон дар тӯли ҳазорсолаҳо маскани офариниш, парвариш ва густариши фарҳанги таърихсоз будааст. Иқлими мусоид, рӯдхонаи зулолу ҳамешаравон, муҳити осон ҳифозатшаванда аз кӯчманчиҳои даштӣ ҳама дар якҷоягӣ даст ба сарчашмаи зиндагии мардуми таҳҷоӣ дода, ҳаёти ҷаззоб ва гоҳо пурмашаққатро пойдор нигоҳ доштаанд.

Арзёбии Саразм ва ашёи боқимондае, ки аз макони бостоншиносӣ ба даст омадаанд, барои фаҳмидани фазои робитаҳои моддӣ ва маънавии берун аз марзҳо, аз ҷумла,  то шибҳи қораи Ҳинд хеле назаррас аст. Бозёфтҳо на танҳо далели интиқоли баъзе ашёи ороишӣ ва мавриди ниёзи мардум мебошанд, балки дар худ густариши фарҳангӣ ва таҷрибаи ҳамкориҳои иҷтимоиро мунъакис кардаанд. Албатта, ин бозёфтҳо дар мисоли тамаддуни Саразм ва Ҳараппа нишондиҳандаи  меъёри анъанавии иҷтимоию  иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба шумор мераванд.

Бо вуҷуди ин, бо эътирофи таъсири бениҳоят пурқудрати ин пайвастагӣ байни сарзамини ҳиндустон ва минтақаи бостондиёри Саразм ковишҳо ва нишондиҳандаҳои таъсирбахш дар пешанд. ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки мубодилаҳои тарафайн байни шаҳрдориҳои ҳиндустон ва Саразм дар такмили якдигар саҳми назаррасеро касб намудаанд.

Ҷовид Холов,

директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент,

доктори илмҳои филологӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш