Нашрияи Омӯзгор

Аҳамияти омӯзиши забони англисӣ

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 124        Шарҳ: 0

 

Дар замони соҳибистиқлолӣ, ки роҳҳои Тоҷикистони озоду бахтиёр бо чор самти олам боз шудаанд ва иқтисодиёту фарҳанги дунё мутахассисони лаёқатманди забондонро тақозо доранд, донистани якчанд забони хориҷӣ пурманфиат аст.

Тақвият додани забономӯзӣ ва ривоҷи марказҳои забономӯзӣ, хусусан, такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ даҳсолаҳо инҷониб роиҷ гардидааст. Ногуфта намонад, ки такмил додани барномаи нави мукаммалтари таълими забонҳои русӣ ва англисӣ то соли 2030 махсусан мо, омӯзгоронро хеле қаноатманд намуд. Алалхусус, ки ниёгони бохирад ва дурандеши мо хуб гуфтаанд: хоҳӣ, ки ҷаҳон донӣ, забон омӯз. Хусусан, забони халқеро, ки миёни он зиндагӣ мекунӣ, омӯхтанат шарт. Дар хусуси забони англисӣ, пуриқтидортарин, шевотарин ва паҳншу-датарини забони ҷаҳони муосир ҳаминро гуфтан даркор аст, ки дар шароити ҷаҳонишавии тамаддунҳо азхуд намудани ин ҳатмист. Омӯхтан ва хуб азхуд намудани он забони бузурги байналмилалӣ барои насли навраси мо, махсусан, аз он ҷиҳат муҳим аст, ки муаррифӣ кардани миллат, забону фарҳангаш ва тамаддуну таърихаш кори оянда аст. Аз тарафи дигар, ташаккул додани маърифати техники насли наврас ва ривоҷу равнақ додани фанҳои техникӣ ва илмҳои дақиқ тақозо менамояд, ки таълими самарабахши забонҳои хориҷӣ хуб ба роҳ монда шавад. Бар замми ин, дар таҷрибаи педагогӣ мушоҳида кардаем: то ки нутқи шогирд равону пухта бошад ва дар ояндаи наздик мутахассиси лаёқатманди забондон ба камол расад, аввало китоби хуби осонфаҳм ва омӯзгори шоистаи забондон ҳатмист. Ҷойи пинҳон нест, ки мутолиаи асарҳои бадеӣ ва луғатомӯзӣ ба манфиати толибилмон хоҳад буд. Бешак, барои озоду бехато сухан рондан захираи бойи луғавӣ мадад мерасонад. Аз тарафи дигар, аз луғату фарҳангҳо ҷустуҷӯй намудани хонандаи хушзеҳн қобилияти забондонии ӯро нишон медиҳад. Аз ҷумла, 14 сентябри соли 2018 дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ гардидани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва дар Душанбе ба фаъолият оғоз намудани Коллеҷи олии Тоҷикистону Британияи Кабир (Кембриҷ) далели барҷастаи гуфтаҳои болоист. Шоистаи ибрат он аст, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ аз Покистону Афғонистон, Қирғизистону Қазоқистон донишҷӯён аллакай таҳсил мекунанд. Маълум аст, ки василаи муошират байни эшон ба ду забон - бештар англисӣ ва русӣ сурат мегирад. Яқин, мутахассисони забондони ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва тобовар лозиманд. Ҳамин тавр, забондонӣ ва забономӯзӣ муҳиманд. Хушбахтона, дар ҷумҳурӣ, дар макотиби олӣ устодони бомаҳорат ва хуби забондон кам нестанд. Онҳо технологияи таълими забонҳои хориҷӣ-англисӣ, русӣ, олмонӣ, фаронсавиро хуб медонанд ва асосҳои маҳорати педагогиро омӯхта метавонанд. Имрӯз, ки ҷаҳони муосир ҳамвора пеш меравад, ҳамчунин, истифодаи воситаҳои зиёди иттилоотию коммуникатсионӣ ба сатҳи аъло расидааст, наврасону ҷавонони тоҷик бояд дарк намоянд, ки барои азхуд кардани илму дониш, махсусан, забономӯзӣ ва ҷаҳондонӣ ва азбар намудани касбу ҳунар дар ҷумҳурӣ тамоми шароит комилан муҳайёст. Лозим ба ёдоварист, ки робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва адабии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики олам ҳамоно меафзояд. Аз ҷумла, дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, ки аз рӯйи 27 ихтисос омӯзиши 11 забони олам ба роҳ монда шудааст, донишҷӯю магистри забондон, аспиранти олимшаванда ва мутахас-сиси забономӯз ба Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҷумҳурии мардумии Чин, хулоса, ба 30 муассисаи олии олам рафта, таҳсил карда метавонад. Бар замми ин, дар донишка-даҳои Тоҷикистон устодони забони англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, чинӣ ба наврасону ҷавонони лаёқатманд забон меомӯзанд. Чӣ навъе ки мегӯянд, қуфли дилҳо тавассути забондонӣ во мегардад. Бешак, дар шароити имрӯза омӯхтани забони хориҷӣ муҳим аст, лекин набояд фаромӯш кард, ки донистани забони хеш муқаддам мебошад.

 

Олмахон Аъзамова,

омӯзгори мактаби №72-и

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш