Нашрияи Омӯзгор

Фархор дар масири таърих

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 276        Шарҳ: 0

 

Ноҳияи Фархор мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ва исботи олимони бостоншинос таърихи беш аз 4000 - сола дорад. Дар қаламрави ноҳия ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, ки баъзеашон ба замонҳои пеш аз милод мутааллиқанд, вуҷуд доранд. Ёдгориҳои таърихии қадимаи ноҳия, ки дар маҷмӯъ, 33 ададро ташкил медиҳанд, гувоҳи онанд, ки Фархор дорои таърихи бостонист.

Дар китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров омадааст: «Дар ҷануби Тоҷикистон дар поёноби дарёи Қизилсу (Сурхоб) Фархор ном маркази район ҳаст. Забоншиносон исбот карданд, ки номи Фархор аз калимаи санскритии «вихора», яъне «дайри буддоӣ» бармеояд.

Аз сарчашмаю маълумотҳои таърихӣ маълум мешавад, ки ҳатто пеш аз пайдоиши дини ислому насронӣ дар давраи дини буддоӣ дар Фархор шаҳракҳою бошишгоҳҳои одамон вуҷуд доштааст».

Директори осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Фархор Азизулло Муродов иброз медорад, ки ковишҳои охирини бостоншиносӣ – устухонҳою косаҳои гуногунро ёфтанд, ки онҳо ҳатто ба давраҳои дини зардуштӣ тааллуқ доранд.

Дар баъзе ёдгориҳои қадимаи ноҳия бостоншиносон аз якчанд қабр дар чуқурии 5-6 метр баробари устухонҳои одамон, инчунин, абзори зебу зинати занона аз қабили ангуштарин, гӯшворҳо ва гарданбанду пешонибандҳои нуқрагину биринҷиро ёфт намуданд. Ба андешаи олимони бостоншинос, ин бозёфтҳо ба замони Кӯшониён (асри 3 пеш аз милод – асри 1 милодӣ) мутааллиқ мебошанд.

Аз маъхазҳои чинӣ ва сиккаҳои ёфтшуда маълум мегардад, ки Фархор низ баробари дигар қисматҳои Осиёи Миёна ба ҳудуди давлати Кӯшониён дохил мешудааст.

Олими бостоншинос Ю.Яъқубов дар асараш «Таърихи халқи тоҷик» зикр кардааст, ки бофандагони Кӯшонзамин шоҳиҳои гуногун, матоъҳои пашмӣ, пахтагӣ, гилемҳо ва ғайраҳо мебофтанд ва зардӯзию гулдӯзӣ мекарданд. Дар яке аз гӯрҳо аз ноҳияи Фархор камзӯлчае пайдо шуд, ки дар пушти он бо сим нақши дарахтро бо булбулҳои дар шохи он нишаста акс намудаанд.

Барои рӯшан сохтани таърихи Фархори бостонӣ олимони машҳури бостоншинос А.М.Белинитский, А.Б.Литвинский, Эркиной Ғуломова, Ю.Яъқубов, Х.Муҳиддинов, С.Бобомуллоев дар мавзеъҳои гуногуни таърихии ноҳия кофтуковҳои археологӣ гузарониданд.

Тобистони соли 1979 гурӯҳи донишҷӯёни факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ба гурӯҳ муаллифи ин сатрҳо низ шомил буд) бо роҳбарии номзади илмҳои таърих, устод Хуршед Муҳиддинов дар ёдгории таърихии Саксанохур, воқеъ дар деҳаи ҳозираи Куҳандиёр (собиқ Орҷоникидзе) ковишҳои археологӣ гузарониданд. Таҷрибаомӯзии таърихии донишҷӯён ва тадқиқоти илмии устодон Х. Муҳиддинов ва М.Раҳимов 30 рӯз давом кард. Барои бомуваффақият гузаштани ин экспедитсияи археологӣ сокинони деҳаи Куҳандарё, аз ҷумла, шахси фарҳангдӯсту бомаърифат, директори вақти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 Ёрмуҳаммад Бегов ва адиб ва рӯзноманигор Имомалӣ Нуралиев кумаки зиёд мерасониданд.

Дар натиҷаи ин ҳафриёти бостоншиносӣ устухону косахонаи сари одамон, асбобу анҷоми қадимаи рӯзгор, корд, кӯзаю хумҳо ва зарфҳои гуногун ёфт шуданд, ки ин бозгӯи таърихи бою қадима доштани Фархор мебошад. Мавҷуд будани ёдгориҳои таърихии Саксанохур, Шаҳртеппа, Золи Зар, Шӯртеппа, Қалъаи Пучқоқ, Макони морон, Қабристони Чилтанбобо, доманаи кӯҳи Қаратоб аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин гӯшаи куҳандиёри тоҷикон аҷдодони сарбаланди мо дар давраҳои гуногуни таърихӣ умр ба сар мебурданду ба кишоварзӣ, ҳунармандӣ, косибӣ, шикор ва тиҷорат машғул буданд.

Фархор дар мавқеи хуби ҷуғрофӣ – байни рӯди Ому (Ҷайҳун) ва Сурхоб ҷойгир шудааст. Аз тарафи шимол онро қаторкӯҳҳои Қаратоб иҳота намудааст.

Замоне Фархор дар ҳайати давлати қадимаи Хатлон дохил будааст. Аз рӯи қиссаю ривоятҳо аз шафати ёдгории қадимаи Золи Зар як шохаи шоҳроҳи «Роҳи Абрешим» мегузаштааст. Тоҷирон аз Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ҳатто аз кишварҳои Аврупо, ки ба самти шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро барои тиҷорат мерафтанд, дар қалъаи Золи Зар дам мегирифтанд. Дар ин ҷо корвонсаройҳо ба тоҷирон хизмат мерасониданд. Чунин андеша ба ҳақиқат наздик аст, ки дар дайрҳои буддоӣ, ки дар шафати «Шоҳроҳи Абрешим» бино ёфтаанд, мусофирону тоҷирони пайрави дини буддоӣ ибодат мекардаанд. Қалъаи Золи Зарро дарвоза ба сӯи Афғонистон меномиданд. Аз ду тарафи қалъа наҳри калони оби тоза мегузашт ва ҳоло ҳам ҷорӣ аст. Дар дохили қалъа мақбараи боҳашамат мавҷуд аст, ки Золи Зар ном дорад.

Ҳатто дар асари қадимии таърихию ҷуғрофии «Ҳудуд-ул-олам» дар баробари шаҳрҳои қадимаи Мунк (Ховалинги ҳозира), Ҳулбук (воқеъ дар деҳаи Меҳробод (собиқ Қурбоншаҳид)-и ноҳияи Восеъ), Фархор (Паргор) низ номбар шудааст.

Тобистон-тирамоҳи соли 1973 бо роҳбарии олими бостоншинос Хуршед Муҳиддинов дар деҳаи Орҷоникидзе (ҳоло Куҳандиёр) дар ёдгории таърихии Саксанохур дар натиҷаи ҳафриёт 91 қабр ёфт шуд. Аз ҷумла, аз болои ҷасади духтари тахминан 11-13-сола (аз тоқчаи болои сараш) парчаи (як пораи биринҷӣ) рӯймоле бо тасвири ба чакани имрӯза монанд ёфт шуд, ки гӯё манзарае аз биҳишт бошад.

Барои муфассалтар омӯхтани ёдгориҳои бостонии ноҳия ва рӯшанӣ андохтан ба гузаштаи қадимаю таърихии он моҳи сентябри соли 2013 Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалии бостоншиносӣ ташкил намуд. Дар ҳайати он олимони машҳури бостоншинос аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва ҳатто аз Италия шомил буданд. Дар натиҷаи кофтуковҳои археологии думоҳаи ин экспедитсия бозёфтҳои зиёди нодири таърихӣ ба даст омаданд. Олимон дар мавзеи Макони морон ду бошишгоҳи одамони қадимии замони неолитро муайян намуданд, ки мутааллиқ ба ҳазорсолаҳои 6-5 то милод мебошанд.

Моҳи октябри соли гузашта боз як экспедитсияи муштараки кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ ба номи А. Дониш бо олимони бостоншиноси кишвари Олмон дар ёдгориҳои таърихии ноҳия таҳқиқоти археологӣ гузарониданд. Дар натиҷаи ковишҳои археологӣ бозёфтҳои нави таърихӣ ба даст оварда шуд.

Натиҷаҳои пешакии таҳқиқоти бостоншиносони олмонӣ дар шаҳри Берлин пас аз 6 моҳ муайян намуд, ки Фархори бостонӣ таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад.

Баъди гузаронидани ҳафриётҳои археологии солҳои 60-70-уми асри гузашта дар ёдгориҳои таърихии Саксанохур ва Иттифоқ-2 маълум гардид, ки Фархор дар замони ҳукмронии давлатҳои Ҳахоманишиён, Юнону Бохтар ва Кӯшониёни Бузург яке аз шаҳрҳои ободу зебо ва калонтарин буда, Шоҳроҳи Абрешим аз соҳили чапу рости руди Сурхоб мегузаштааст. Ин далели таърихиро бо бозёфтҳои нодир олими бостоншинос, номзади илмҳои таърих Хуршед Муҳиддинов дар харитаи археологии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода буд.

Ёдгориҳои таърихии ноҳияи Фархор ба давраҳои гуногуни таърихӣ рост меоянд ва аз таърихи куҳан доштани ин гӯшаи диёри азизамон шаҳодат медиҳанд.

Масалан, ёдгориҳои бостонии Сайёд, ки аз тарафи олими бостоншинос Эркиной Ғуломова ва ёдгории Золи Зар, ки аз тарафи бостоншинос Юсуфшоҳ Яъқубов таҳқиқ гардиданд, ба замонҳои истилои арабҳо ва давраи давлати Сомониён тааллуқ доранд.

Дар ҳудуди ноҳия ҳоло ҳам мавзеъҳои таърихии таҳқиқнашуда – Қалъаи Пучқоқ, се қалъа ва шаҳрак дар деҳаҳои Чоргул, Ҳаёти нав, Гулобод ва Оби Тоҳир арзи вуҷуд доранд.

Хушбахтона, соли 2013 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия осорхонаи хуштарҳу зебо ва замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар осорхона ҳазорҳо бозёфти нодири таърихӣ ва шоҳкориҳои фарҳангии ниёгони мо нигоҳ дошта мешаванд.

 

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш