Нашрияи Омӯзгор

Бо илму адаб сиришта худро

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 124        Шарҳ: 0

 

Роҳи илм шебу фароз ва мушкилоту мураккабиҳои  зиёд дорад. Дар ин ҷода нафаре муваффақ мегардад, ки пеш аз ҳама, омӯзиш ва донишу ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад. Илм  худфидоиву матонатро тақозо дорад ва оне, ки  устуворӣ  пеша намуда, пайваста меомӯзад, рӯзе ба мақсад хоҳад расид  ва дар ҷомеа  соҳибэҳтиром хоҳад гашт. Эҳсон Сафарзода, сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, ки қаблан чандин сол дар нашрияи «Омӯзгор» фаъолият мекард ва имрӯз низ бо ҳафтанома ҳамкории қавӣ дорад, аз ҷумлаи муҳаққиқони ҷавон буда, аз  замони донишҷӯӣ ба омӯзишу пажӯҳиш машғул мебошад.

Ҳанӯз донишҷӯ буд, ки бо навиштаҳои шогирдонааш таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқони варзидаро ба худ ҷалб ва самти ояндаи корашро мушаххас намуд. Ҳангоми дар курси дуюми факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил карданаш барои навиштани кори курсӣ аз устод, доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов  хоҳиш мекунад, ки мавзӯеро ба ӯ пешниҳод намояд, то дар заминаи он кори илмиеро ба сомон расонад. Устод ба ӯ мавзӯи «Масъалаҳои ҳувияти миллӣ дар публитсистикаи Садриддин  Айнӣ»-ро пешниҳод мекунад. Эҳсон, ки осори устод Айниро ба таври мунтазам мутолиа менамуду ин адиби маъруф яке аз нависандагони дӯстдоштааш маҳсуб меёфт, ин пешниҳодро ба хушҳолӣ пазируфт. Ҳамин тавр, авввалин маротиба мавзӯи мазкурро дар шакли рисолаи хурди илмӣ (кори курсӣ) таҳқиқ намуд ва ба таҳлилу баррасиҳои пажӯҳишгари ҷавон (гарчанде шогирдона ба назар мерасид) устодону омӯзгорони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳои хуб доданд. Сипас, Эҳсон ҳамин мавзӯъро васеътар таҳқиқ намуда, кори дипломӣ менависад ва дар имтиҳони  хатм ба саволҳои устодон ҷавобҳои қаноатбахшу қонеъкунанда медиҳад. Устодон ба ӯ тавсия медиҳанд, ки пажӯҳиши илмии худро  дар давраи аспирантура идома бахшад. Дастгириву роҳнамоиҳои устодон ба Эҳсон Сафарзода рӯҳу илҳоми тоза мебахшад, ки ӯ доираи пажӯҳишашро васеъ менамояд ва ба таври фарогир мавзӯъро ҷиддан меомӯзад. Дар давраи аспирантура ӯ дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок карда, бо чопи мақолаҳои илмӣ мавзӯъро дар доираи илмии кишвар муаррифӣ намуд.  Соли 2018 кори илмиашро дар мавзӯи «Масъалаҳои ҳувияти миллӣ  дар публитсистикаи Садриддин Айнӣ» омода  ва барои  муҳокима пешниҳод намуд. Дар муҳокима  олимону муҳаққиқони соҳа  бо эроди баъзе камбудиҳо ба рисолаи номзадиаш баҳои баланд доданд.  ҳамин тавр, 3 октябри соли 2019 дар  Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Масъалаҳои ҳувияти миллӣ дар публитсистикаи Садриддин Айнӣ» таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов бо муваффақият ҳимоя кард.  Ман шоҳиди суханронии Эҳсон ҳам дар муҳокима ва ҳам дар  ҳимояи рисолаи номзадиаш будам. Ӯ бо маҳорати баланди суханварӣ мавзӯъро шарҳу тавзеҳ бахшида,  ба саволҳои олимони шинохта ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда медод. Аз андешарониву ҷавобҳояш маълум мегардид, ки моҳияту ғояи  мавзӯи рисолаи илмияшро ба таври фарогир медонад ва пажӯҳишаш аҳамияти баланди илмиро дорост.

Шоистаи таъкид аст, ки  1 июли соли равон рисолаи илмии Эҳсон Сафарзода  аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид ва ӯ соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ шуд.

Бояд гуфт, ки дар давраи омӯзишу пажӯҳиш муҳаққиқи ҷавон Э. Сафарзода  якчанд мақолаи илмӣ, китоби «Устод Айнӣ ва ҳувияти миллӣ» ва  монографияи «Ҳувияти миллӣ дар осори публитсистии Садриддин Айнӣ»-ро ба нашр расонд, ки ин аз заҳмати бардавом ва омӯзиши пайвастаи ӯ шаҳодат медиҳад.  Шоиста аст, ки вобаста ба монографияи «Ҳувияти миллӣ  дар осори публитсистии Садриддин Айнӣ» (– Душанбе, 2019. – 228 с.), ки аз таҳқиқоти арзишманди Э. Сафарзода  маҳсуб меёбад, чанд сухан гӯем.

Доир  ба паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти нависандаи бузург, устод Садриддин Айнӣ аз ҷониби муҳаққиқону олимони тоҷик  асарҳои зиёди таҳқиқотиву публитсистӣ ба нашр расидаанд. Устод аз ҷумлаи он нависандагони бузургест, ки   муҳаққиқони русу хориҷӣ  ба осораш баҳои баланд додаанд. Осори Садриддин Айнӣ дар ҷаҳон ҳамчун шаҳодатномаи миллати тоҷик муаррифӣ ва шинохта шудааст.  Вобаста ба осори устод асарҳои зиёди пажӯҳишӣ анҷом ёфта бошанд ҳам, масъалаи ҳувияту худшиносии миллӣ бори аввал ва ба таври фарогир дар шакли монография пешкаши хонандагон гардидааст. Монографияи номбурда метавонад дар шинохти миллат, рушди забон ва таърихи пурифтихори кишварамон мусоидат намояд. Ба таъкиди муаллиф, «Рӯ овардан ба осори устод Айнӣ ва таҳқиқи осори публитсистӣ, бадеӣ, таърихӣ ва илмии ӯ, бахусус, дар шароити муосири ҷанги иттилоотӣ барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносии миллӣ дар пасманзари муборизаҳо муҳим аст. Зеро тамоми эҷодиёти устод Айнӣ, аз ҷумла, осори публитсистиаш барои омӯзиш ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сарнавишти давлатдорӣ нигаронида шудаанд. Аз ин ҷо, бар он андешаем, ки омӯзиши ҳувияти миллӣ дар осори устод Айнӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами  таҳқиқи замони муосир аст». 

Маълум мегардад, ки муҳаққиқ дар заминаи осори  публитсистӣ, бадеӣ, таърихӣ ва илмии устод Айнӣ масъалаҳои ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва дӯст доштани Ватанро пайгирӣ менамояд.

Аз муҳтавои монография бармеояд, ки Эҳсон Сафарзода мушаххас намудани масъалаҳои ҳувияти миллӣ, миллат, мафҳуми «тоҷик», асолати забони тоҷикиро зимни таҳлилу баррасии мақолаҳои «Маънии калимаи «тоҷик» ва «Дунёи нав  ва алифбои нав»  бо такя ба осори публитсистию таърихӣ, бадеию илмии устод Айнӣ бо диди амиқи илмӣ  ва пешниҳоди арқому далели фаровон собит намудааст. Зимни пажӯҳиши мавзӯи зикршуда, муҳаққиқ асарҳои зиёди назариявии  илмиро  омӯхтаю барои тақвияти андешаҳояш иқтибосҳо овардааст, ки ин ҷанбаи илмии асарашро қавӣ гардондааст. Дар пешгуфтори китоб профессор И. Усмонов ба пажӯҳишгар баҳои баланд дода, аз ҷумла, зикр намудааст: «Вай (Эҳсон Сафарзода – Н. О.) ин таҳқиқоти худро бо суханҳои умумӣ не, балки бо истифода аз асарҳои устод Айнӣ, пеш аз ҳама, осори публитситӣ, бадеӣ, илмӣ ва таърихӣ ва мақолаҳои илмӣ, таърихӣ ва мақолаҳои илмӣ-публитсистиашон омӯхта баён кардааст».

Хулосаи муаллиф дар монография аҳамияти баланди илмӣ дошта, мавсуф бо далелҳои раднопазир собит намудааст, ки масъалаи ҳувияти миллӣ, натанҳо дар осори публитсистӣ, балки дар тамоми асарҳои бадеии устод Айнӣ – повест, роман, ҳикоя ва шеърҳояш ба мушоҳида мерасад.  Ҳамчунин, баҳри боз ҳам васеътару комилтар омӯхтани осори устод Айнӣ ва дар ин замина, тақвият бахшидани омӯзиши мавзӯи мазкур, ки дар замони ҷаҳонишавӣ аҳамияти баланди худшиносиву давлатсозиро доро мебошад, пешниҳодҳои судмандро ироа кардааст. Аз ҷумла: «Дар Тоҷикистон Маркази айнишиносӣ ташкил диҳем, ки он ба омӯхтану таблиғи тамоми мероси устод, тарбияи мутахассисони ватанию хориҷӣ – айнишиносон машғул шавад». Ҳамчунин, чопи асарҳои устод Айнӣ бо шаш забони расмии дунё, ба ихтисосҳои гуманитарӣ ворид намудани барномаи таълимии айншиносӣ, нашри феҳристи осори устод Айнӣ ва  осоре, ки оид ба фаъолияти устод Айнӣ бо забонҳои хориҷи чоп шудаанд, аз ҷумлаи пешниҳодоти муҳиму арзишманди муҳаққиқи ҷӯянда Эҳсон Сафарзода мебошад, ки ба рушди мактаби айнишиносӣ дар кишвар ва дар ин замина, ба таври боз ҳам шоистатар муаррифӣ гардидани устод Айнӣ мусоидат мекунанд.

Монографияи «Ҳувияти миллӣ дар осори публитсистии Садриддин Айнӣ» аҳамияти баланди назарияву илмӣ дошта, дар масъалаи айнишиносии тоҷик, худогоҳӣ ва шинохти ҳувияти миллӣ муҳиму судманд мебошад ва ба доираи васеи аҳли илми кишвар маводи фаровон хоҳад дод.

Илми тоҷик аз муҳаққиқи ҷавон Эҳсон Сафарзода ковишу пажӯҳишҳои арзишманди зиёдро умедвор аст  ва мо дар ин ҷода барояш комёбиҳо мехоҳем.

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш