Нашрияи Омӯзгор

Онҳо қаҳрамонони давронанд

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 62        Шарҳ: 0

 

Ба паҳн гардидани  бемориҳои сироятӣ, бахусус, коронавирус  (covid-19)  на танҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамзамон, ба пешрафти фарҳангу маънавияти саросари олам таъсири манфӣ расонид.

Хушбахтона, имрӯзҳо кормандони соҳаи тандурустӣ баҳри таъмини солимии ҷомеа бо истифода  аз тамоми имкониятҳо ва масъулияти баланд барои  идома додани “рӯзгори муътадил” дар набард ба вирусе, ки муқтадиртарин кишварҳои дунёро ба таҳлука андохтааст дар набард буда, хизмати мардумро содиқонаю софдилона  ба ҷо оварда истодаанд.

Дар ин шабу рӯзи ҳасос   табибон дар  мубориза ба бемории сироятии covid-19  дар   сафи пеш  қарор доранд, ки ин заҳмати беандозаи онҳо шоёни таҳсину офарин мебошад.

Чи тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии пурмуҳтавои хеш вобаста ба бемории короновирус  covid-19   иброз намуданд,  “Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор бошем,  ба воҳимаю таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем, бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем”.

    Дар чунин лаҳзаҳои муҳим ҳар як шаҳрванди банангу ори Ватани азизамонро лозим аст, ки дар  ҳамкорию ҳамбастагӣ бо ташкилоту муассисаҳои марбута, бахусус, бо табибони ҳозиқи Ватан  ҳамкору ҳамтан бошем.  Ҳар як маслиҳату дастур ва тавсияҳои табибонро дар хусуси расонидани ёрии аввалин, безараргардонии утоқҳои корӣ, хонаҳои шахсӣ, бо ниқобҳои тиббӣ ба кор омадан,  шустани дастон бо собун, дар даромадгоҳҳои корхонаҳо гузоштани маҳлулҳои безараргардонӣ, намнок нигоҳ доштани матои махсус ва риоя намудани гигиенаи шахсӣ  ва  ба таҳлука наафтиданро   сармашқи кору фаъолияти худ намуда, барои пешгирии бемории коронавирус баҳри сиҳатии хешу ақрабо, наздикону пайвандон  корҳои майянеро ба сомон расонем.

Чи тавре Шайхурраис  Абӯалӣ ибни Сино таъкид намудаанд, воҳима нисфи беморӣ, оромӣ нисфи саломатӣ ва босабрӣ оғози сиҳатшавӣ аст. Танҳо дар кишварҳое, ки  мардумонаш  ҳисси баланди идроку масъулият  нишон додаанд, роҳбарону табибон тавонистанд тезтару осонтар  мушкилоти марбутаро ҳаллу фасл намоянд.

Алъон табибон  бо савганди хеш содиқ  буда, шабонарӯзӣ аз пайи иҷрои қарзи имонию инсонии  хеш баҳри сиҳатии шахсони гирифтори ин бемории сироятӣ заҳмати зиёд кашида истодаанд. Ҳазорон  бор аҳсан ба табибони содиқи меҳан, ки ҷони хешро ба гарав монда, мардуми азияткашидаро аз ин вабои аср эмин нигоҳ медоранд.  

Сарахон Бозорзода,

мудири методии раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар   минтақаи Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш