Нашрияи Омӯзгор

Иртиботи тамаддунҳо: Саразм, Моҳенҷодаро, Ҳараппа…

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 76        Шарҳ: 0

 

Саразм ёдгории қадимаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, дар  қисмати ғарбии шаҳри Панҷакент, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Саразм воқеъ гардидааст. Ин макони бостонӣ 31- июли соли 2010 дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор гардид, ба феҳристи Мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил карда шуд.

Ҳафриёте, ки то имрӯз аз ҷониби бостоншиносон дар доманазамини Саразм ба сомон расонида шуданд, собит сохтанд, ки ин мавзеъ як маҳалли густурдаи аҳолинишине буда, ки истиқомати доимӣ ва пешрафти тамаддуни инсонро аз давраи энеолит то давраи биринҷӣ, (тақрибан аз ҳазораи IV-III то милод) таъмин намудааст. Аммо хусусияти ҷолибтарини минтақаи ҳафриётшуда, ин миёнпайвастагии он бо дигар фарҳангҳои ҳаммонанди протошаҳрии манотиқи наздик ва дастрас дар тамоми самтҳо мебошад, ки то ба минтақаҳои Осиёи ҷанубӣ доман паҳн карда, таъсири бевоситаи худро гузоштааст.

Яке аз чунин пайвастагиҳо тамаддунҳои овозадори Моҳенҷодаро ва Ҳараппа мебошад, ки мансуб ба шибҳи қораи Ҳиндустон аст. Экспонатҳои бозёфтшуда зимни ҳафриёти шаҳри Саразм аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки алоқаҳои ҳатмӣ ва ногусастанӣ миёни тамаддуни саразмиён бо шаҳрҳои ҳамзамони тамаддуни тоҳараппагии ҳиндустон ба таври мушаххас вуҷуд доштааст. Ташаккули тамаддуни башарӣ дар минтақа тавассути ҳамкориҳо, додугирифтҳо, муоширатҳо ва муколамаҳо ғанитар гашта, дар бурунсозии халоҳо дар фазои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодиву сиёсӣ мусоидат намудааст.

Шибҳи қораи Ҳиндустон бо тамоми тафовути диниву мазҳабӣ, гуногунрангии урфу одатҳо шаклҳои мухталифи фарҳанги башариро ҳанӯз аз домони кӯдакиаш бо худ парварда, дар такомул, густариш ва  ҷаҳонишавии он саҳмгузор будааст. Маҷмӯи табодули фарҳангӣ байни ин шибҳи қора ва манотиқи ҳамҷавору ҳамиртибот ба қаъри таърих ва ба ибораи муаррихон, ба даврони пре-таърихӣ ва про-таърихии сеҳазорсолаи то мелод рафта мерасад. Аз ҷумла, ба забон оавардани фарҳанги моддии тамаддуни Ҳараппа ва Моҳенҷодаро дар ин маврид басо муҳим ва судманд аст. Зеро оин, анъана ва расму русуми ибтидои шаҳрдории ин тамаддуни қадима то кунун дар рӯзгори мардуми минтақа арзи ҳастӣ дорад ва комилан мавриди истифода ва ниёиш қарор гирифтааст. Шоистаи таваҷҷуҳ аст, ки баъзе аз ин падидаҳо дар таҷрибаи фарҳангии дигар мамолик низ таъсири амиқу боровари худро гузоштаанд.

Маҳз дар ҳамин айём дар водии Зарафшон тамаддуни шаҳрдории Саразм рӯ ба инкишоф ниҳода буд. Ва яқин аст, ки баҳри шукуфоӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ саразмиён бо ҷаҳони беруна низ дар иртиботи ҳамешагӣ будаанд ва ин нукта аз ҷониби муаррихону бостоншиносон борҳо зикр шудааст. Нахустшахсе, ки ба кушоиши дари ҳазорсолаҳо пӯшидаи тамаддуни Саразм муваффақ гаштааст, бостоншиноси шинохтаи тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов мебошад. Ин муаррихи варзида ба мактаби маҳаллии бостоншиносии Панҷакент таҳкурсии ниҳоят қавӣ гузошта, шогирдони хуберо ба воя расонидааст. Мактаби бостоншиносии Панҷакентро дар ҷои дилкашу зебое бунёд карда буд ва маҳз дар ҳамин ҷо хазинаи тиллоии осори ниёгони моро аз хокдонҳои Саразму Панҷакенти қадима ҷамъоварӣ намуда, нигаҳдорӣ мекард... Ба ибораи дигар, меъмори пойгоҳи бостоншиносии Саразм ва Панҷакент дар баробари дигар бостоншиносони ватаниву хориҷӣ Абдуллоҷон Исҳоқов маҳсуб мешавад ва ин пойгоҳро метавон ба номи ин бостоншиноси варзида гузошт.

Намуди имрӯзаи ҳафриёти Саразми бостон дорои хусусияти хосае буда, тарҳи ягонаи панҷарашаклро мемонад, ки деворҳои хиштӣ аз кунҷи рост якдигарро бурида мегузаранд. Қисматҳои гуногуни биноҳо барои мақсадҳо ва ҳадафҳои ҷудогона тарҳрезӣ шудаанд: ба мисли манзили зист, биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ, маҳалли кулолгарон бо хумдонҳои сафолпазии дуқабата, маъбадҳои оташпарастон бо оташкадаҳои мудаввар ва чоркунҷа, барои иҷроиши маросимҳои динӣ, қабристон ва ғайра.

Тарҳи шаҳрдории Саразм ба фарҳанги давраи энеолитии Ҳараппа ва хосатан шаҳри Меҳргарҳи Ҳиндустон хеле шабоҳат дорад. Аз лиҳози ҷуғрофӣ ин ду минтақаи фарҳангӣ аз ҳамдигар чандон дур ҷойгир нашудаанд ва хеле табиист, ки тарҳсозии умумие миёни ин ду сукунатгоҳ ба чашм мерасад. Истифодаи хиштҳои гилӣ ҳангоми сохтмони деворҳо нишондиҳандаи қавии ҳаммонандии ин протошаҳрҳои бостонӣ мебошад. Бояд гуфт, ки чунин тарҳрезии шаҳрдорӣ бо истифода аз усулҳои навин, нозуккорӣ, хишти пухта бо фарҳанги шукуфои водии Синд, ки баъдан дар атрофи Меҳргарҳ арзи ҳастӣ карда буданд, идома ёфтааст.

Зимнан, бояд тазаккур дод, ки дар фарҳанги моддии ин ду маркази фарҳанги башарӣ-Саразм, Меҳргарҳ ва дигар шаҳрҳои Ҳараппа як қатор аносири умумӣ мавҷуд аст. Дар байни ин ашё метавон сафолпораҳои нақшу нигорбаста, зарфҳои сурху қаҳваранг ва моҳирона наққошишударо ном бурд, ки ҳаммонандии табии ин ду маркази тамаддунро дар худ мунъакис кардаанд. Дар осорхонаи миллии Ҳиндустон дар шаҳри Деҳлӣ чанд сафолпораи мусавваре маҳфуз аст, ки мансуб ба зарфҳои давраи аввали тамаддуни Ҳараппа мебошанд. Маҳз ҳамин сафолпораҳои мусаввар аз лиҳози тарҳашон бо сафолпораҳои тамаддуни Саразм шабоҳати наздик доранд.

Масалан, экспонатҳои ба ҳамин иддао мувофиқ, ки алоқаи дақиқи байни ду минтақаи ҳамҷавору ҳамсояро аз замони оғози тамаддуни башарӣ тасдиқ мекунанд, дастпона аз ҷилди гӯшмоҳиҳо, ҷилди холии гӯшмоҳиҳо ва сангҳои ороишӣ аз қабили ақиқ, фирӯза маҳсуб мешаванд, ки дар қабрҳои саразмиён ба даст омадаанд. Дар баробари ин, мавҷудият ва паҳншавии лоҷувард дар тамаддуни пеш аз ҳараппа ва даврони ҳараппа бо фаъолияти бурунмарзии Саразм робитаи зич дорад.

Саразм нақши калидиро дар таъминкунии қӯрғошим-металли зарурӣ барои аксар шаҳрнишинони давраи биринҷӣ бозӣ мекард.

Инчунин, дар давраи энеолит олот ва асбоби мисӣ мавриди истифода қарор доштанд. Ин ҳама шаҳодатгари рушди саноати металлургия дар тамаддуни Саразм мебошад. Воқеан, дар Саразм теъдоди зиёди асбобҳои металлӣ истеҳсол мешуд ва тавассути ин қудрати минтақаи саноатии саразмиён ба олам нишон дода мешуд. Саразм тайи қарнҳои зиёд пайваста рушд мекард. Ва дар ҳамин замон тамаддуни Ҳараппа ва Моҳенҷодарро дар ҳоли нумӯъ ва ривоҷу равнақ будааст. Дар баробари Саразм инкишофи саноати вазнин-истеҳсоли фулузот дар Моҳенҷодарро ва Ҳараппа низ васеъ ба роҳ монда шуда буд. Бостоншинос Вибҳа Трипатҳӣ менависад, ки “Истеҳсоли мис ва асбобҳои аз он сохташуда, асбобу анҷоми биринҷӣ, тиллоӣ, нуқрагӣ асоси саноати Ҳараппаро ташкил медод ва ин гуна масолеҳи тайёр ба Мессопотамия содир карда мешуд”.

Манбаъҳои асосии воридоти мис ба Ҳараппа “Балуҷистон ва Афғонистон, ки дар қисмати ғарбии Ҳиндустон ҷой гирифтааст, ба ҳисоб меравад. Ин марзҳо аз баландкӯҳҳои Бадахшон то соҳили баҳр тӯл кашидаанд.  Ҷолиб он аст, ки дар ин мамолик коркарди мис пештар ба роҳ монда шуда буд”. В Трипатҳӣ таъйид намудааст, ки мис ба Ҳиндустон аз Осиёи Марказӣ  воридот карда мешуд. Чун муаррихону бостоншиносон доир ба тамаддуни Саразм чандон маълумоти кофӣ надоштанд, аз Саразм ва содироти мис аз ҷониби онҳо чизе гуфта нашудааст. Мантиқист, ки ба ивази молҳои ороишӣ ва дигар маводи мавриди эҳтиёҷи аз Ҳиндустон воридшаванда саразмиён метавонистанд мис ва дигар амволи ба ҳараппагиҳо заруриро пешниҳод гардонанд.

Яқинан, табодули тиҷоративу фарҳангӣ миёни сокинони Саразм, Ҳараппа ва Моҳенҷодаро ва дигар манотиқи рӯ ба густариши фарҳанги дунёӣ пайваста идома доштааст. Замоне ки Саразм дар авҷи пешрафти иҷтимоиву иқтисодиву фарҳангӣ буд, тақрибан аз солҳои 3500 то 2000 то мелодро дар бар мегирад, ҳол он ки густариши Меҳргарҳ замони хеле тӯлонии таърихро фаро гирифтааст, ки он ба солҳои 7000 то ба 2600 то мелод дуруст меояд. Ва тамаддуни водии Ҳинд, яъне маданияти Ҳараппа ва Моҳенҷодаро солҳои 3300 – 2600 - ро фарогир будааст.

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИ ҶТ зимни пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба ЮНЕСКО таваҷҷуҳи асосиро ба он ҷалб намуданд, ки фарҳанги Саразм дар иртибот ва табодули таҷриба беназир будааст, ки онро “муколамаи фарҳангӣ” меноманд. Аз нуқтаи назари олимони тоҷик, Саразм шаҳодати тамаддуни нодири протошаҳрӣ дар “Доираи ҳамкориҳои Осиёи Миёна” (MAIS ) мебошад. Чунин шакли фарҳангӣ бештар дар ҳавзаҳои бузурге, ба мисли Миср, Месопотамия, Ҳинд ва Хуанхеи Чин рушд ёфтааст, аммо ҳар яке аз ин фарҳангҳо ҷиҳатҳои хоси худро доштанд. 

(Давом дорад)

Ҷовид Холов,

директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент, доктори илмҳои филологӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш