Нашрияи Омӯзгор

Матонат шаҳсутуни зиндагонист

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 80        Шарҳ: 0

 

Дар таърихи ҳар як кишвар марҳилаҳое низ пеш меоянд, ки як навъ имтиҳони матонат ва азму иродаи халқро мемонанд. Чунин марҳилаҳо дар таърихи тоҷикон низ борҳо пеш омадааст, вале ҳар дафъа мардуми таҳаммулгарою матиниродаи мо кулли монеаву мушкилиҳоро устуворона паси сар намуда, бо сари баланд идомаи зиндагии осоиштаву саодатмандона кардааст.

Ин хислати ҳамидаи тоҷиконро бисёр  донишмандону эҷодкорони варзида ба мушоҳида гирифта, онҳоро ҳамду сано гуфтаанд ва эътиқодманди эшон шудаанд. Чунончи, муаррихи маъруфи аврупоӣ Моунтетуарт Элфинстон ҳанӯз дар ибтидои асри нуздаҳ навиштааст: «Тоҷикон мардуми сулҳҷӯ ва эҳтиромгари ҳукуматанд.  Мардумони мулоимтабъ, бовиқор ва заҳматкашанд». Дар солҳои навадуми асри гузашта халқи тоҷик ба ҳукми тақдир ба ҷанги таҳмилии дохилӣ печида бошад ҳам, бо дурандешиву таҳаммулгароӣ ва бо тадбиркориҳои ватандӯстонаи Роҳбари соҳибхираду ғамхори миллаташ аз ин вартаи мудҳиш ба канор рафт ва ба бундёкориву созандагӣ оғоз бинмуд.

Бо гузашти солҳо, аз охири моҳи апрели соли равон халқи арҷманди моро боз як монеаи дигар пеш омад. Дарди ҳарина ва вабои фоҷеабор, ки тамоми  ҷаҳонро фаро гирифт, ба кишвари шукуфои  мо низ нафаси номуборакашро дамид. Садҳо нафар дар ҷумҳуриамон гирифтори вируси сироятии Ковид -19 гаштанд. Дар марҳилаи аввал мамлакатро як навъ тарсу воҳима ва андешаҳои ботил фаро гирифт, мардум ба таҳлука афтоданд.

Қофиласолори адабиёти оламгирамон, устод Рӯдакӣ фармудаанд:

Андар балои сахт падид ояд

Фазлу бузургмардию солорӣ.

Дар чунин вазъи печида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам сари вақт тадбирандешӣ карданду ҳамагонро ба осуда будан, ба воҳима дода нашудан, иродаи мустаҳкам доштан ва ба устуворию қавидилӣ даъват бинмуданд. Муроҷиатномаи Сарвари кишвар ба ин маънӣ рӯҳбахшу таскиндеҳи мардум гашт, дилҳоро осуда сохт, шамъи умеди равшан ба фардоро биафрӯхт. Бо раҳнамоиву ғамхории Пешвои миллат дар андак муддат барои мубориза бо коронавирус, барои пешгирии сирояти он ва барои табобати саривақтию босамари гирифторони Ковид-19 дар сар то сари мамлакат тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дармонгоҳҳои зиёде бо таҷҳизоти комили замонавӣ баҳри шифобахшӣ ба мубталоёни коронавирус ба фаъолият пардохтанд, ба аҳолӣ дорувор, ниқобҳо, антисептикҳо ва ашёи дигари муҳимми марбут ба пешгирию табобати Ковид-19 дастрас карда шуд. Дар натиҷа дар муддати мухтасаре шиддати ин бемории ҷонгоҳ  шикаста гардид ва инак, чандест, ки мардум тадриҷан зери назорати ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ, ки бо ибтикори Сарвари кишвар созмон дода шуда буду воқеан ҳам, корҳои зиёди пурсамарро фарҷом  бахшид, ба зиндагии осоиштаву муқаррарӣ бармегарданд. Бори дигар субҳи умед ба шоми ғамбор ғолиб омад, неруи некӣ лашкари бадиро мағлуб кард. Боз ҳам ҳаққонияти гуфтаҳои ҳакимонаи Фирдавсии бузургвор собит гашт.

Чу ҳампушт бошеду ҳам якзабон,

Яке кӯҳ кандан зи бун метавон.

Ба ин бемории пурдард ман ҳам гирифтор шудам ва азоби алимеро паси сар кардам. Расо шонздаҳ рӯз бистарӣ будам ва лаҳзаҳое буданд, ки умед аз зиндагӣ мекандам. Дар оғоз дар ҷисми худ ноҷӯрие ҳис бинмуда, ба табибони Маркази саломатии рақами 10-и шаҳри Душанбе муроҷиат кардам. Пас аз муоинаи ҷиддӣ духтури сироятшинос Кӯҳзод Шералиев тасдиқ намуд, ки ба ман Ковид-19 сироят кардааст. Табиби ҳозиқ гуфт, ки ба тарсу воҳима дода нашавам, ба ҳар гуна  овозаҳои  бебунёд бовар накунам ва аз пайи табобат шавам. Агар устувор бошаму ба тамоми дастурҳои духтурон ва махсусан, духтури оилавӣ қотеъона риоя намоям, метавонам дар хонаам табобат гираму куллан шифо ёбам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Рости гап, дар давраи аввали бемориам  (шонздаҳ рӯз бемор будам) хеле азоб кашидам, ҳароратам пайваста боло мерафт, тамоми ҳастиамро дарди тоқатфарсо меларзонд ва лаҳзаҳое ҳам буданд, ки аз шиддати дард беҳуш шудам. Шукрона, ки табибони меҳрубон хабаргиру маслиҳатгарам буданду тамоми дорую дармонҳои заруриро дар ихтиёр доштам. Илова бар ин, зангҳои телефонии муҳаббатбору таскиндеҳи  ҳамкорону дӯстон ва хешу таборон дастгиру нерубахшам шуданд. Тамошои барномаҳои махсуси телевизионӣ оид ба  пешгирию табобат аз бемориҳои сироятӣ, гуфторҳои таскинбахши радио ва навиштаҳои судманди нашрияҳо давраи шифоёбиамро кӯтоҳтар карданд…

Бори дигар дарёфтам, ки дар зиндагии инсонҳо меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат, ғамхорию   дастгирӣ аз ҳама арзишҳои дигар бартаранд.

Бори дигар дарёфтам, ки саломатӣ беҳтарин дороии ҳар як  шахс  асту мутаассифона, на ҳамеша мо ба қадри он мерасидаем.

Бори дигар дарёфтам, ки Роҳбари муаззаму ғамхор доштан, аз ҳидояту ибтикороти башардӯстонаи Сарвари кишвар бархурдор будан барои ҳар як шаҳрванд муҳимтарин омили саодатмандию сарбаландӣ будааст.

Бовар дорам, ки минбаъд низ кишвари соҳибистиқлоли моро ҳеҷ неруи зишту табоҳкоре зери тасарруф гирифта наметавонад ва фазои меҳрбори Ватани маҳбубамон ҳамеша софу беолоиш боқӣ мемонад.

Диёрам, эй диёрам, эй диёрам,

Мададгорам, мадороям, мадорам,

Зи ҳар шомат, ки батни

рӯшаниҳост,

Сабоҳи нур резад рӯи корам.

 

Зубайда Шарифова,

директори мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи

шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш