Нашрияи Омӯзгор

Ду вохӯрии хотирмон

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 71        Шарҳ: 0

 

Ёд дорам, дар синфи 4 ё 5 дар мактаби №12-и шаҳри Кӯлоб таҳсил менамудам. Он вақтҳо толибилмон китобҳои дарсиро аз мағозаю фурӯшгоҳҳо мехариданд. Бо падарам  ба маркази шаҳри Кӯлоб барои хариди китобҳои дарсӣ  рафта будем. Дар кӯчаи марказӣ як мӯйсафеди нурониро дида падарам ба ман гуфт: бачаҷон, тез роҳ гард. Ӯро дар байни издиҳоми одамони бозор ёфта наметавонем.

Ба он тарафи кӯча гузаштем. Дар назди дарвозаи бозор падарам бо он кас самимона пурсупос карданд. Он шахс падарамро ба оғӯш гирифт. Дар пеши назарам шахси ҳалиму меҳрубон ва чеҳрааш нуронӣ меистод. Падарам ба он кас мақсади ба шаҳр омаданашро гуфт. Мард низ ба мағозаи китобфӯрушӣ рафтанашро изҳор намуд. Он замон мағозаи китобфӯрушӣ дар тарафи рости бозори шаҳри Кӯлоб ҷойгир буд. Падарам бо он шахс суҳбаткунон ба мағозаи китобфӯрушӣ ворид гардиданд ва ман аз дунболашон. Дар мағоза Вализода аз ҷайбаш дафтари хонандагии рангаш сабзро бароварда, барои хондан ба мудири мағоза нишон дода гуфт: -Ҳаминро хонда бин.

–Устод, шеърҳои зӯр, бисёр бомаънӣ менависед, - гӯён фурӯшанда варақаро гирифта хондан гирифт. Ман ба он хат назар карда, дар тааҷҷуб мондам, зеро хатти устод тамоман дигар буд. Ман ин хатро якумин маротиба медидам. Ҳардуи онҳо то дер дар бораи шеъру шоирӣ муҳокимаронӣ намудаанд. Баъди чанде падарам ба ман гуфт, ки писарам, бисёр шоирон, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Саидалӣ Вализода ва дигарон азбаски дар ҷавониашон дар мадрасаҳо хондаанд, шеърҳояшонро бо хатти арабӣ менависанд ва баъд ба хати кириллӣ бармегардонанд. Хуллас, ин вохӯрӣ ҳамин тавр дар хотирам нақш бастааст.

Вохӯрии дуюм бо шоир Саидалӣ Вализода ин тавр воқеъ гардид.

Вақте дар танаффус бо ҳамсинфон бозӣ мекардем, автомашинаи ГАЗ-69-и колхоз дар назди мактаб истоду аз он ду нафар, яке мард ва дигаре зан фаромаданд. Зан завҷаи С.Вализода будааст. Ҳамаи хонандагон ва омӯзгорон тарафи мошин рафтанд. Маълум шуд, ки шоир ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Сайдалӣ Вализода бо завҷааш ба мактаб ба меҳмонӣ омадааст. Ман давида рафта «бобо»- гӯён бо он кас салом кардам. Он кас пурсиданд, ки ту писари кӣ ҳастӣ? - Ман писари Рустам! Кадом Рустам? - Рустами ҳисобчии деҳаи Сангпар. - Нашинохтам, писари додари худам будаӣ!

Дар вохӯрӣ шоир аз шеърҳояш қироат намуда, бисёр зарофтагӯи кард. Хонандагони мактаб аз эҷодиёти Саидалӣ Вализода шеърҳо хонданд. Бегоҳ ба хона омада, ба падарам гуфтам, ки бобои шоирам маро шинохт, он кас бисёр хурсанд шуданд. Он вақтҳо «Ленин-бародар, раҳнамо» суруди дӯстдоштаи ҳамагон гардида буд. Онро сарояндаи хушовоз Сурайё Қосимова  дар радио ва телевизион бисёр дилчасп  мехонд.

Моҳҳо, солҳо гузаштанду рӯзе падарам маъюсона ба хона даромада, маро ба пеши худ хонда гуфт: - Бачаҷон, бобои шоират аз дунё гузашт, мо дар ҷанозааш иштирок кардем,  одами бисёр ҷамъ шуд. Ин воқеа 12 декабри соли 1971 рӯй дода буд.

Аз он айём қариб 50 сол сипарӣ шудааст, вале ман он вохӯрию мулоқотҳоро бо шоири мардумӣ Сайидалӣ Вализода ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарорам.

 

   Сафар  ГУЛМОНОВ,      

корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш