Нашрияи Омӯзгор

Хонандагон ба маҳфилҳои ҳунарӣ ҷалб мешаванд

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 59        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади дар таътили тобистона ба машғулият фаро гирифтани хонандагон бо дастури раёсати маорифи вилояти Суғд  дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят айни замон 16 маҳфили техникони ҷавон, табиатшиносон, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва  кишваршиносӣ  тариқи онлайн - фосилавӣ бо фарогирии 220 нафар хонанда фаъолият доранд. Устодон ҳамарӯза маҳсули дастони толибилмонро назорат бурда, барои сайқали ҳунару маҳорати онҳо маслиҳатҳои судманд медиҳанд.

Чунин ташаббусро  марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳии Истаравшан, Конибодом, Ашт, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен пайравӣ намуда, тариқи фосилавӣ шавқмандонро ба маҳфилҳо ҷалб мекунанд. Дар умум ба ин маҳфилҳо   1000 нафар хонанда ҷалб шудаанд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш