Нашрияи Омӯзгор

Дарёфти омӯзгорони беҳтарин

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 78        Шарҳ: 0

 

 

- 195 нафар ғолиби даври якуми озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» дар даври дуюми он иштирок карда, 13 нафар омӯзгор ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд, гуфт Исломиддин Нарсов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон.

Мавсуф илова намуд, ки  рӯзҳои 27 ва 28 марти соли 2020 аз фанҳои биология, география, забони давлатӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони хориҷӣ, математика, синфҳои ибтидоӣ, таърих ва ҳуқуқ, технологияи таълими меҳнат, технологияи иттилоотӣ, физика, химия ва варзиш даври ноҳиявии озмун баргузор гардид. Дар ин озмун омӯзгорони пешсафи ноҳияи Ёвон иштироки фаъолона карда, донишу маҳорати касбии худро санҷиданд. Ҳар як иштирокчии озмун аз рӯи талабот ва шартҳои озмун мавриди баҳогузорӣ қарор мегирифт. Дар сатҳи вилоятии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” 13 нафар омӯзгори тахассусманд ва ғолиби даври ноҳиявӣ ширкат хоҳанд кард.  

Соли таҳсили равон тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 46  нафар мутахассиси ҷавон ва 15 нафар берун аз роҳхат омӯзгорони ҷавони равияи омӯзгоридошта ба ноҳияи Ёвон омаданд ва ҳамаи онҳо бо ҷои кор дар муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шуданд.

С.АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш