Нашрияи Омӯзгор

Зӯроварӣ дар оила ва пешгирии он

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 101        Шарҳ: 0

 

Дар муносибатҳои оилавӣ бештар занону кӯдакон ба зӯроварӣ гирифтор мешаванд. Маҳз бо ҳамин сабаб ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, занон ва умуман, шаҳрвандони эҳтиёҷманд таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи башарӣ сиёсати пешгирии зӯровариро дар оила пайгирӣ менамояд. Ин дар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» инъикос мегардад. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд. Дар қонунгузорӣ муайян шудааст, ки «Зӯроварӣ дар оила – кирдори зиддиҳуқуқии барқасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои занон ва кӯдакон, инчунин, зарарӣ ҷисмонӣ ба саломатӣ ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад».

Доир ба муносибати хислати зӯроваридошта нисбат ба кӯдакон қайд кардан ба маврид аст, ки дар аксарияти оилаҳо чунин зуҳурот дида мешавад, вале мавҷудияти онро на ҳар падару модар тасдиқ менамоянд. Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон  шумораи зӯроварӣ дар оила нисбат ба аъзои он, хусусан, кӯдакон ҳар сол зиёд ба назар мерасад. Ин мушкилот метавонад дар ҳар як ҷомеа, новобаста аз он ки рушд ёфтааст ё не, ҷой дошта бошад ва боиси оқибатҳои ногувор гардад.

То имрӯз намудҳои гуногуни зӯроварӣ, аз қабили зӯроварии ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ва зӯроварии иқтисодӣ ошкор шудааст. Ҷиҳати пешгирии ин зуҳурот созмонҳо таъсис дода шудаанд, ки ба занону кӯдакони  ҷабрдида намудҳои гуногуни кумакро пешниҳод менамоянд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» муайян гардидааст: «пешгирии зӯроварӣ дар оила – маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилӣ аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила амалишаванда ба ҳисоб мераванд, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудаанд.

Зӯроварӣ дар оила сабабҳои зиёд дорад, масалан, зӯроварӣ метавонад табиати иҷтимоию иқтисодӣ дошта бошад, ё ин ки бадрафторӣ метавонад натиҷаи таҷрибаи шахсӣ бошад.

Якчанд омил, ба монанди хусусиятҳои шахсии волидон ва кӯдакон, хусусиятҳои муносибатҳои падару модарон, хусусиятҳои оила, ошкоро ва наздикшавӣ, мушкилот ва мушкилоти оилавӣ  ҳастанд, ки ба пайдоиш ва рушди зӯроварии хонаводагӣ таъсир мерасонанд.

Зӯроварии оилавиро метавон бо ташкили лексияҳо, семинарҳо, суҳбатҳои инфиродӣ пешгирӣ кард. Бояд тамоми шаҳрвандони солимфикру соҳибфарҳанг ва бомаърифату тандуруст зӯровариро сахт маҳкум намуда, дар оила ва ҷомеа ба ин амали нангину зишт ҳаргиз роҳ надиҳанд.

 

Ю.Ҳасанов,

ходими илмии шуъбаи

педагогика, психология ва

таҳсилоти фарогири Пажӯҳишгоҳи рушди

маорифи АТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш