Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгорон маоши худро пурра дастрас менамоянд

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 119        Шарҳ: 0

 

Дар маҷлисгоҳи раёсати маорифи вилояти Суғд ҷаласаи назди сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода баргузор гардид. Дар он муовини сардор, мудирони шуъбаҳои раёсат ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи вилоят иштирок намуданд. Мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳо бо тариқи онлайн суханронии сардори раёсатро шунида, фикру андешаи худро баён доштанд.

Сардори раёсат Осим Каримзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 6 май, таҳти рақами 1647 ба табъ расидааст, ҷалб намуд. Қайд гардид, ки мутобиқи ҳамин фармоиш (банди 18) раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф вазифадор карда шудааст, ки музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимиро бо назардошти пардохти иловапулиҳо дар давраи муваққатан боздоштани раванди таълим ва маблағгузории рухсатии меҳнатии навбатии кормандони муассисаҳои таълимӣ тибқи тартиби муқарраргардида муайян намояд.

Яъне имрӯз пайдо гардидани ҳангомаҳо дар мавриди пардохт нагардидани музди маоши омӯзгорон дар давраи муваққатан боздоштани раванди таълим асоси воқеӣ надорад. Омӯзгорон чун ҳарсола дар вақти муқарраргардида ба рухсатии меҳнатӣ мераванд ва 17 август тибқи протоколи ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди таълим оғоз мегардад.

Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мӯсобек Мироватов пешниҳод намуд, ки дар ин шабу рӯз ҳамкории раисони иттифоқи касаба ва мудирони шуъбаҳои маориф тақвият дода шавад. Дар сурати пайдо гардидани саволҳои иловагӣ омӯзгорону кормандони соҳаи маориф метавонанд ба раисони иттифоқи касабаи маорифи шаҳру ноҳияҳо оид ба ин ё он масъала муроҷиат намоянд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш