Нашрияи Омӯзгор

Пешгирӣ аз СOVID-19 дар Панҷ

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 115        Шарҳ: 0

 

- Бо мақсади пешгирӣ аз вируси нави covid-19 ҳамарӯза дар муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳо ва муассисаҳои томактабӣ корҳои санитарӣ – профилактикӣ, аз қабили бо маҳлули хлор шустани синфхонаҳо, роҳҳои дохили муассисаҳо анҷом дода мешаванд, - гуфт Мавлуда Боймуродзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ.

Мавсуф илова намуд, ки дар соли таҳсили 2019 - 2020 дар ноҳия 52 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 литсейи давлатӣ, 1 гимназия, 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва маркази рушди истеъдодҳо, маркази таҳсилоти иловагӣ, маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар фаъолияти худ ба масъалаи ҳолати санитарӣ ва тозагӣ доиман диққати аввалиндараҷа зоҳир намудаанд. Бо ҳамаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия семинари омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба тарзи дурусти риояи тозагӣ, санитарӣ гузаронида шудааст. Ин аст, ки имрӯзҳо дар ин росто кор ба таври даркорӣ ба роҳ монда шудааст.

М. Боймуродзода изҳор дошт, ки дар давраи таътили хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ, байни хонандагон ва падару модарони онҳо тақсим намудани огоҳномаҳо оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid - 19 идома дорад.               

С.АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш