Нашрияи Омӯзгор

Дарс бояд комил бошад

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 141        Шарҳ: 0

 

Пӯшида нест, ки фаъолияти омӯзгорони мактабҳо алҳол бештар аз рӯи сифату самараи таълим баҳо дода мешавад. Чаро?

Ин нишонаи масъалаи тарбияро дуюмдараҷа шуморидан аст, ки ҳаргиз раво нест.

Таассуфовар он аст, ки омӯзгорон ба таври бояду шояд дарк карда наметавонанд, ки дарс дар ҳамон сурат тавозуни комил пайдо мекунад, ки таълим бо тарбия ба таври мувозӣ ба роҳ монда шавад. Ҳанӯз ҳам дар соҳаи маориф меъёрҳои баҳогузории объективӣ ва муайянкунандае, ки дараҷаи тарбияи гирифтаи толибилмонро нишон дода тавонад, нестанд. Ҳамарӯза алоқамандона ба вазифаи омӯзгории худ, бо намояндагони макотиби гуногун ҳамсуҳбат мешавам. Мушоҳида менамоям, аз талаботҳои бамиёнгузоштаи Консепсияи миллии тарбия осоре басо нокифоя пай мебарам. Ин стереотип (анъанаи куҳна) аст, ки онро дар макотиби гуногуни айёми Шӯравӣ низ баръало медидем.

Ба тасвиб расидани «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки амри воқеист, на танҳо мувофиқат ба гуфтаҳои Коменский, балки талаботи асри нав аст. Кӯшиш ва собитқадамӣ аз ҷумлаи мазмунҳое мебошанд, ки аз Консепсия бармеоянд. Оё ҳар як толибилми фаразан, синфҳои болоӣ ё хатмкардаи мактабҳо чунин сифатҳоро дорад? Ё ақаллан, дурустию муҳиммияти ин масъалаҳоро тасдиқ карда метавонад?

Алоқамандона ба ин, пешниҳоде дорам, ки ба доираҳои босалоҳияти тасдиқкунандаи китобҳои дарсии адабиёти мактаби миёна дахл дорад: мазмун ва муҳтавои мавзӯъҳои интихобшуда ё асарҳои барои омӯзиш пешниҳодшуда аз нав дида баромада шаванд.

Бояд дар назар дошт, ки адабиёти классикии мо контрастӣ (пуртазод) аст. Он дар гузашта ба ягон идеологияи мушаххас такя намекард. Адибон мувофиқи сатҳи фаҳмиши худ, таҷрибаи аз ҳаёт бардоштаашон ё таҳсили дар мадрасаҳо ҳосил кардаашон оиди ҳаёт, арзишҳои башарӣ ва воқеият хулосабарорӣ мекарданд. Албатта, муҳаққиқони адабиёт бар онанд, ки «ба адибон на аз рӯи он баҳо медиҳанд, ки барои имрӯзиён чи хизматҳо кардаанд, балки дар замони худ чӣ хидматеро ба ҷо овардаанд». Аз ин лиҳоз, мо нисбат ба классикон эътирозе надорем, балки интихоби мавзӯъҳои омӯхташаванда ва дар баъзе мавридҳо шарҳу тафсири асарҳо аз нав дида баромада шаванд. Охир, ҳанӯз ҳам ҳамон чизҳое дар китобҳои дарсӣ омӯзонда мешаванд, ки ба идеологияи замони Шӯравӣ рост меомаданд.

Дар асарҳои адабиёти классикии тоҷик дар аксар ҳолат муҳтаво - рӯҳафтодагӣ аз нобасомониҳои ҳаёт ва оҷизӣ пеши «маъшуқ» (хоҳ аслӣ бошад, хоҳ маҷозӣ) аст. Саволе ба миён меояд, ки агар дар шуури хонандагон ҳамин «рӯҳафтодагӣ ва оҷизӣ»-ро ҷой намоем, пас чӣ гуна насли комили имрӯза ва ояндасози ҷамъиятро тарбия менамоем?

Қобили тазаккур аст, ки дар адабиёти классикӣ асарҳои арзишманди рӯҳбаландкунанда ва дархӯри ҷомеаи имрӯзии мо низ кам нестанд. Масалан, байте аз Хоҷа Ҳофизи лисонулғайб:

Даст аз талаб надорам, то

коми ман барояд,

Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон

зи тан барояд.

Ё худ, баъзе намунаҳо аз дигар адибон:

Ҳиммат баланд дор, ки

мардони рӯзгор

Аз ҳиммати баланд ба ҷое

расидаанд.

Мисоли дигар:

Рӯзӣ насиби кас ба

нишастан намешавад,

Бояд чу осиё зи пайи обу

дона рафт.

Фирдавсии Ҳаким бо тасвир кардани саҳнаи алайҳи Заҳҳоки морон бархостани Коваи оҳангар кӯшишу собитқадамиро барои ҳимояи идома ёфтани насли башар нишон додааст.

Чунин ақоид дар сар то сари адабиёти тоҷику форс вуҷуд доранд. Масалан, аллома Иқбол дар доманаи кӯҳсорони Ҳиндукуш тарафдори кӯшишу собитқадамист:

Мешавад пардаи чашмам

пари коҳе гоҳе,

Дидаам ҳар ду ҷаҳонро ба

нигоҳе гоҳе.

Дар талаб кӯшу мадеҳ

домани мақсуд зи каф,

Давлате ҳаст, ки ёбӣ сари

роҳе гоҳе.

Агар дар шуури хонанда ин фикрро ҷой кунем, ки пайваста ва монда нашуда хонед, олиму доно мешавед, аз ноомадиҳо натарсида чора ҷӯед, ба ҳадаф, албатта, мерасед, дар эшон эҳсоси кӯшиш ва собитқадамӣ пайдо мешавад. Вагарна онҳо таҳти таассуроти мардуми бебарору рӯҳафтодашуда мемонанд.

 

Шехмирзо РАҶАБӢ,

омӯзгори педагогикаи

коллеҷи омӯзгории

ноҳияи Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш