Нашрияи Омӯзгор

 Салом, эй ҷовидона!

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 213        Шарҳ: 0

 

Ҷон будию рафтӣ, зиндаям, ҳайронам,

Дар васлу видои ҷону тан сарсонам.

Бо ашк марез пок дар домани хок,

Бо ханда марав ту аз лаби хандонам.

Муъмин Қаноат

***

То задам пай, соати паймон гузашт,

Тири Кайвон аз дили кайҳон гузашт…

Лоиқи шоистаи даврон куҷост?

Шоири фархундаи даврон гузашт…

Эй Худо, оинаи миллат шикаст,

Рӯй бе рӯ монд, ҷон аз ҷон гузашт…

Маргу Лоиқ? Ин чӣ тасвири шигифт?!

Зиндагии ӯ ба ҷовидон гузашт.

Камол Насрулло

***

Нубуғи шоирӣ мурдан надорад,

Биҳишт андуҳи афсурдан надорад.

Салом, эй рафтанат ташрифи дигар,

Салом, урдубиҳишти тозаву тар!

Салом, эй Лоиқи имрӯзу фардо,

Салом, эй шоири хуршеду дарё.

Фарзона

***

Эй «Марди роҳ», ки «Хонаи чашм» аст ҷои ту,

«Ном»-е накуст дар «Варақи санг»-ҳои ту.

Лоиқ куҷост?«Хонаи дил» бар салои ту,

Сад чашм роҳ шуд, ба маҷлис биёӣ ту,

Соғар тиҳист бе ту, сари хон наомадӣ.

Салими Хатлонӣ

***

Фалак ворунатабъ ар менабудӣ,

Намебинмуд қасди ҷони Лоиқ.

Сиришк аз дида дорам ман ба ёдаш,

Ба дастам дафтару девони Лоиқ.

Салими Зарафшонфар

***

Аз Зарафшон зари сухан овард,

Бар сари ошиқон нисор намуд.

Форсии бузургро Лоиқ,

Рӯдакивор зарнигор намуд.

 

Ошиқиро ба содиқон бинмуд,

Содиқиро ба ошиқон бинмуд.

Лоиқиро ба шоирон омӯхт,

Шоириро ба лоиқон бинмуд.

Ато Мирхоҷа

***

Дар доғи ту нола аз Бадахшон ояд,

Аз санг садои оҳи сӯзон ояд.

Эй вой, дареғову дареғову дареғ,

Кай Лоиқи дигар аз Зарафшон ояд?!

Ширин Бунёд

***

Дигар акнун аз «Сари сабз»-аш ҷудо мондем мо,

Бо сари пурғуссаи нохунзудо мондем мо!

Меравад киштии шеъру шоирӣ сусту гарон,

Дар миёни баҳри ғам бенохудо мондем мо!

Асрори Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш