Нашрияи Омӯзгор

Неруи заволнопазир

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 119        Шарҳ: 0

 

(Ҳикояи воқеӣ)

Савора қариби шом вориди деҳа шуд. Ин ҳангом деҳа маъмулан серодам аст: гурӯҳе аз дашту саҳро, аз киштзору боғҳо бармегарданду иддае ба истиқболи рама барои дарёфти гову молашон мебароянд ва чанде дар суроғи шахси корафтодаашон мешаванд… Савора дар сар саллаи хурд дошт, рухсораҳои сурхгуни барҷастааш офтобхӯрда буданд, ҷуссаи бузург, китфони васеъ ва сари синаи барҷастааш ӯро дар дидаҳо ба гунаи паҳлавоне ҷилвагар мекарданд. Аспи бӯри босалобате зери рон дошт.

Ӯ дар маркази деҳа ҷилави асп кашиду ба чанд тан назар афканд ва  ниҳоят, якеро, ки солманду хушсурат менамуд, баргузиду салом дод ва арзи ҳол кард:

-Ман даҳмарда аз Ӯзбекистон, аз деҳаи ҳамсарҳад. Дирӯз шабона рамаамонро аз ҳудуди деҳаи шумо гузаронда будем. Як гӯспанди калонамон гум шудааст. Дар ҷустуҷӯи ҳамонам. Шояд дар деҳаи шумо монда бошад…

Мухотаби савора бо чеҳраи кушод ва самимона ба савора муроҷиат намуд:

-Бародар, дар музофоти мо  касе бар моли касе дасти тамаъ дароз намекунад. Шояд гӯспанди шумо ба ҳотае, ба алафзоре даромада ё тасодуфан ба монеае дучор омада бошад. Рӯз бегоҳ шуд, дигар идомаи ҷустуҷӯятон беҳуда, бозгаштатон низ. Ҳоло ба меҳмонхонаи ман меравем, маслиҳат мекунем, илтимос, не нагӯед, шабона сафар кардан (боз дар танҳоӣ) хосият надорад.

Савора андаке ба андеша рафту пасон ба нишони ризоият аз асп фуруд омад ва бо ишораи ҳамсуҳбаташ - бобои Шоҳин сӯи бинои хоксоронае равона шуд. Пас аз соате меҳмонхонаи бобои Шоҳин пуродам гардид. Ҳама бо эҳтиром ба меҳмон, ки ӯзбекзабон буду забони тоҷикиро хуб медонист ва Ӯткирбой ном дошт, салом медоданду бародарвор ба оғӯшаш мекашиданд ва гӯё кайҳо боз ошно бошанд, хеле боҳавсала  ҳолу аҳволпурсӣ мекарданд.

Расми деҳа ҳамин; чун огаҳӣ дарёфтанд, ки дар хонае меҳмоне омадааст, аксаран бидуни хабар ноне ё косае хӯроке рӯи даст гирифта, озими он хона мешаванд, то меҳмон танҳо  намонад, зиқ нашавад.

Шом ҳам фаро расиду дар меҳмонхонаи бобои Шоҳин суҳбат тафсид. Сухан асосан аз боби дӯстиву рафоқат, бародарию ҳамсоягиву ҳамқисматии тоҷикону ӯзбекон ба миён омада буд. Ҳама мегуфтанд, ки ин ду халқ чун гӯшту нохун ба ҳам пайваст шудаанду дар шодию сурур, дарду ғам, дар ҳама гуна ҳолат дар паҳлуи ҳамдигаранд, якдигарро дастгирӣ мекунанд. Аз аҳли нишаст ҳар яке мехост сухане аз ин боб бигӯяд. Нафаре аз ҳикмати «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт» ёдовар мешуду дигаре мақоли «Дӯстиро набувад заволе»-ро ба забон меовард, савумӣ ҳадисеро аз боби дӯстӣ бо далелҳои  ҷолибу муассир тафсир мебахшид.

Аз таваҷҷуҳу нигоҳу ифодаи чеҳраи Ӯткирбой ҳувайдо буд, ки барояш хеле писанду гуворост муҳтавои суҳбати аҳли нишаст. Замоне гоҳ-гоҳе шоиру нависандагон,  аҳли хирад ба бошишгоҳҳои саҳроӣ омада, бо даҳмардаҳо ин гуна суҳбатҳо меоростанд.

Бобои Шоҳин яке хитоб ба ҳамагон кард:

-Ӯй бародарҳо! Ин чӣ беҳурматӣ, о, ба меҳмон ҳам имкони сухан гуфтан диҳед, охир! Бечора, талабаи мактаб барин гӯшу ҳуш шуда нишастааст.

Ӯткирбой қоҳ-қоҳ хандид ва арзи сипос карду ёдовар аз ҳодисае шуд.

-Дар бағали кӯҳсор, дуродур аз маҳалҳои зисти одамон рама мечарондем. Се тан даҳмарда будем. Рӯзе як ҳамроҳамон бемор шуд, тафсаш батадриҷ боло рафт, базӯр ҳарфе ба забон меоварду пайваста нолиш мекард. Чун давое бо худ надоштем, ҳаросон шудем, ба таҳлука афтодем. Кор ба дараҷае расид, ки аз рафиқи беморамон умедамонро кандем. Яке сагҳо ба ак-ак оғозиданду ба ҷонибе тохтанд. Ман аз паси онҳо шудам. Аз дур ҷуссаи марде ба чашмам намуду сагҳоро ором кардам. Он мард сайёд будааст. Истиқболаш гирифтаму як пиёла чой мурооташ кардам. Таваҷҷуҳ ба бемори мо бинмуду наздаш омад, гирифту гӯё набзаш санҷид, ба умқи даҳонаш хеле назар афканд. Даст ба қафаси сина, гардану пешонии бемор гузошт ва каме банди андеша монду ба ин сӯву он сӯ нигарист ва ниҳоят, ба ҷониби марғузоре рафт.

Пас аз фурсате чанд бандча гиёҳи гуногун дар даст баргашту ба ман гуфт: -Ӯткирбой, зуд оташ гиронеду дег монед ва ин алафҳоро дар чор-панҷ дӯлча об ҷӯшонеду се рӯз як соат пас андак-андак ба бемор хӯронед. Худо хоҳад, шифо меёбад.

Соате пас сайёд, ки тоҷикписар буду Шодком ном дошт, аз назди мо  рафт. Ман зуд аз паи иҷрои фармудаҳои ӯ шудам. Ба хурсандии мо, пас аз се рӯз бемор ба по хест, шукри Худованд мекард, ки он тоҷикписари дилсӯзу бохирад-ро ба имдодаш фиристода. Аз ман гиламанд шуд, ки нишонии ҷавони шифобахшашро напурсидаам. Ман таскинаш додам, ки ӯ сайёд асту мо даҳмарда; замоне дар ин кӯҳу пуштаҳо боз ба дидори якдигар хоҳем расид. Ҳамину ҳамон чанд сол аст, ки чун дар кӯҳсор  сайёдеро аз дур мебинем, ҳамроҳамон зуд ба истиқболи ӯ мешитобад, ба умеди он ки ҳамон тоҷикписари наҷотбахшаш бошад…

Ӯткирбой ҳикояташро ба таври хеле муассир ҷамъбаст кард: -Дӯстони азиз, ман ҳоло суҳбати гарму самимию меҳрбори шуморо мешунаваму дар симои ҳар яке аз шумо нишоне аз Шодком дармеёбам ва гумонам, ки он сайёди тоҷик ин ҷо байни мо ҳузур дорад.

Ин ҳикояти ҷолибу хулосаи аҷиби Ӯткирбой маҳфили аҳли меҳмонхонаро вусъат бахшид ва ҳамбаста бо он чанде аз ҳозирон дар ҳошияи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ҳикояву ёдвораҳое гуфтанд, ки яке аз дигаре ҳикматбортару омӯзандатар буданд.

Боз бобои Шоҳин инони сухан ба даст  гирифту рӯ ба Суҳроб-муаллими суруди мактаби деҳа овард:

-Ҳа, устод, чаро хомӯшед? О, худатон «Дило, аз дӯстӣ шеъру ғазал хон» мегуфтед-ку! Канӣ, барои меҳмони азизи мо як суруди дилошӯб ҳадя кунед, ки солҳо аз ёдашон наравад.

Зуд дутореро, ки дар мехи болори канории меҳмонхона овезон буд, рӯи дасти муаллим гузоштанд. Ӯ ба ҳукми анъана каме захма ба дутор заду оҳанг ҷӯр кард ва рӯ ба меҳмон оварда,  ба замзама оғозид.

Ӯзбекистон ӯғлидурман,

таджиким гуфто писар,

Рост гӯям, ҳар якеро

севгилидур жон қадар…

Бисёр рӯҳнавозу дилошӯб месароид муаллим, мусиқиаш ҳам хеле муносиб, тақвиятбахши суруд. Нишастро гуворотар, мукаммалтар кард бо ҳунари волояш Суҳроб. Чун суруд ба фарҷом расид, Ӯткирбой пеш аз ҳама таҳсин гуфт муаллимро ва ёдовар шуд, ки ин суруди меҳрпайвандро аз радиои «VEF» -аш дар оғӯши кӯҳсорон дар иҷрои ҳофизи мумтоз, сарояндаи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек Ҷӯрабеки Мурод борҳо шунидаву лаззат бурдааст.

Ба ин минвол, суҳбату зиёфат дар ҳузури даҳмардаи ӯзбек то дер давом карду танҳо пас аз таъкиди бобои Шоҳин- «меҳмон хаста шудаанду бояд истироҳат кунанд», - ҳама як-як бо ӯ хайрухуш карда, барояш хоби хушу бароҳат орзу намуда, ба хонаҳояшон баргаштанд.

Бобои Шоҳин низ ба меҳмон хоби бароҳат хосту иброз дошт:

-Осудаву бароҳат чун дар хонаи худатон бихобеду фориғ аз ҳама гуна андеша бошед. Ба шумо паём бояд расонам, ки гӯспанди гумгаштаатон ёфт шуд. Дар он муддате, ки мо суҳбат доштем, бригадири деҳаамон ҳафт-ҳашт ҷавони чолоку баҷуръатро фармуд, то ҳама ҷоро ҷустуҷӯ кунанд. Гӯсфандатонро аз паси хирмани алафи саройи колхоз ёфтаанд, ҳоло дар оғили мост. Аз аспатон ҳам хавотир нашавед, обу дону алафаш таъмин.

Ӯткирбой бо табассум чизе зери лаб гуфту кӯрпа ба рӯ кашид…

Субҳи барвақт меҳмон аз хоб хесту дар саҳни ҳавлӣ бобои Шоҳинро дид ва ба наздаш омада, хоҳиш кард:

- То дасту рӯй шустани ман панҷ-шаш ваҷаб ресмон тайёр кунед.

Мӯйсафед дар ҳайрат монд ва ба ҳар ҳол, хоҳиши меҳмонро иҷро кард.

-Акнун гӯспанди маро аз оғил берун кашед, - ресмон дар даст хоҳиш  кард Ӯткирбой.

Бобои Шоҳин гумон кард, ки меҳмон гӯспандро ба дарахте хоҳад баст, вале ин тавр нашуд. Чун Ӯткирбой гӯспандро ба даст овард, чобукона ба паҳлу хобонд ва чор пояшро ба ҳам оварду баст, аз ғилофи миёнбандаш кордеро берун карду ба гулуи ҷонвар кашид.

Ин амал он чунон тезутунд ба вуқӯъ пайваст, ки бобои Шоҳин дар ғафлат монд ва танҳо аранге садо аз гулуяш берун шуд:

-Ин чӣ кори кардаат, меҳмон?!

Ӯткирбой моҳирона гӯспандро пӯсту пора кард ва аз бобои Шоҳин, ки ба қавле, кунду карахт ба ҳаракатҳои меҳмон дида дӯхта буд, хоҳиш кард: -Ман ин гӯспандро ҳадяи дӯстон намудам. Суҳбати имшабаашон, дастархони саховатборашон мафтунам кард. Илтимос, ин гӯштҳоро ба қисматҳои баробар тақсим карда, ба хонадони дӯстони ман - ҳамдеҳагонатон ҳадя намоед. Муаллим Суҳробро ҳам фаромӯш накунед. Бар ивази ин гӯспанд ба соҳибаш аз моли ҳалоли худ ду гӯспанд ҳадя хоҳам кард.  Ман як гӯспанд гум карда, он қадар дӯстони самимӣ пайдо кардам, ки ба ивази як рама дарёфта наметавонистам. Имшаб мо рӯҳи поки Ҷомию Навоиро шод кардем…

Аз ин суханони Ӯткирбой бобои Шоҳин ҳам шукуфтахотир гашту ҳам дар ҳайрат монд ва ин ҳолат ҳастиашро бештар фаро гирифт, чун ҳангоми хайрбод меҳмон аз хонаи зин ба забон овард:

-Худо хоҳад, боз дидор хоҳем диду шодмониҳо хохем кард. Ман дар мактаб хуб таҳсил доштам ва ёдам ҳаст, ки боре муаллимамон аз боби дӯстӣ ҳикоят карда, як байти устод Рӯдакиро ҳам ба забони ӯзбекию ҳам ба забони тоҷикӣ далел оварда буд, ки нақш дар хотирам бастаасту имшаб онро борҳо зери лаб такрор кардам ва ҳоло ба ҷои дуои роҳ ба забон меорам бо ду забон:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

***

Жаҳоннинг шодлиги йиғилса

бутун,

Дӯстлар дийдоридан бӯлолмас

устун.

Ба гусели Ӯткирбой чанде аз онҳое, ки дар суҳбати шабона ҳузур доштанд, ҳозир шуданд ва ба эътирозаш эътиборе надода, ду чашми хӯрҷинашро пур аз ҳадяҳо карданд…

***

Ин воқеаро ба ман чанде пеш бобои Шоҳин, ки ҳоло умраш ба сад наздик расидааст, нақл кард. Гуфт, ки он солҳои 70-уми садаи бист рух додааст. Мӯйсафеди рӯзгордида нақлашро чунин хотима бахшид:

–Ҳамин шаб дар оинаи нилгун намоиш доданду эълон карданд, ки ба Тоҷикистон аз халқи бародари ӯзбек ҳамчун мадад ба рағми вабо ба  миқдори зиёд ашёи муфиду зарурӣ дастрас шудааст. Ин иттилоъ дар хотирам ҳамин ҳодисаеро, ки нақлаш кардам, рӯшан намуд. Воқеан ҳам, дӯстӣ неруи тавоност, заволнопазир аст, ҷовидонист.

 

Абдурауф Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш