Нашрияи Омӯзгор

Бунёди мактаби байналмилалии «Орион» дар Исфара

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 139        Шарҳ: 0

 

Ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба сохтмони бинои мактаби байналмилалии «Орион» бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва соҳибкорони маҳаллӣ Исроил ва Нарзулло Ӯлмасовҳо санги асос гузошта шуд.

Мактаби байналмилалии «Орион» барои 1600 нафар хонанда дар ду баст бунёд гардида, аз се ошёна, таҳхона, 40 синфхонаи таълимӣ, ҳавзи шиноварӣ, толори замонавии варзишӣ ва дигар инфрасохтори муосири таълимӣ иборат хоҳад буд.

Мактаби мазкур бо маблағи 30 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар он 60 нафар бинокор ба кор ҷалб шудаанд. Корҳои сохтмонӣ моҳи августи соли 2021 ба охир хоҳанд расид.

Раиси вилоят ба муассисон тавсия дод, ки барои 200 нафар хобгоҳ низ бунёд намоянд, зеро дар ин мактаби замонавӣ аз дигар минтақаҳои мамлакат низ хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш