Нашрияи Омӯзгор

Сарчашмаи хушбахтиҳо

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 91        Шарҳ: 0

 

Китобҳо барои башарият мисли хотираи одаманд. Дар онҳо таърихи мо, кашфи ҳақиқати рӯзгор, донишу таҷрибаҳои дар давоми қарнҳо андухтаи одамон дарҷ гардидааст.

Масали қадимаи шарқӣ дар бораи ду шахс ривоят мекунад: яке шоҳ буду ҳар шаб хоб медид, ки фақир аст; дигаре фақир буду ҳар шаб хоб медид, ки подшоҳ асту дар қаср зиндагӣ дорад. Ба андешаи ман, шоҳ хушбахт набуд. Тасаввурҳо гоҳо аз воқеият зиндатаранд. Китоб хонда, мо метавонем (агар хоҳем) на фақат шоҳ гашта, дар қасрҳо зиндагӣ кунем, балки ба баландтарин қуллаҳо бароем.

Чунон ки баён кардем, бештари одамон беҳтарин лаззати зиндагиро дар танҳоӣ бо китоб дидаанд. Эскем дар китоби «Устод» вохӯрии худро бо хонум Ҷейн Грей ба таври аҷиб нақл мекунад. Ӯ хонумро дар назди тиреза мебинад, ки машғули хондани қиссаи Афлотун дар бораи марги Суқрот аст. Аҳли хонаводааш дар беша машғули шикоранд ва аз тирезаи кушода садои сагҳои шикорӣ ба гӯш мерасад. Муаллиф ҳайрати хешро баён мекунад, ки чӣ гуна хонум худро аз ин машғулияти ҳавасангез маҳрум кардааст. «Шумо чиҳо мегӯед, – ҷавоб медиҳад духтар, – ҳама корҳои онҳо дар он беша танҳо сояи хираи кайфияти мананд, ки аз хондани ин қиссаи Афлотун эҳсос мекунам»...

Дар мактуби пурмуҳтавояш барои як духтарбача Маколей навиштааст: «Ташаккур барои номаи самимият. Ман ҳамеша аз он хурсандам, ки муҷиби шодию фараҳи духтаракам бошам; боз бештар аз он шод мешавам, агар донам, ки ӯ китобҳоро дӯст медорад; агар ӯ ба синну соли ман расад, хоҳад донист, ки китоб аз кулчақанду самбӯса бомаззатар, ҳавасангезтар аз бозию бозичаҳост ва дилангезтар аз тамоми саҳнаҳои тамошоии дунёст. Агар ба ман таклифи подшоҳӣ мекарданд, соҳиби кушку қасрҳо, боғҳо ва ғуломону канизон мешудам, беҳтарин ғизоҳоро омодаам мекарданд, беҳтарин шаробҳоро бароям медоданд, дар ҷойхобҳои нарму гарм мехобондандам, либосҳои шоҳонаам мепӯшонданд, ба як шарт, ки ман китоб нахонам, ман ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешудам. Розиям фақир бошаму дар чортоқ зиндагӣ кунам, аммо китоби бисёр дошта бошам, то ин ки шоҳ бошаму китобхона надошта бошам.

Ҳаққо, ки китобҳо кулбаи фақиронаро ба қасри маъниҳо табдил медиҳанд. «Аз рӯи Парнас нисбат ба тахт дуртарро хоҳӣ дид», – таъкид кардааст Жан - Пол Рихтер. Китобҳо нисбат ба воқеият эҳсосоти зиндатареро медиҳанд, гоҳо акс аз асл зеботар аст. «Ҳама оинаҳо ҷодуиянд, – мегӯяд Ҷорҷ Макдоналд, – акси хонаи одитарин дар оина мисли гӯшаи шоирона метобад.

Агар китобе ба шумо шавқовар набошад, дар накуҳиши муаллиф нашитобед. Хонда тавонистан ё ҳунари мутолиа ин аст санъати асил. «Китобҳо, – мегӯяд Эскем, – дар як сол моро нисбат ба таҷрибаи бистсолаамон бештар меомӯзонанд, ғайр аз ин, китоб таҷрибаю донишро барои шумо бе ягон осебу дард меомӯзад, дар ҳоле ки таҷрибаи рӯзгор бисёриҳоро бадбахт мекунад, на ин ки хирадманд. Мо таваккал  намуда, пештар аз он ки боақлу хирадманд шавем, рӯҳан маъюб мешавем. Нохудое, ки борҳо шикасту ғарқшавиҳоро дида, акнун бинову ботаҷриба шудааст, ҳеҷ гоҳ мавриди ҳасаду ҳаваси мо намегардад ё бечора тоҷире, ки баъди чандин касодшавӣ сарватманд гаштааст. Донише, ки аз роҳи таҷриба ба даст меояд, бениҳоят гаронарзиш аст».

Интихоби китоб мисли интихоби дӯст корест бас душвор. Мо барои он чи мехонем, мисли барои он чи мекунем, масъулем. Барои он ки аз китоб бештар лаззат барем, ман ҳоло дар бораи манфиат намегӯям), мо бояд барои маърифат хонем, на барои дилхушӣ.

«Одамеро тасаввур кунед, ки бо тамоми ҳастӣ бо муаллифи маҳбуби хеш, шояд он мутааллиқи асри дигар ва фарҳанги дигар, ки комилан мутафарриқ аз мо бошад, ҳамсуҳбат аст. Масалан, ӯ «Ҳимояи Суқрот»-и Афлотунро мехонад ва тасвири зиндае бо тамоми обу рангҳояш дар тасаввури ӯ падидор мешавад: суди панҷсад, архитектураи юнонӣ, анбуҳи афинагиҳои пурғавғо, Мелети хунхор, ҳасудони пурғазаб, дӯстони содиқи файласуф ва дар миёнаи ин ҳама – пирамарде бо либосҳои жанда, бечорае, ки он пӯшокро тобистону зимистон ба тан дорад. Шояд зоҳири ӯ омиёна намояд, аммо дар нигоҳаш мардонагию виқор мушоҳида мешавад, ки бузургтарин ҳунарманд ҳеҷ гоҳ аз уҳдаи бозидани ин нақш намебарояд. Шумо садои қозии бераҳмро мешунавед: « Ин мард ба марг маҳкум мешавад.Бигзор чунин бошад. Акнун хонанда ба он ҷои муассиру ҳассосе расидааст... Агар хонандаро дар он лаҳза аз хондан мунсариф намекарданд, ӯ беҳтарин дақиқаҳои ҳаловату кайфиятеро эҳсос мекард.»

Ҳар одаме, ки соате бо китоби шавқовар вақташро мегузаронад, хубтару хушбахттар мешавад, на танҳо ҳангоми хондани китоб хотираву ёдҳои нек, афкори хайр бо мо мемонанд, балки ҳар гоҳ ки мо хостем, дубора онҳоро зинда мегардонем.

Таҳияи

Назар Одинаев,

омӯзгори собиқадор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш