Нашрияи Омӯзгор

Писари аробакаш

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 133        Шарҳ: 0

 

Чун ҳарвақта аз кор баромада, сӯи варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ равон шудам. Кӯчаҳои марказии шаҳр мисли ҳарвақта пуродаму дар роҳҳои асосии шаҳр танбашавии нақлиёт ба назар мерасид. То мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Давлаталӣ Шабдолови шаҳр расида, назарам ба чанд тан аз мактаббача афтод, ки баъди дарс дар назди мактаб ҷамъ омада, хонандаи хурдсолеро «писари аробакаш» номида, тамасхур мекарданд. Писарак дар ҷавоб чизе гуфт, ки  мактаббачагон ба ӯ дарафтоданд. Ҷавонону мардони калонсолтар зуд аз назди хонандагон гузашта, аз дур воқеаро тамошо мекарданд. Таҳаммули дидани ин манзараро накарда, монеи лату кӯби писарбача шудам. Тӯдаи мактаббачагон ғавғо бардоштанд ва такрор ба такрор мегуфтанд, ки чаро камина тарафи бачаи камбағал, бечизу чора ва писари аробакашро гирифта, ӯро аз ҳалқаи ҷазо раҳонидам? Охир, ӯ ҳам дар навбати худ гапгардонӣ карда буд!

Аммо баъди насиҳати бародарона мактаббачагон пароканда шуда, ҳар кадомашон роҳи хонаашонро пеш гирифтанд. Дунболи “писари аробакаш” рафта, аз ҳолу аҳволи ӯ пурсон шудам ва албатта, ба пурсише посух ҷустам, ки оё номбурда воқеан писари аробакаш ҳаст ё мактаббачагон ӯро танҳо мазоҳ мекарданд? Баъди чанде ба ман муяссар гардид, то бо ӯ гуфтугӯи озоду самимӣ намоям. Маълум шуд, ки мавсуф дар ҳақиқат, аз оилаи ниёзманд буда, падараш нуқси шунавоӣ дорад ва маҳз бо шуғли аробакашӣ хонадони худро таъмин мекунад.

“- Бовар мекунед, ака, зиндагиамон бе ин ҳам душвор аст. Модарам бонуи хонашин, бародарам донишҷӯ ва ду хоҳаракам хонандаи мактаб  мебошанд. Таъмини хонавода комилан бар дӯши падарам ҳасту бар замми ин, гурӯҳе аз толибилмон ва ҳатто, ҳамсолонам пайваста маро таҳқиру маломат мекунанд, ки гӯё падарам бенавою гунги аробакаш мебошад…

Ба чашмони ашколуди писарак назар андохта, ба фикр фурӯ рафтам. Гап сари он меравад, ки дар ниҳоди ин хонандагон чӣ касе тухми бадбинию адоват мекорад?! Наход, падару модар, наздикон, омӯзгорони мактаб боре ҳам мактаббачагонро аз дарси одобу ахлоқ ё инсонгарӣ баҳраманд насохта, худро аз муноқишаҳои дохилию берунии мактаб канор мегиранд? Бале, баъзеҳо бар онанд, ки дар чунин ҳолатҳо коре аз дасти онҳо намеояд.  Тақрибан ҳамарӯза падаронеро вомехӯрем, ки дар паскӯчаҳои шаҳр  рӯзи худро «кӯр» мекунанд ё бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ бори гарони хонаро бар дӯши бонувон партофта, солҳо ёде аз хонаву фарзандонашон намекунанд.

Баъдан писарбачаро таскин дода, гуфтам, ки ҳаёт бе мушкилӣ несту танҳо одамони таҳаммулпазир ва қавиирода мисли падараш сахтиҳои онро паси сар мекунанд. Ба қавле, “то ақлу ҳуш дар сар, бечорагӣ набошад”. Дар ҷаҳон кам одамоне нестанд, ки бе дасту по зиндагӣ карда, фаъолиятҳои наҷибро пеш мебаранд. Қатъи назар аз маъюбии хеш онҳо ба қуллаҳои баланди муваффақият расидаанд. Яке аз ин  афрод Ник Вуйчич мебошад, ки ӯро қариб тамоми олам мешиносад. Номбурда нависандаи маъруфи ҷаҳон, нотиқи забардаст ва рӯҳияшиноси бузурге ҳаст, ки ҳоло ҳам ба ҳазорҳо шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта кумак мерасонад. Бар замми ин, Н. Вуйчич яке аз падарони хушбахттаринест, ки ду писару духтарони дугоник дорад. Ӯ ба бемории ирсӣ, ки аз дасту по маҳрум мебошад, нигоҳ накарда, дар кишварҳои гуногуни олам тариқи баргузории чорабиниҳои ҳархела ёрирасони мардум аст. Инчунин, Оскар Писториус, зодаи Африқои Ҷанубӣ ва варзишгар аз рӯи намуди варзиши сабук, ки солҳои охир дар бозиҳои гуногуни Паралимпии ҷаҳон муваффақ шуда, ҳоло яке аз хушбахттарин инсонҳои дунё мебошад. Ё Кристи Браун, зодаи Ирландия, имрӯз аз маъруфтарин рассомони олам, танҳо бо ду ангушти пояш мусаввараҳоеро меофарад, ки дар ҷаҳони муосир ҳамто надоранд...

Баъди қиссаи яксоата рӯҳбаландии писаракро эҳсос кардам. Ӯ ба ман  рӯ оварда, бо шодмонӣ изҳор дошт, ки дар оянда мактабро тамом карда, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино месупорад ва аз мутахассисони хуб шуда, ба халқу Ватан хизмат хоҳад кард. Камина ҳам ин фикру орзуи неки писаракро  маъқул дониста, дар ин ҷода ба ӯ комёбиҳо орзу намудам.

Машҳур

Имомназаров,

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш