Нашрияи Омӯзгор

344 хонанда соҳиби  ҷойҳои ифтихорӣ шуданд

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 181        Шарҳ: 0

 

18-19 апрели соли 2020 барои хонандагони мактабҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғ, барои хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон, барои хонандагони мактабҳои вилояти Хатлон дар мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара ва барои хонандагони мактабҳои умумии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мактаби Байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ва номӣ баргузор гардид.

Дар олимпиадаҳои мазкур аз рӯи 13 фанни таълимӣ 945 нафар хонанда иштирок намуда, 344 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (53 медали тилло, 92 медали нуқра ва 198 медали биринҷӣ) гардиданд.

Аз рӯи натиҷаҳо хонандагони мактабҳои шаҳри Душанбе соҳиби 119 ҷойи ифтихорӣ (26 медали тилло, 30 медали нуқра ва 63 медали биринҷӣ), вилояти Суғд сазовори 99 ҷойи ифтихорӣ (15 медали тилло, 30 медали нуқра ва 54 медали биринҷӣ), вилояти Хатлон сазовори 81 ҷойи ифтихорӣ (8 медали тилло, 24 медали нуқра ва 49 медали биринҷӣ), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 32 ҷойи ифтихорӣ (4 медали тилло, 6 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ) ва ВМКБ сазовори 13 ҷойи ифтихорӣ (3 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ) гардиданд.

Тибқи низомномаи олимпиадаҳои мазкур, ғолибон бо дипломи дараҷаи 1, 2, 3, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд. Инчунин, барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар сурати мувофиқат кардани фан ба ихтисос мутаносибан соҳиби 100, 75 ва 50 бали иловагӣ мегарданд.

Иштирокдороне, ки дар даври чоруми олимпиада аз 90 то 100 холро ба даст меоранд, бо туҳфа, медал, дипломи дараҷаи 1 ва Тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегарданд ва ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар сурати мувофиқат кардани фан ба ихтисоси соҳаи омӯзгорӣ аз тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.

Эҳсон Сафарзода,

сардори маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш